Якум Вақоеънома боби 9

Дар бораи сокинони Ерусалим ва Ҷибъӯн.

  1. ВА тамоми Исроил мувофиқи насабномаҳои худ қайд карда шуданд, ва инак онҳо дар китоби подшоҳони Исроил навишта шудаанд; ва аҳли Яҳудо барои гуноҳҳошон ба Бобил ҷалои ватан гардиданд.
  2. Ва касони аввалине ки дар шаҳрҳои худ дар амлокашон сокин шуданд, исроилиён, коҳинон, левизодагон ва тобеон буданд.
  3. Ва дар Ерусалим баъзе  аз  банӣ-Яҳудо, ва аз  банӣ-Биньёмин, ва аз банӣ-Эфроим ва Менашше сукунат доштанд:
  4. Утай ибни Аммиҳуд, ибни Омрӣ, ибни Имрӣ,  ибни Бонӣ аз писарони Форас ибни Яҳудо.
  5. Ва аз шилӯниён — нахустзода Асоё ва писаронаш.
  6. Ва аз банӣ-Зораҳ — Яуил ва бародарони онҳо, шаш-саду навад нафар.
  7. Ва аз банӣ-Биньёмин — Саллу ибни Машуллом, ибни Ҳӯдавьё, ибни Ҳаснуо;
  8. Ва Йибниё ибни  Ерӯҳом ва Эло  ибни  Уззӣ, ибни Микрӣ,  ва  Машуллом  ибни  Шафатьё,  ибни Рауил, ибни Йибниё,
  9. Ва бародарони онҳо, мувофиқи авлодашон, нӯҳсаду панҷоҳу шаш нафар, — ҳамаи ин мардон сарварони хонаво-даҳо дар хонадони падарҳошон буданд.

Дар бораи коҳинон.

  1. Ва аз коҳинон Едаъё ва Еҳӯёриб ва Ёкин,
  2. Ва Азарьё ибни Ҳилқиё, ибни Машуллом, ибни Содӯқ, ибни Мароют, ибни Аҳитуб, раиси хонаи Худо;
  3. Ва Адоё ибни Ерӯҳом, ибни Фашҳур, ибни Малкиё, ва Маъсай  ибни  Адиил, ибни Яҳзиро, ибни Машуллом, ибни Машиллемит, ибни Иммир;
  4. Ва бародарони онҳо, сардорони   хонаводаҳошон   — ҳазору ҳафтсаду шаст нафар, кн мардони далер дар масъалаи хизмати хонаи Худо буданд.

Дар бораи левизодагон.

  1. Ва аз левизодагон: Шамаъё ибни Ҳашшуб, ибни Азри-қом, ибни Ҳашабьё, аз банӣ-Марорӣ;
  2. Ва Бақбаққар, Ҳораш ва Ҷолол, ва Маттаньё  ибни Мико, ибни Зикрӣ, ибни Ософ;
  3. Ва Убадьё ибни Шамаъё, ибни Ҷолол, ибни Едутун, ва Боракьё ибни Осо, ибни Элқоно, ки дар деҳоти натӯфотӣ сукунат дошт.
  4. Ва дарбонон Шаллум ва Аққуб ва Талмӯн ва Аҳимон; ва бародарашон Шаллум сардор буд.
  5. Ва то алҳол онҳо назди дарвозаи шарқии подшоҳ, дарбонони бошишгоҳҳои хонадони Левӣ мебошанд.
  6. Ва Шаллум ибни Қӯрӣ, ибни Эбьёсоф, ибни Қӯраҳ, ва бародаронаш аз хонадони падараш, яъне қӯраҳиён, ки мутасаддӣ   бар   масъалаи   хизмат   ва  посбонони   остонаҳои хайма буданд, ва падаронашон мутасаддӣ бар ӯрдуи Худованд ва посбонони даромадгоҳи он буданд.
  7. Ва Финҳос ибни Элъозор пештар бар онҳо раис буд, ва Худованд бо ӯ буд.
  8. Закарьё ибни Машоламьё дарбонн дарвозаи хаймаи ҷомеъ буд.
  9. Ҳамаи онҳое ки барои дарбонии назди остонаҳо интихоб шуда буданд, дусаду  дувоздаҳ  нафар   буданд;   онҳо   дар насабномаҳо бар ҳасби деҳоти худ номбар шудаанд; онҳоро Довуд ва Самуили басир ба ин вазифа барои садоқаташон баргумошта буданд.
  10. Ва онҳо ва писаронашон бар дарвозаҳои хонаи Худо-ванд ва хонаи хайма барои посбонӣ таъин шуда буданд.
  11. Дарбон ба ҳар чор тараф: ба шарқ, ғарб, шимол ва ҷануб буданд.
  12. Ва бародарони   онҳо,   ки  дар   деҳоти   худ   буданд, навбат ба навбат бо онҳо ба мӯҳлати ҳафт рӯз меомаданд.

