Ибодат боби 4

Дар бораи қурбонии гуноҳ.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, бигӯ: агар касе дар ҳар кадом аҳкоми наҳйи Худованд саҳван гуноҳ карда, бар хи-лофи яке аз онҳо амал намояд,
  3. Агар коҳини тадҳиншуда гуноҳе карда, сабаби гуноҳ-кор шудани қавм гардида бошад, — бигзор барои гуноҳе ки кардааст, гӯсолаи беайберо аз галаи говон барои қурбонии гуноҳ ба Худованд тақдим намояд.
  4. Ва он гӯсоларо назди дари хаймаи ҷомеъ ба ҳузури Худованд мебиёрад, ва дасти худро бар сари гӯсола мемонад, ва гӯсоларо ба ҳузури Худованд забҳ мекунад;
  5. Ва коҳини тадҳиншуда аз хуни гӯсола мегирад, ва онро ба хаймаи ҷомеъ дохил мекунад.
  6. Ва коҳин ангушти худро дар хун меғӯтонад, ва аз хун ба ҳузури Худованд ҳафт карат пеши пардаи қудс мепошад.
  7. Ва коҳин аз он хун бар шохҳои қурбонгоҳи бухури муаттар, ки ба ҳузури Худованд дар хаймаи ҷомеъ аст, ме-молад, ва тамоми бақияи хуни гӯсоларо бар буньёди қурбон-гоҳи қурбонии сӯхтанӣ, ки назди дари хаймаи ҷомеъ аст, мерезад;
  8. Ва тамоми чарбуи гӯсолаи қурбонии гуноҳро бигзор аз он бардорад: чарбуе ки амъоро мепӯшонад, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад,
  9. Ва ду гурда ва чарбуе ки бар онҳо то худи ронҳо ме-бошад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — онро бо гурдаҳо ҷудо мекунад, —
  10. Чунон ки он аз гови забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад; ва коҳин онҳоро бар қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ месӯзонад.
  11. Ва пӯсти гӯсола, ва тамоми гӯшти он бо каллааш ва почаҳояш ва амъояш ва саргинаш, —
  12. Яъне тамоми гӯсоларо бояд ба беруни ӯрдугоҳ, ба ма-кони пок, ки он ҷо хокистарро мерезанд, бибарад, ва онро бар ҳезум дар оташ бисӯзонад; дар маконе ки хокистарро мерезанд, бигзор сӯзонида шавад.
  13. Ва агар тамоми ҷамоати Исроил саҳван гуноҳ кунанд, ва ин кор аз чашмони ҷамоат пӯшида бошад, яъне агар бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд амал карда гуноҳкор шаванд,
  14. Ва гуноҳе ки кардаанд, баъдтар ошкор гардад, — биг-зор ҷамоат гӯсолае аз галаи говон барои қурбонии гуноҳ тақдим намоянд, ва онро назди хаймаи ҷомеъ биёранд.
  15. Ва пирони ҷамоат дастҳои худро бар сари гӯсола ба ҳузури Худованд мемонанд, ва гӯсоларо ба ҳузури Худованд забҳ мекунанд.
  16. Ва коҳини тадҳиншуда аз хуни гӯсола ба хаймаи ҷомеъ дохил мекунад.
  17. Ва коҳин ангушташро дар хун ғӯтонида, онро ба ҳузури Худованд ҳафт карат пеши парда мепошад;
  18. Ва аз он хун бар шохҳои қурбонгоҳ, ки ба ҳузури Худо-ванд дар хаймаи ҷомеъ мебошад, мемолад, ва тамоми бақияи хунро бар буньёди қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ, ки назди дари хаймаи ҷомеъ аст, мерезад;
  19. Ва тамоми чарбуи онро аз он бардошта, бар қурбонгоҳ месӯзонад;
  20. Ва бо ин гӯсола ончунон амал мекунад, ки бо гӯсолаи қурбонии гуноҳ амал кард; бо он бояд ҳамин тавр амал кунад, то ки коҳин гуноҳи онҳоро кафорат намояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд.
  21. Ва гӯсоларо аз ӯрдугоҳ берун бароварда, онро месӯ-зонад, чунон ки гӯсолаи аввалро сӯзонид. Ин қурбонии гу-ноҳи ҷамоат аст.
  22. Агар раис гуноҳ кунад, яъне бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд Худои худ саҳван амал карда, гуноҳкор шавад,
  23. Ва гуноҳе ки кардааст, баъдтар ба ӯ ошкор гардад, — бигзор нарбузи беайбе барои қурбонӣ тақдим намояд.
  24. Ва ӯ дасти худро бар сари нарбуз мемонад, ва онро дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ мекунанд, ба ҳузури Худованд забҳ менамояд. Ин қурбонии гуноҳ аст.
  25. Ва коҳин аз хуни қурбонии гуноҳ бо ангушти худ ги-рифта, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мемолад, ва бақияи хуни онро бар буньёди қурбонгоҳи қурбонии сӯх-танӣ мерезад;
  26. Ва тамоми чарбуи онро, мисли чарбуи забҳи саломатӣ, бар қурбонгоҳ месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро ҳамин тавр кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.
  27. Агар касе аз миёни авом саҳван гуноҳ кунад, яъне бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд амал карда, гуноҳкор шавад,
  28. Ва гуноҳе ки кардааст, баъдтар ба ӯ ошкор гардад, — бигзор барои қурбонии худ ба сабаби гуноҳе ки кардааст, модабузи беайбе тақдим намояд.
  29. Ва ӯ дасти худро бар сари қурбонии гуноҳ мемонад, ва ин қурбонии гуноҳро дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ мекунанд, забҳ менамояд.
  30. Ва коҳин аз хуни он бо ангушти худ гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мемолад, ва тамоми бақияи хуни онро бар буньёди қурбонгоҳ мерезад;
  31. Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чарбуи забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад; ва коҳин онро бар қур-бонгоҳ ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.
  32. Ва агар у бихоҳад гӯсфанде барои қурбонии гуноҳи худ тақдим намояд, бояд меши беайбе тақдим намояд.
  33. Ва ӯ дасти худро бар сари ин қурбонии гуноҳ мемонад, ва онро ҳамчун қурбонии гуноҳ дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ мекунанд, забҳ менамояд.
  34. Ва коҳин аз хуни ин қурбонии гуноҳ бо ангушти худ гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мемолад, ва тамоми бақияи хуни онро бар буньёди қурбонгоҳ мерезад.
  35. Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чар-буи гӯсфанд аз забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад, ва коҳин онро бар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонии оташин барои Худо-ванд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро, ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд».

© IBT 1992

Оставьте комментарий