Якум Подшоҳон боби 30

Довуд  аз  тороҷгарони  Сиқлоҷ  интиқом меситонад.

  1. ВА ҳангоме ки Довуд ва одамонаш дар рӯзи сеюм ба Сиқлоҷ расиданд, маълум шуд, ки амолеқиён ба ҷануб ва ба Сиқлоҷ ҳуҷум кардаанд, ва Сиқлоҷро торумор намуда, онро ба оташ сӯзонидаанд.
  2. Ва занон ва ҳар каси дар он бударо, аз хурд то калон, асир кардаанд, ҳеҷ касро накуштаанд, балки ба асирӣ бурда, ба роҳи худ рафтаанд.
  3. Ва Довуд  бо   одамонаш ба шаҳр омад, ва инак, он ба оташ сӯхтааст,  ва  занон ва писарон  ва  духтаронашон асир  гардидаанд.
  4. Ва Довуд ва қавме ки бо ӯ буданд,   овози  худро баланд карда, гиристанд, то ба дараҷае ки дигар маҷоли гиристан  надоштанд.
  5. Ва ду зани Довуд:  Аҳинӯами изреъилӣ ва Абиҷайл, зани Ноболи кармилӣ, асир шуда буданд.
  6. Ва Довуд бағоят ба танг омад, зеро ки қавм мехостанд ӯро сангсор кунанд, чунки тамоми қавм — ҳар яке барои писарону духтаронашон — талхком  гардида буданд; вале Довуд ба Худованд Худои худ таваккал  намуда,  қувват меёфт.
  7. Ва Довуд ба Абьётори коҳин, ибни Аҳималик, гуфт: «Лутфан, эфӯдро назди ман биёр». Ва Абьётор эфӯдро назди Довуд овард.
  8. Ва Довуд аз Худованд пурсида, гуфт: «Оё ин фавҷро дунболагирӣ намоям? Оё ба онҳо метавонам бирасам?»  Ва ба  ӯ гуфт:   «Дунболагирӣ  намо!  Зеро ки ҳатман ба онҳо хоҳӣ расид ва раҳо хоҳӣ кард».
  9. Ва Довуд бо шашсад нафаре ки ҳамроҳи ӯ буданд, равона шуд;   ва онҳо ба рӯди  Басӯр  расиданд;   ва онҳое ки хаста шуда буданд, дар он ҷо бозистоданд.
  10. Ва Довуд бо чорсад нафар дунболагириро давом дод, вале дусад нафаре ки хаста шуда, натавониста буданд аз рӯди Басӯр бигзаранд, бозистоданд.
  11. Ва дар саҳро шахси мисриро ёфта, ӯро назди Довуд оварданд;   ва   ба   ӯ   нон   доданд,   ки   бихӯрад, ва ӯро об нӯшониданд.
  12. Ва ба ӯ порчае аз қурси анҷир ва ду сар ангури соягӣ доданд, ва ӯ хӯрда, ба худ омад, зеро ки се рӯз ва се шаб на нон хӯрда буд ва на об нӯшида буд.
  13. Ва Довуд ба ӯ гуфт: «Ту аз они кӣ ҳастӣ ва аз куҷо мебошӣ?» Ӯ гуфт: «Ман ҷавони   мисрӣ ва ғуломи шахси амолеқӣ ҳастам, ва оғоям  маро  партофтааст,   зеро се  рӯз аст, ки ман беморам.
  14. Мо ба ҷануби каритиён, ва ба мулки Яҳудо,  ва  ба ҷануби Колеб тохтутоз кардем, ва Сиқлоҷро  ба  оташ  сӯ-зондем.
  15. Ва Довуд ба ӯ гуфт: «Оё ту маро ба он фавҷ бурда мерасонӣ?» Ӯ гуфт: «Барои ман ба Худо қасам бихӯр, ки маро нахоҳӣ кушт, ва маро ба дасти оғоям нахоҳӣ супурд, ва ман туро ба он фавҷ хоҳам расонд».