Эътибори махсуси левизодагон.

  1. Зеро он чор сардори дарбонон, ки левизодагон бу-данд, эътибори махсус доштанд, ва онҳо бар   ҳуҷраҳо  ва бар хазоини хонаи Худо баргумошта шуда буданд.
  2. Ва дар гирду пеши хонаи Худо шабро мегузарониданд, зеро ки посбонӣ бар зиммаи онҳо буд, ва онҳо калиддор буда, мебоист ҳар субҳ дарҳоро мекушоданд.
  3. Ва баъзе аз онҳо бар колои ибодат таъин шуда буданд, чунки онҳоро шумурда меоварданд, ва шумурда мебаровар-данд.
  4. Ва баъзе аз онҳо бар коло, бар тамоми колои муқаддас, ва бар орди маҳин ва шароб ва равған ва лебӯно ва атриёт таъин шуда буданд.
  5. Ва баъзе аз писарони коҳинон таркибҳои атриётро ба вуҷуд меоварданд.
  6. Ва Маттитьё аз миёни левизодагон, ки ӯ нахустзодаи Шаллуми қӯраҳӣ буд, бар кори ҳадияҳои рӯи тоба таъин шуда буд.
  7. Ва баъзе аз бародарони онҳо, аз писарони қаҳотиён, бар нони тақдим таъин шуда буданд, то ки онро барои ҳар рӯзи шанбе тайёр кунанд.
  8. Ва муғанниён, сардорони хонаводаҳои   левизодагон, дар ҳуҷраҳо аз машғулияти дигар фориғ буданд, зеро ки рӯзу шаб бо кори худ шуғл доштанд.
  9. Инҳо сардорони хонаводаҳои левизодагон буданд, ки сарварони авлодашон  буда,   дар Ерусалим сукунат   дош-танд.
  10. Ва дар Ҷибъӯн падари Ҷибъӯн Яиил сукунат дошт, ва номи занаш Маако буд.
  11. Ва писари нахустзодааш Абдӯн буд, ва сонӣ Сур ва Қиш ва Боал ва Нир ва Нодоб;
  12. Ва Ҷадур ва Аҳью ва Закарьё ва Миқлӯт.
  13. Ва Миқлӯт Шимъомро ба дуньё овард; ва онҳо низ, дар ру ба рӯи бародаронашон, дар Ерусалим бо бародарони худ сокин буданд.
  14. Ва Нир Қишро ба дуньё овард, ва Қиш Шоулро ба дуньё овард, ва Шоул Йӯнотон ва Малкӣ-Шуа ва Абинодоб ва Эшбоалро ба дуньё овард.
  15. Ва писари Йӯнотон Мериб-Боал буд, ва Мериб-Боал Микоро ба дуньё овард.
  16. Ва писарони: Мико: Фитӯн ва Молак ва Таҳриа.
  17. Ва Оҳоз Яъроро ба дуньё овард, ва Яъро Оломат ва Азмавт ва Зимриро ба дуньё овард, ва Зимрӣ Мӯсоро ба дуньё овард.
  18. Ва Мӯсо Бинъоро ба дуньё овард; ва писараш Рафоё, писараш Элъосо, писараш Осил.
  19. Ва Осил шаш  писар  дошт, ва ин аст номҳои  онҳо: Азриқом, Бухру ва Исмоил ва Шаарьё ва Убадьё ва Ҳонон; инҳо писарони Осил буданд.

© IBT 1992