Якум Подшоҳон боби 23

Моҷароҳои Довуд.

  1. ВА ба Довуд хабар  дода,  гуфтанд: «Инак, фалиштиён ба аҳли Қаило ҷанг мекунанд, ва хирманҳоро толону тороҷ менамоянд».
  2. Ва Довуд аз Худо пурсида, гуфт: «Оё рафта, ин фа-лиштиёнро торумор намоям?» Ва Худованд ба Довуд гуфт: «Рафта, фалиштиёнро торумор намо ва аҳли Қаилоро наҷот деҳ».
  3. Вале одамони Довуд ба ӯ гуфтанд: «Инак, мо ин ҷо дар Яҳудо метарсем, пас хусусан агар бар зидди фавҷҳои фалиштиён ба Қаило биравем!»
  4. Ва Довуд бори дигар аз Худованд пурсид,   ва Худованд ба ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Бархоста, ба Қаило фурӯд ой, зеро ки Ман фалиштиёнро ба дасти ту хоҳам супурд».
  5. Ва Довуд бо одамонаш ба Қаило рафт, ва бо фалиштиён ҷанг кард, ва чорвои онҳоро бурд, ва ба онҳо зарбаи бузурге расонид; ва Довуд сокинони Қаилоро наҷот дод.
  6. Ва ҳангоме ки Абьётор ибни Аҳималик назди Довуд гурехта омад, эфӯдро ба дасташ гирифта овард.
  7. Ва ба Шоул хабар доданд, ки Довуд ба Қаило омадааст. Ва Шоул гуфт: «Худо ӯро ба дасти ман супурдааст, зеро ӯ ба шаҳре ки дарвоза ва ғалақаҳо дорад, даромада, худро банд кардааст».
  8. Ва Шоул тамоми қавмро ба ҷанг даъват намуд, то ки ба Қаило фурӯд омада, Довуд ва одамони ӯро муҳосира на-мояд.
  9. Ва Довуд фаҳмид, ки Шоул ба муқобили ӯ   нияти баде дорад; ва ӯ ба Абьётори коҳин гуфт: «Эфӯдро наздик биёр».
  10. Ва Довуд гуфт: «Худовандо, Худои Исроил! Бандаат шунидааст, ки Шоул мехоҳад ба Қаило омада, аз боиси ман шаҳрро валангор кунад.
  11. Оё сокинони: Қаило маро ба дасти вай хоҳанд супурд? Оё Шоул фурӯд хоҳад омад, чунон ки бандаат шунидааст? Худовандо, Худои Исроил! Лутфан, бандаатро огоҳ намо». Ва Худованд гуфт: «Вай фурӯд хоҳад омад».
  12. Ва Довуд гуфт: «Оё сокинони Қаило ман ва одамо-намро ба дасти Шоул хоҳанд супурд?» Ва Худованд гуфт: «Хоҳанд супурд».
  13. Ва Довуд бо одамонаш, ки тақрибан шашсад нафар буданд, бархост, ва онҳо аз Қаило баромада, ба ҳар ҷое ки тавонистанд бираванд, рафтанд. Ва чун ба Шоул хабар ра-сид, ки Довуд аз Қаило гурехтааст, аз юруш даст кашид.
  14. Ва Довуд дар биёбон бар сахраҳои дастнорас сукунат дошт, ва бар кӯҳе дар биёбони Зиф иқомат намуд. Ва Шоул ҳама вақт ӯро меҷуст, вале Худо ӯро ба дасташ намесупурд.
  15. Ва Довуд дид, ки Шоул барои ҷустани ҷони ӯ берун омадааст; ва  Довуд  дар   биёбони   Зиф,   дар   Ҳӯршо ном мавзее сукунат дошт.
  16. Ва Йӯнотон ибни Шоул  бархоста,  назди  Довуд ба Ҳӯршо омад, ва дасти ӯро бо таваккал кардан ба Худо тақвият намуд.
  17. Ва ба ӯ гуфт: «Натарс, зеро ки дасти падарам Шоул туро пайдо нахоҳад кард, ва ту бар Исроил подшоҳ хоҳӣ шуд, ва ман баъд аз ту дуюмин хоҳам буд, ва падарам Шоул низ инро медонад».
  18. Ва ҳар дуяшон ба ҳузури Худованд аҳд бастанд; ва Довуд дар Ҳӯршо  монд, ва Йӯнотон ба хонаи худ рафт.
  19. Ва зифиён назди Шоул ба Ҷибъо баромада, гуфтанд: «Довуд, охир, назди мо дар Ҳӯршо, бар сахраҳои дастнорас, бар тали Ҳакило, ки ба тарафи ҷанубии биёбон аст, пинҳон шудааст.
  20. Ва алҳол, эй подшоҳ,  ҳар вақте ки дилат бихоҳад, фурӯд ой, ва дайни мо ин аст,  ки ӯро ба  дасти подшоҳ бисупорем».
  21. Ва Шоул гуфт:   «Худованд  шуморо  баракат   диҳад, зеро дар ҳаққи ман дилсӯзӣ кардаед.
  22. Пас биравед, боз тайёрӣ бинед, ва ҷоеро, ки қадамаш гузошта мешавад, ва касе ӯро дар он ҷо дидааст, тафтиш намуда зери чашм гиред, зеро ба ман мегӯянд, ки ӯ бағоят маккор аст.
  23. Ва ҳамаи паноҳгоҳҳоеро, ки ӯ дар онҳо пинҳон мешавад, тафтиш  намуда,  зери  чашм гиред, ва бо маълумоти аниқ назди ман баргардед, ва он гоҳ ман бо шумо хоҳам рафт; ва агар ӯ дар ин замин бошад, ман ӯро дар миёни ҳамаи қабилаҳои Яҳудо ҷустуҷӯ хоҳам кард».
  24. Ва онҳо бархоста, аз пеши Шоул ба Зиф рафтанд. Ва Довуд бо одамонаш дар биёбони Моӯн, дар саҳро, ба тарафи ҷанубии биёбон буд.
  25. Ва Шоул бо одамонаш ба ҷустуҷӯи ӯ рафт, ва инро ба Довуд хабар доданд, ва ӯ аз сахра фуруд омада, дар биёбони Моӯн ҷойгир шуд. Ва Шоул инро шунида, Довудро дар биёбони Моӯн таъқиб кард.
  26. Ва Шоул ба як тарафи кӯҳ равона буд, ва Довуд бо одамонаш ба тарафи дигари кӯҳ. Ва Довуд мешитофт, то ки аз пеши Шоул бигрезад, ва  Шоул ва одамонаш Довуд ва одамонашро иҳота мекарданд, то ки онҳоро дастгир намоянд.
  27. Вале қосиде назди Шоул омада, гуфт: «Шитобон биё, зеро ки фалиштиён ба замин ҳуҷум овардаанд».
  28. Ва Шоул   аз  таъқиб   кардани  Довуд   баргашта,   ба пешвози  фалиштиён равона шуд. Бинобар ин он маконро Селаъ-Ҳамаҳлеқӯт* номидаанд.

*28. Сахраи мухолифат.

© IBT 1992