  16. Ва ӯ варо бурда расонд, ва инак, онҳо бар рӯи та-моми   он  замин  паҳн  шуда,   мехӯрданд ва менӯшиданд ва шодӣ мекарданд ба муносибати тамоми он ғанимати бузурге ки аз замини фалиштиён ва аз замини Яҳудо гирифта бу-данд.
  17. Ва Довуд   онҳоро  аз   сари   шаб   то   бегоҳии   рӯзи дигар зарба мезад; ва касе аз онҳо раҳо нашуд, ғайр аз чорсад нафар ҷавононе ки бар шутурҳо  савор  шуда,  рӯ  ба гурез оварданд.
  18. Ва Довуд ҳар чиро, ки амолеқиён гирифта буданд, раҳо кард; ва ду зани худро Довуд раҳо кард.
  19. Ва онҳо аз ҳеҷ чизи хурд ва калон  маҳрум нашу-данд: на аз писарон  ва  духтарон, на аз ғанимат ва на аз ҳар чизе ки аз онҳо гирифта бурда буданд: ҳамаашро Довуд баргардонид.
  20. Ва Довуд ҳамаи бузу гӯсфандон ва говонро гирифт, ва онҳоро пешопеши чорвои худ ронда, мегуфтанд: «Ин ғанимати Довуд аст».
  21. Ва Довуд   назди он   дусад   нафар,  ки натавониста буданд  аз   ақиби Довуд бираванд, ва ӯ онҳоро пеши рӯди Басӯр  монда буд, омад, ва онҳо ба пешвози Довуд ва ба пешвози қавме ки бо ӯ буданд, баромаданд; ва Довуд ба ин қавм наздик омад ва аз саломатии онҳо пурсид.
  22. Вале ҳамаи шахсони бад ва нобакор аз миёни одамоне ки бо Довуд рафта буданд,   сухан   ронда, гуфтанд:   «Аз-баски онҳо бо мо нарафтанд, аз ғанимате ки ба даст овардем, ба онҳо чизе нахоҳем дод, балки бигзор ҳар кас фақат за-наш ва бачагонашро гирифта, бо онҳо баромада равад».
  23. Вале Довуд гуфт: «Ин тавр амал накунед, эй барода-ронам, дар сурате ки ин чизҳоро Худованд ба мо додааст, ва моро нигаҳбонӣ намудааст, ва он фавҷро, ки бар мо тохтутоз карда буд, ба дасти мо супурдааст.
  24. Ва кист, ки дар ин бобат ба шумо гӯш диҳад? Зеро ҳиссаи касе ки назди ашьё   мемонад, мисли ҳиссаи  касе ки ба ҷанг меравад, хоҳад буд; бояд ба ҳама баробар тақсим карда  шавад».
  25. Ва аз он рӯз эътиборан ҳамин тавр шуд, ва инро ӯ ҳамчун қонун ва  қоида   барои   Исроил   то   имрӯз  қарор додааст.
  26. Ва Довуд ба Сиқлоҷ омад, ва аз он ғанимат ба пирони Яҳудо, ки ёрони ӯ буданд, фиристода,  гуфт: «Инак тӯҳфае аз ғанимати душманони Худованд барои шумо», —
  27. Барои аҳли Байт-Ил, ва аҳли Ромои ҷанубӣ, ва аҳли Яттир,
  28. Ва барои аҳли Арӯэр, ва аҳли Сифмӯт, ва аҳли Эштемӯа,
  29. Ва барои аҳли Рокол, ва аҳли шаҳрҳои ераҳмиэлиён, ва аҳли шаҳрҳои қениён,
  30. Ва барои аҳли Ҳормо,  ва аҳли Кӯр-Ошон, ва аҳли Аток,
  31. Ва барои аҳли Ҳебрӯн ва ҳамаи ҷойҳое ки  Довуд бо одамонаш дар онҳо омаду рафт мекард.

© IBT 1992