Дуюм Подшоҳон боби 6

Ғамхории Довуд дар бораи овардани сандуқи Худо ба Ерусалим.

  1. ВА бори дигар Довуд ҳамаи гузинони Исроилро ба миқдори сӣ ҳазор нафар ҷамъ кард.
  2. Ва Довуд ва тамоми қавме ки ҳамроҳаш буданд, бархоста, аз Баалои Яҳудо равона шуданд, то ки сандуқи Худоро аз он ҷо биёранд, ки он ба исми Худованди лашкарҳо, ки бар каррубиён нишастааст, номида шуда буд.
  3. Ва сандуқи Худоро бар аробаи нав гузоштанд, ва онро аз хонаи Аминодоб, ки дар Ҷабъа мебошад, бароварданд, ва Уззо ва Аҳью, писарони Аминодоб, аробаи навро меронданд.
  4. Ва онро аз хонаи Аминодоб, ки дар Ҷабъа аст, бо сандуқи Худо бароварданд, ва Аҳью пешопеши сандуқ мерафт.
  5. Ва Довуд ва тамоми хонадони Исроил бо ҳар навъ асбоби чӯби сарв: бо барбат, ва уд, ва даф, ва дуҳул, ва шақшақаҳо ба ҳузури Худованд бозӣ мекарданд.
  6. Ва ҳангоме ки ба хирмангоҳи Нокӯн расиданд, Уззо дасташро ба сандуқи Худо дароз карда,  онро нигоҳ дошт, зеро ки говон онро яктарафа гардонида, моил ба афтодан карда буданд.
  7. Ва хашми Худованд бар Уззо аланга зада, Худо ӯро дар он ҷо барои дастдарозияш зарба зад, ва ӯ дар он ҷо назди сандуқи Худо мурд.
  8. Ва Довуд ғамгин шуд, ки   Худованд   Уззоро зарба зад; ва он макон то имрӯз Форас-Уззо номида мешавад.
  9. Ва Довуд дар он рӯз аз  Худованд тарсида,  гуфт: «Сандуқи Худованд назди ман чӣ гуна биёяд?»
  10. Ва Довуд нахост, ки сандуқи Худовандро назди худ ба шаҳри Довуд бибарад; ва Довуд онро ба хонаи Убайд-Адӯми ҷаттӣ равона кард.
  11. Ва сандуқи Худованд дар хонаи Убайд-Адӯми ҷатти се моҳ монд; ва Худованд Убайд-Адӯм ва тамоми хонадони ӯро баракат дод.

Овардани сандуқ.

  1. Ва ба подшоҳ Довуд хабар дода, гуфтанд:   «Худованд хонадони Убайд-Адӯм ва тамоми дороии ӯро барои сандуқи Худо баракат додааст». Ва Довуд рафта,   сандуқи Худоро аз хонаи Убайд-Адӯм бо шодӣ ба шаҳри Довуд овард.
  2. Ва ҳамин ки бардорандагони сандуқи Худованд шаш қадам роҳ рафтанд, ӯ гов ва қӯчқоре қурбонӣ кард.
  3. Ва Довуд бо тамоми қувваташ ба ҳузури Худованд мерақсид, ва Довуд эфӯди катон дар бар карда буд.
  4. Ва Довуд ва тамоми хонадони Исроил сандуқи Худо-вандро бо нидои шодӣ ва садои шох бардошта бурданд.
  5. Ва ҳангоме ки сандуқи Худованд ба шаҳри   Довуд дохил мешуд,  Микал  бинти Шоул аз тиреза нигоҳ карда, подшоҳ Довудро дид, ки ба ҳузури Худованд ҷастухез ва рақс мекунад, ва дар дили худ аз ӯ нафрат намуд.
  6. Ва сандуқи Худовандро оварда, андаруни хаймае ки Довуд барои он барпо карда буд, онро  дар  маконаш гу-зоштанд; ва Довуд ба ҳузури   Худованд  қурбониҳои сӯх-танӣ ва қурбониҳои саломатӣ овард.
  7. Вақте ки Довуд овардани қурбониҳои сӯхтанӣ ва қур-бониҳои саломатиро ба анҷом расонид, қавмро ба исми Худо-ванди лашкарҳо баракат дод.
  8. Ва ба тамоми қавм, ба тамоми оммаи Исроил, аз мард то зан, ба ҳар кас якто нон, як порча гӯшт ва як кулчаи мавизӣ тақсим карда дод;  ва тамоми қавм хона ба хона рафтанд.
  9. Ва Довуд баргашт, то ки аҳли байти худро баракат диҳад; ва Микал бинти Шоул ба пешвози Довуд баромада, гуфт: «Подшоҳи  Исроил  имрӯз  чӣ қадар иззат ёфт, вақте ки худро пеши назари канизон ва навкаронаш бараҳна кард, чунон ки як шахси бемулоҳиза худро бараҳна мекунад».
  10. Ва Довуд ба Микал гуфт: «Ин ба ҳузури Худованд буд, ки Ӯ маро назар ба падарат ва тамоми хонадонаш бар-тарӣ дод, то ки маро бар қавми Худованд, бар Исроил раис гардонад; ва ман ба ҳузури Худованд рақсу бозӣ хоҳам кард.
  11. Ва аз ин ҳам зиёдтар худро ночиз хоҳам гардонид, ва дар назари худам сафил хоҳам шуд, вале пеши канизон, ки ту дар бораи онҳо сухан рондӣ, — пеши онҳо ман иззат хоҳам ёфт».
  12. Ва Микал бинти Шоул то рӯзи вафоташ фарзанд надошт.

© IBT 1992