Еҳушаъ боби 8

Забт кардани шаҳри Ой.

  1. ВА Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Натарс ва ҳаросон нашав, ҳамаи мардони ҷангиро ҳамроҳи худ бигир ва бархос-та, сӯи Ой бирав; инак, Ман подшоҳи Ой ва қавмаш ва шаҳ-раш ва заминашро ба дасти ту месупорам.
  2. Ва бо Ой ва подшоҳаш тавре амал намо, ки бо Ериҳӯ ва подшоҳаш амал намудӣ, фақат ғаниматаш ва чорпоёнашро барои худ тороҷ кунед; дар пушти шаҳр барои худ камин бисоз».
  3. Ва Еҳушаъ ва ҳамаи мардони ҷангӣ бархостанд, то ки сӯи Ой бираванд; ва Еҳушаъ сӣ ҳазор нафар ҷанговарони ҷасурро баргузид, ва шабона онҳоро фиристод.
  4. Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Инак, шумо назди шаҳр аз пушти шаҳр камин хоҳед кард; аз шаҳр бисьёр дур наравед, ва ҳамаатон тайёр бошед.
  5. Ва ман ва тамоми қавме ки бо мананд, ба шаҳр наздик хоҳем шуд; ва  ҳамин  ки  онҳо,   мисли дафъаи аввал, ба пешвози мо берун оянд, мо аз пеши онҳо хоҳем гурехт.
  6. Ва онҳо моро дунболагирӣ хоҳанд кард, то даме ки онҳоро аз шаҳр дур созем, ба тавре ки онҳо хоҳанд гуфт: «Мисли дафъаи аввал аз пеши мо мегурезанд». Ва мо аз пеши онҳо хоҳем гурехт.
  7. Он гоҳ шумо аз камингоҳи худ бархоста, шаҳрро забт намоед; ва Худованд Худои шумо онро ба дасти шумо хоҳад супурд.
  8. Ва ҳамин ки шаҳрро мусаххар кардед, шаҳрро ба оташ бисӯзонед, бар тибқи каломи Худованд амал намоед; инак, шуморо амр фармудам».
  9. Ва Еҳушаъ  онҳоро   фиристод, ва онҳо сӯи камингоҳ рафта, дар миёни Байт-Ил ва Ой, аз тарафи ғарбии Ой ҷойгир   шуданд; ва Еҳушаъ он шабро дар миёни қавм гуза-ронид.
  10. Ва Еҳушаъ бомдодон бармаҳал бархоста, лашкарашро аз назар гузаронид; ва ӯ бо якҷоягии пирони Исроил пешо-пеши лашкар сӯи Ой равона шуд.
  11. Ва ҳамаи мардони ҷангӣ, ки бо ӯ буданд, раҳсипор гардида, наздик омаданд ва ба маконе ки дар рӯ ба рӯи шаҳр буд, расиданд, ва аз тарафи шимолии Ой ӯрду заданд, дар сурате ки дар миёни онҳо ва Ой дарае буд.
  12. Ва ӯ қариб панҷ ҳазор нафарро гирифта, дар миёни Байт-Ил ва Ой, аз тарафи ғарбии Ой дар камин гузошт.
  13. Ва қавмро, яъне тамоми ӯрдуеро, ки буданд, ба тарафи шимолии шаҳр, ва каминваронро ба тарафи ғарбии шаҳр ҷой-гир карданд; ва Еҳушаъ он шаб ба миёни водӣ рафт.
  14. Ва ҳангоме ки подшохи Ой инро дид, ӯ ва тамоми қавмаш, яъне мардуми шаҳр, шитоб намуда, бармаҳал бархос-танд ва ба пешвози Исроил ба мавзеи муайянн пеши саҳро барои ҷанг баромаданд; вале ӯ намедонист, ки дар пушти шаҳр ба муқобили ӯ камин сохтаанд.
  15. Ва Еҳушаъ ва тамоми Исроил худро пеши онҳо мағлуб вонамуд карда, бо роҳи биёбон гурехтанд.
  16. Ва ҳамаи мардоне ки дар Ой буданд, ҷамъ омаданд, то ки онҳоро таъқиб намоянд, ва Еҳушаъро таъқиб намуда, аз шаҳр дур шуданд.
  17. Ва дар Ой ва Байт-Ил марде намонд, ки барои таъқиб кардани Исроил берун нарафта бошад; ва онҳо шаҳрро воз гузошта, Исроилро таъқиб карданд.
  18. Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Мизроқеро, ки дар дасти туст, сӯи Ой дароз кун, зеро ки онро ба дасти ту месу-порам». Ва Еҳушаъ мизроқеро, ки дар дасташ буд, сӯи шаҳр дароз кард.
  19. Ва каминварон зуд аз ҷои худ бархостанд ва, ҳамин ки ӯ дасташро дароз кард, давида ба шаҳр дохил шуданд ва онро забт карданд ва дарҳол шаҳрро оташ зада сӯзониданд.
  20. Ва мардуми Ой ба ақиби худ назар андохта диданд, ки инак, дуди шаҳр ба осмон мебарояд; ва онҳоро маҷоли он набуд, ки ба ин тараф ё он тараф бигрезанд; ва қавме ки сӯи биёбон мегурехтанд, бар таъқибкунандагони худ баргаш-танд.
  21. Ва чун Еҳушаъ ва тамоми Исроил диданд, ки камин-варон шаҳрро забт карданд, ва дуди шаҳр  баланд шуд, онҳо баргашта, мардуми Ойро зарба задан гирифтанд.
  22. Ва дигарон аз шаҳр ба пешвозашон  баромаданд, ба тавре ки онҳо дар миёни исроилиён афтоданд: баъзе аз ин тараф ва баъзе аз он тараф буданд. Ва онҳоро зарба мезаданд, ба дараҷае ки як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд ва ната-вонист бигрезад.
  23. Ва подшоҳи Ойро зинда дастгир карданд, ва ӯро назди Еҳушаъ оварданд.
  24. Ва ҳангоме ки исроилиён куштани ҳамаи сокинони Ойро дар саҳро ва дар биёбоне ки онҳоро дар он таъқиб мекарданд, ба охир расониданд, ба тавре ки ҳамаашон то ба охир ба дами шамшер афтоданд, он гоҳ тамоми Исроил ба Ой баргашта, аҳолии онро ба дами шамшер маҳв карданд.
  25. Ва ҳамаи афтодагон дар он рӯз, аз мард то зан, яъне тамоми мардуми Ой, дувоздаҳ ҳазор нафар буданд.
  26. Ва Еҳушаъ дасти худро, ки бо мизроқ дароз карда шуда буд, ақиб накашид, то даме ки ҳамаи сокинони Ойро маҳв намуд.
  27. Фақат чорпоён ва ғаннмати ин шаҳрро исроилиён ба-рои худ тороҷ карданд, бар тибқи каломи Худованд, ки ба Еҳушаъ амр фармуда буд.
  28. Ва Еҳушаъ Ойро сӯзонид, ва онро харобазори абадӣ гардонид, ки то имрӯз дар ҳамин ҳолат аст.
  29. Ва подшоҳи Ойро ба дор овехта, то вақти шом боқӣ гузошт, ва баробари ғуруб кардани офтоб Еҳушаъ амр фармуд, ва лошаи варо аз дор фуроварда, дар даҳани дарвозаи шаҳр партофтанд, ва сангтӯдаи бузурге бар он барпо кар-данд, ки то имрӯз боқист.

