Чорум Подшоҳон боби 8

Элишоъ ҳафт соли қаҳтиро пешгӯӣ мекунад.

  1. ВА Элишоъ ба зане ки писарашро зинда карда буд, су-хан ронда, гуфт: «Ту бо хонадонат бархоста, бирав ва дар ҳар ҷое ки метавонӣ, сукунат намо; зеро ки Худованд қаҳтиро даъват намудааст, ва он бар ин замин низ ҳафт сол ҳукмфармо хоҳад шуд».
  2. Ва он зан бархоста,   бар  тибқи  сухани  марди Худо амал намуд,  ва бо хонадонаш рафта, дар замини фалиштиён ҳафт сол умр гузаронид.
  3. Ва баъд аз гузаштани ҳафт сол чунин воқеъ шуд, ки он зан аз замини фалиштиён баргашт ва баромада, сӯи подшоҳ дар бораи хона ва замини худ истиғоса намуд.
  4. Ва подшоҳ он вақт бо Ҷеҳазӣ, навкари марди Худо, сухан ронда,   мегуфт: «Лутфан,   ба  ман дар бораи ҳамаи корҳои бузурге ки Элишоъ кардааст, ҳикоят намо».
  5. Ва ҳангоме ки ӯ ба подшоҳ ҳикоят менамуд, ки чӣ гуна вай мурдаро зинда кардааст, инак, зане ки писарашро вай зинда карда буд, сӯи подшоҳ дар бораи хона ва замини худ истиғоса намуд; ва Ҷеҳазӣ гуфт: «Эй оғоям подшоҳ, ин ҳамон зан аст, ва ин писари ӯст, ки Элишоъ зинда карда буд».
  6. Ва подшоҳ аз зан пурсид, ва ӯ ба вай ҳикоят кард; ва подшоҳ яке аз хоҷасароёнашро барои ӯ таъин намуда, гуфт: «Тамоми дороии ӯ ва тамоми ҳосили замини ӯро аз рӯзе ки мамлакатро тарк кардааст, то алҳол ба ӯ баргардон».

Элишоъ ба Ҳазоил пешгӯӣ мекунад, ки вай дар Арам подшоҳ хоҳад шуд.

  1. Ва Элишоъ ба Димишқ  омад, вақте ки Бин-Ҳадад, подшоҳи Арам, бемор буд; ва ба ӯ хабар дода, гуфтанд: «Марди Худо ба ин ҷо омадааст».
  2. Ва подшоҳ ба Ҳазоил гуфт: «Ҳадияе ба дасти худ ги-рифта, ба истиқболи марди Худо бирав, ва ба воситаи вай аз Худованд бипурс, ки оё ман аз ин беморӣ шифо хоҳам ёфт?»
  3. Ва Ҳазоил ба истиқболи вай равона шуд, ва ҳадияе ба дасти худ гирифт, ки он аз тамоми нозу неъмати Димишқ ба андозаи бори чил шутур буд; ва омада, ба ҳузури вай истод, ва гуфт: «Писарат Бин-Ҳадад, подшоҳи Арам, маро назди ту  фиристода, мегӯяд: «Оё ман аз ин беморӣ шифо хоҳам ёфт?»»
  4. Ва Элишоъ ба ӯ гуфт: «Рафта, ба вай бигӯ: «Албатта шифо хоҳӣ ёфт». Валекин Худованд ба ман ошкор кард, ки вай ҳатман хоҳад мурд».
  5. Ва бар ӯ чашми худро дӯхт, ба тавре ки ӯ бетоқат шуд; ва марди Худо гирья кард.
  6. Ва Ҳазоил гуфт: «Чаро оғоям гирья мекунад?» Ва ӯ гуфт:   «Зеро  медонам,  ки  чӣ  гуна  фалокате  ту  ба сари банӣ-Исроил хоҳӣ овард: ба қалъаҳои онҳо оташ хоҳӣ зад, ва ҷавонони онҳоро бо шамшер хоҳӣ кушт,  ва тифлони онҳоро  зада  маҷақ  хоҳӣ  кард,   ва  ҳомиладорони   онҳоро шикамчок хоҳӣ сохт».
  7. Ва Ҳазоил гуфт: «Бандаи мисли як саги ту кист, ки чунин кори бузурге бикунад?» Ва Элишоъ гуфт: «Худованд туро ба ман ҳамчун подшоҳи Арам нишон дод».
  8. Ва ӯ аз пеши Элишоъ рафта, назди оғои худ омад. Вай ба ӯ гуфт: «Элишоъ ба ту чӣ гуфт?» Ва ӯ гуфт: «Ба ман гуфт, ки албатта шифо хоҳӣ ёфт».
  9. Ва фардояш ӯ кампалеро гирифта, дар об ғӯтонид, ва бар рӯи вай пӯшонид, ки мурд; ва Ҳазоил ба ҷои вай подшоҳ шуд.

