Хуруҷ боби 18

Вохӯрии Мусо бо Йитрӯ; таъин намудани доварон.

  1. ВА Йитрӯ, коҳини Мидьён, падарарӯси Мусо, ҳар он чиро, ки Худо барои Мусо ва барои қавми Худ Исроил карда буд, яъне Исроилро аз Миср берун оварда буд, шунид.
  2. Ва Йитрӯ, падарарӯси Мусо, Сифӯра, зани Мусоро гирифт, баъд аз он ки варо гардонида фиристода буд,
  3. Ва ду писари ӯро, ки номи яке Ҷершӯн буд, зеро ки ӯ гуфта буд: «Дар замини бегона ғариб ҳастам»;
  4. Ва номи дигаре Элиозар буд, зеро ки ӯ гуфта буд: «Худои падарам мададгори ман аст, ва маро аз шамшери фиръавн раҳо кардааст».
  5. Ва Йитрӯ, падарарӯси Мусо, бо писарон ва зани ӯ назди Мусо ба биёбон омад, ки ӯ дар он ҷо, назди кӯҳи Худо ӯрду зада буд.
  6. Ва ба Мусо хабар дод: «Ман, падараруси ту Йитрӯ, бо занат ва ду писарат назди ту омадаам».
  7. Ва Мусо ба пешвози падарарӯсаш баромад, ва таъзим намуда, варо бӯсид, ва аз саломатии якдигар пурсупос кар-данд, ва ба хайма даромаданд.
  8. Ва Мусо ба падарарӯсаш дар бораи ҳар он чи Худованд ба фиръавн ва мисриён ба хотири Исроил карда буд, ва дар бораи ҳамаи душвориҳое ки дар роҳ ба онҳо рӯй дода ва Худованд онҳоро раҳонида буд, ҳикоят намуд.
  9. Ва Йитрӯ аз тамоми некие ки Худованд ба Исроил карда, онҳоро аз дасти мисриён раҳонида буд, шод шуд.
  10. Ва Йитрӯ гуфт: «Муборак аст Худованд, ки шуморо аз дасти мисриён ва аз дасти фиръавн раҳонидааст, ва ин қавмро аз зери дасти мисриён раҳо кардааст.
  11. Алҳол донистам, ки Худованд аз ҳамаи худоён бузург-тар аст, алалхусус дар бобати он зулме ки дар ҳаққи онҳо карда буданд».
  12. Ва Йитрӯ, падараруси Мусо, қурбонии сӯхтанӣ ва забҳҳо барои Худованд гирифт; ва Ҳорун ва ҳамаи пирони Исроил омаданд, то ки бо падарарӯси Мусо ба ҳузури Худованд нон бихӯранд.
  13. Ва фардояш чунин воқеъ шуд, ки Мусо биншаст, то ки қавмро доварӣ намояд; ва қавм назди Мусо аз субҳ то шом биистоданд.
  14. Ва падараруси Мусо ҳар он чиро, ки ӯ ба қавм мекард, дид, ва гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ту ба қавм мекунӣ? Чаро ту танҳо менишинӣ, ва тамоми қавм назди ту аз субҳ то шом меистанд?»
  15. Ва Мусо ба падарарӯси худ гуфт: «Зеро қавм назди ман меоянд, то ки аз Худо пурсон кунанд;
  16. Вақте ки дар миёни онҳо даъвое пайдо мешавад, назди ман меоянд, ва ман байни ҳар кас ва ёри вай доварӣ мекунам, ва фароизи Худо ва дастуроти Ӯро мефаҳмонам».
  17. Вале падарарӯси Мусо ба ӯ гуфт: «Он чи ту мекунӣ, хуб нест;
  18. Ҳам ту ва ҳам ин қавме ки бо ту ҳастанд, тамоман бе-маҷол хоҳед шуд; зеро ки ин кор барои ту гарон аст, худат танҳо наметавонӣ онро ба ҷо оварӣ;
  19. Алҳол ба овози ман гӯш деҳ, ман ба ту машварате медиҳам, ва Худо бо ту хоҳад буд: ту барои қавм ба ҳузури Худо бош, ва масъалаҳои онҳоро ба Худо бирасон;
  20. Ва фароизу дастуротро ба онҳо бифаҳмон; ва роҳеро, ки бо он бояд бираванд, ва кореро, ки бояд бикунанд, ба онҳо нишон деҳ.
  21. Ва ту аз миёни тамоми қавм мардони ҳалолкор, худо-тарс, мардони росткори аз тамаъ нафратдоштаро баргузида, бар онҳо таъин намо, то ки мириҳазорҳо, мирисадҳо, мири-панҷоҳҳо ва миридаҳҳо бошанд,
  22. Ва қавмро ҳар вақт доварӣ намоянд, ва ҳар масъалаи муҳимро назди ту оваранд, вале ҳар масъалаи камаҳамиятро худашон ҳал кунанд; ва бори ту сабук шуда, онҳо онро бо ту хоҳанд бардошт.
  23. Агар ин корро бикунӣ, ва Худо ба ту чунин амр фар-мояд, он гоҳ метавонӣ истодагӣ намоӣ; ва тамоми ин қавм низ ба макони худ ба саломатӣ хоҳанд расид».
  24. Ва Мусо ба овози падарарӯсаш гӯш дод, ҳар он чи вай гуфта буд, ба амал овард.
  25. Ва Мусо мардони ҳалолкорро аз миёни тамоми Исроил баргузида, бар қавм сардор, яъне мириҳазорҳо, мирисадҳо, мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо таъин намуд.
  26. Ва онҳо қавмро ҳар вақт доварӣ мекарданд, ҳар масъа-лаи мушкилро назди Мусо меоварданд, ва ҳар масъалаи кам-аҳамиятро худашон ҳал мекарданд.
  27. Ва Мусо падарарӯсашро равона кард, ва вай ба диёри худ рафт.

© IBT 1992

Оставьте комментарий