Баракатҳо ва лаънатҳо бар кӯҳи Эбол.

  1. Он гоҳ Еҳушаъ қурбонгоҳе барои Худованд Худои Исроил бар кӯҳи Эбол бино кард,
  2. Чунон ки Мусо, бандаи Худованд, ба банӣ-Исроил амр фармуда буд, ҳамон тавре ки дар китоби шариати Мусо навишта шудааст, яъне  қурбонгоҳе аз сангҳои яклухт, ки бар онҳо олоти оҳанин бардошта нашуда буд;  ва қурбони-ҳои сӯхтанӣ барои Худованд бар он бароварданд, ва қур-бониҳои саломатӣ забҳ карданд.
  3. Ва дар он ҷо Еҳушаъ дар ҳузури банӣ-Исроил  бар сангҳо нусхаи шариати Мусоро навишт.
  4. Ва тамоми Исроил, ва пиронашон, ва нозиронашон, ва доваронашон аз ҳар ду тарафи сандуқ, дар рӯ ба рӯи коҳи-нони левизодаи бардорандаи сандуқи аҳди Худованд рост истоданд, — ҳам ғарибон ва ҳам бумиён, — нисфашон назди кӯҳи Ҷаризим ва нисфашон назди кӯҳи Эбол, чунон ки Му-со, бандаи Худованд, амр фармуда буд, то ки қавми Исроил-ро дафъаи аввал баракат диҳад.
  5. Ва пас аз он ҳамаи суханони шариат, яъне баракат ва лаънатро, чунон ки ҳамааш дар китоби шариат навишта шудааст, хонд.
  6. Аз ҳар чи Мусо амр фармуда буд, сухане набуд, ки Еҳушаъ пеши тамоми ҷамоати Исроил, пеши занон ва кӯ-дакон ва ғарибоне ҳам, ки дар миёни онҳо буданд, нахонда бошад.

© IBT 1992