Еҳӯром баъд аз падараш Еҳӯшофот бар Яҳудо подшоҳ мешавад.

  1. Ва дар   соли панҷуми Йӯром ибни Аҳъоб,  подшоҳи Исроил, ҳангоме ки Еҳӯшофот ҳанӯз подшоҳи Яҳудо буд, Еҳӯром ибни Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ба подшоҳӣ шурӯъ намуд.
  2. Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ сию дусола буд, ва ҳашт сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.
  3. Ва ӯ бо роҳи подшоҳони Исроил рафтор намуд, чунон ки хонадони Аҳъоб рафтор карда буданд, зеро ки духтари Аҳъоб зани ӯ буд, ва он чи дар назари Худованд бад буд, ӯ ба амал овард.
  4. Валекин Худованд ба хотири бандаи Худ Довуд нахост Яҳудоро ба ҳалокат расонад, зеро ба ӯ ваъда дода буд, ки барои ӯ ва фарзандони ӯ умрбод чароғе бидиҳад.

Исьёни Адӯм ва Либно.

  1. Дар айёми ӯ Адӯм аз зери дасти Яҳудо исьён бардошт, ва онҳо бар худ подшоҳе гузоштанд.
  2. Ва Еҳӯром ба Соир равона шуд, ва ҳамаи аробаҳо бо ӯ буд; ва шабона ӯ бархост ва сафҳои адӯмиёнро, ки ӯ ва сардорони аробаҳоро  иҳота  карда  буданд,  рахна намуда, ақиб нишаст, ва қавм ба хаймаҳои худ гурехтанд.
  3. Ва Адӯм аз зери дасти Яҳудо исьён бардошт, ки то имрӯз чунин аст. Дар он замон Либно низ исьён бардошт.
  4. Ва бақияи  аъмоли  Еҳӯром,   ва он  чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

Фавти Еҳӯром. Бар Яҳудо подшоҳ шудани Аҳазъёҳу.

  1. Ва Еҳӯром бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри Довуд дафн карда шуд; ва писараш Аҳазьёҳу ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  2. Дар соли дувоздаҳуми Йӯром ибни Аҳъоб, подшоҳи Исроил, Аҳазьёҳу ибни Еҳӯром, подшоҳи Яҳудо,  ба  под-шоҳӣ шурӯъ намуд.
  3. Дар вақти подшоҳ шуданаш Аҳазьёҳу бисту дусола буд, ва ӯ як сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Атальё бинти Омрӣ, подшоҳи Исроил, буд.
  4. Ва ӯ бо роҳи хонадони Аҳъоб рафтор намуд, ва он чи дар назари Худованд бад буд, мисли хонадони Аҳъоб ба амал овард, зеро ки домоди хонадони Аҳъоб буд.
  5. Ва бо Йӯром ибни Аҳъоб ба ҷанги зидди Ҳазоил, подшоҳи Арам, ба Ромӯт-Ҷилъод равона шуд; ва арамиён Йӯромро захмдор карданд.
  6. Ва подшоҳ Йӯром ба Изреъил баргашт, то аз захмҳое ки арамиён ба ӯ дар Ромо расонида буданд, вақте ки бо Ҳазоил, подшоҳи   Арам,   ҷангида   буд,   шифо   ёбад.   Ва Аҳазьёҳу ибни Еҳӯром, подшоҳи Яҳудо, барои дидани Йӯром ибни Аҳъоб ба Изреъил фурӯд омад, чунки вай бемор буд.

© IBT 1992