Ҳастӣ боби 38

Гуноҳи Яҳудо.

  1. ВА воқеъ шуд дар он замон, ки Яҳудо аз пеши баро-дарони худ рафта, назди шахси адӯломӣ, ки Ҳиро ном дошт, меҳмон шуд.
  2. Ва дар он ҷо Яҳудо духтари марди канъониро, ки Шуа ном дошт, дид; варо ба занӣ гирифт, ва бо вай хобид.
  3. Вай ҳомила шуда, писаре зоид; ва ӯро Эр ном ниҳод.
  4. Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид; ва ӯро Ӯнон ном ниҳод.
  5. Ва боз писаре зоид, ва ӯро Шело ном ниҳод. Дар вақти таваллуди ӯ Яхудо дар Казиб буд.
  6. Ва Яҳудо ба нахустзодаи худ Эр зане гирифт, ки но-маш Томор буд.
  7. Ва нахустзодаи Яҳудо, Эр, дар назари Худованд бад буд, ва Худованд ӯро миронид.
  8. Ва Яҳудо ба Ӯнон гуфт: «Бо зани бародарат бихоб ва ҳамчун додаршӯй варо ба занӣ гирифта, насле барои баро-дари худ ба вуҷуд овар.
  9. Вале Унон медонист, ки он насл аз они ӯ нахоҳад буд; бинобар ин, ҳар гоҳ, ки назди зани бародараш мехобид, манӣ ба замин мерехт, то ки насле барои бародари худ надиҳад.
  10. Ва ин кори ӯ дар назари Худованд бад намуд; ӯро низ миронид.
  11. Ва Яҳудо ба келини худ Томор гуфт: «Дар хонаи па-дари худ бева бинишин то даме ки писарам Шело калон ша-вад». Зеро гуфт: «Мабодо ӯ низ мисли бародаронаш бимирад». Ва Томор рафта, дар хонаи падари худ бимонд.
  12. Вақти бисьёре гузашт, ва духтари Шуа, зани Яҳудо, мурд. Ва Яҳудо, баъд аз он ки тасаллӣ ёфт, бо дӯсти худ Ҳирои адӯломӣ назди пашмбурони рамаи худ ба Тимно рафт.
  13. Ва ба Томор хабар дода, гуфтанд: «Инак, падаршӯят барои буридани пашми рамаи худ ба Тимно меравад».
  14. Ва либоси бевагии худро кашида, ба сари худ чодаре партофт, ва рӯяшро пӯшида, назди дарвозаи Энаим, ки дар сари роҳи Тимно мебошад, нишаст; зеро дид, ки Шело калон шудааст, ва ӯро ба вай ба занӣ надоданд.
  15. Ва ӯро Яҳудо бидид, ва ӯро фоҳиша гумон кард, зеро ки он зан рӯи худро пӯшида буд.
  16. Ва аз роҳ ба тарафи ӯ гашта, гуфт: «Биё, бо ту бихо-бам». Зеро надонист, ки келини ӯст. Гуфт: «Ба ман чӣ медиҳӣ, агар бо ман бихобӣ?»
  17. Гуфт: «Бузғолае аз рама мефиристам». Гуфт: «Оё то вақти фиристоданат гараве медиҳӣ?»
  18. Гуфт: «Ба ту чӣ гарав диҳам?» Гуфт: «Мӯҳр ва зуннори худро, ва асое ки дар даст дорӣ». Ва ба ӯ дод, ва бо ӯ хобид; ва ӯ аз вай ҳомила шуд.
  19. Ва бархоста, бирафт, ва чодарро аз сари худ кашида, либоси бевагии худро пӯшид.
  20. Ва Яҳудо бузғоларо ба воситаи дӯсти адӯломии худ фиристод, то ки гаравро аз дасти он зан бигирад; вале ӯро наёфт.
  21. Ва аз мардуми он мавзеъ пурсида, гуфт: «Он фоҳишае ки дар сари роҳи Энаим нишаста буд, куҷост?» Гуфтанд: «Фоҳишае дар ин ҷо набуд».
  22. Ва назди Яҳудо баргашта, гуфт: «Ӯро наёфтам; ва мар-думи он мавзеъ низ гуфтанд, ки фоҳишае дар ин ҷо набуд».
  23. Ва Яҳудо гуфт: «Бигзор барои худ нигоҳ дорад, мабодо расво шавем; инак, ин бузғоларо фиристодам; вале ту ӯро наёфтӣ».
  24. Ва баъд аз гузаштани қариб се моҳ ба Яҳудо хабар дода, гуфтанд: «Келинат Томор зино кардааст, ва инак, аз зино низ ҳомила шудааст». Ва Яҳудо гуфт: «Ӯро берун оред, то ки сӯзонида шавад».
  25. Вақте ки ӯро берун оварданд, ӯ назди падаршӯи худ фиристода, гуфт: «Ман аз соҳиби ин чизҳо ҳомила шудаам». Ва гуфт: «Бишнос, ки ин мӯҳр ва зуннор ва асо аз они кист».
  26. Ва Яҳудо шинохта, гуфт: «Ҳақ ба ҷониби ӯст, чунки ӯро ба писари худ Шело надодам». Вале дигар ҳаргиз бо ӯ нахобид.
  27. Дар вақти зоиданаш маълум шуд, ки дар батнаш эки-зак аст.
  28. Ва ҳангоме ки мезоид, яке дасти худро берун овард; ва доя риштаи қирмизӣ гирифта, бар дасташ баст, ва гуфт: «Ин аввал берун омад».
  29. Вале дасташро боз кашид; ва инак, бародараш берун омад. Ва доя гуфт: «Чӣ гуна рахнае барои худ кушодаӣ!» Ва ӯро Форас ном ниҳоданд.
  30. Сонӣ бародари ӯ, ки бар дасташ риштаи қирмизӣ буд, берун омад, ва ӯро Зораҳ номиданд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий