Еҳушаъ боби 10

Еҳушаъ ибни Нун ғалабаи аҷоибе бар панҷ подшоҳ ба даст меоварад.

  1. Ва чун Адӯнӣ-Содақ, подшоҳи Ерусалим, шунид, ки Еҳушаъ Ойро забт намуда, торумор кардааст, яъне чӣ гунаеки бо Ериҳӯ ва подшоҳаш амал намуда буд, бо Ой ва подшоҳаш низ он гуна амал намудааст, ва сокинони Ҷибъӯн бо исроилиён сулҳ баста, дар миёни онҳо мондаанд, —
  2. Онҳо бисьёр ҳаросон шуданд, зеро ки Ҷибъӯн, чун яке аз шаҳрҳои подшоҳнишин, бузург  буд, ва  аз Ой ҳам бузургтар буд, ва тамоми мардумаш далер  буданд.
  3. Пас Адӯнӣ-Содақ, подшоҳи Ерусалим, назди Ҳӯҳом, подшоҳи Ҳебрӯн,   ва Фиръом, подшоҳи Ярмут, ва Ёфиа, подшоҳи  Лохиш, ва Дабир,  подшоҳи  Эҷлӯн,  фиристода, гуфт:
  4. «Назди ман омада, ба ман мадад диҳед, то ки Ҷибъӯнро зарба занем, зеро ки вай бо Еҳушаъ ва банӣ-Исроил сулҳ бастааст».
  5. Ва панҷ подшоҳи амӯриён: подшоҳи Ерусалим, подшоҳи Ҳебрӯн, подшоҳи Ярмут, подшоҳи Лохиш ва подшоҳи Эҷлӯн ҷамъ шуда, баромаданд, яъне худашон ва   тамоми лашкарашон назди Ҷибъӯн ӯрду заданд, то ки бар зидди вай ҷанг кунанд.
  6. Ва мардуми Ҷибъӯн назди Еҳушаъ ба ӯрдугоҳи Ҷил-ҷол фиристода,  гуфтанд:   «Дасти  худро аз бандагонат боз надор, балки зуд назда мо омада, моро наҷот деҳ ва ба мо мадад кун, зеро ки ҳамаи подшоҳони амӯриёни кӯҳнишин бар зидди мо ҷамъ шудаанд».
  7. Ва Еҳушаъ аз Ҷилҷол баромад, худаш ва ҳамроҳи ӯ тамоми қавми ҷанговар, ва ҳамаи мардони ҷангӣ.
  8. Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Аз онҳо натарс, зеро ки онҳоро ба дасти ту супурдаам: ҳеҷ яке аз онҳо наметавонад пеши ту истодагӣ намояд».
  9. Ва Еҳушаъ, тамоми шаб аз Ҷилҷол роҳ паймуда, но-гаҳон назди онҳо пайдо шуд.
  10. Ва Худованд онҳоро  пеши Исроил ошуфта кард, ва ба онҳо дар Ҷибъӯн зарбаи азим расониданд, ва онҳоро дар роҳи фарози Байт-Ҳӯрӯн таъқиб  карданд, ва то Азеқо ва Маққедо онҳоро торумор сохтанд.
  11. Ва ҳангоме ки онҳо аз пеши Исроил мегурехтанд, дар сурате ки дар нишебии Байт-Хӯрӯн буданд, — Худованд бар онҳо аз осмон то Азеқо сангҳои бузург мепартофт, ва онҳо мемурданд; онҳое ки аз сангҳои тагарг мурданд, зиёдтар буданд аз онҳое ки банӣ-Исроил ба шамшер куштанд.
  12. Он гоҳ Еҳушаъ, дар рӯзе ки Худованд амӯриёнро ба дасти банӣ-Исроил супурд, ба исми Худованд сухан ронда, дар пеши исроилиён гуфт: «Эй офтоб, бар Ҷибъӯн биист, ва эй моҳ, — бар водии Аёлӯн!»
  13. Ва офтоб истод, ва моҳ таваққуф намуд, то даме ки халқ аз душманони худ интиқом гирифтанд; ин, охир, дар китоби Ёшор   навишта   шудааст;   ва  офтоб   дар миёнҷои осмон истод, ва қариб рӯзи дароз ба ғуруб кардан нашитофт.
  14. Ва на пеш аз он ва на баъд аз он рӯзе мисли ин воқеъ нашудааст, ки Худованд овози одамизодро шунида бошад, зеро ки Худованд барои Исроил меҷангид.
  15. Ва Еҳушаъ, ва ҳамроҳи ӯ тамоми Исроил, ба ӯрдугоҳи Ҷилҷол баргаштанд.
  16. Вале он панҷ подшоҳ гурехта, дар мағораи назди Мақ-қедо пинҳон шуданд.
  17. Ва ба Еҳушаъ хабар расонида, гуфта шуд: «Он панҷ подшоҳ ёфт шуданд, дар ҳолате ки дар мағораи назди Мақ-қедо пинҳон мебошанд».
  18. Ва Еҳушаъ гуфт: «Сангҳои бузурге ба даҳани мағора биғелонед ва одамонро назди он таъин намоед, то ки пос-бонӣ кунанд;
  19. Вале шумо таваққуф накарда, душманони худро таъ-қиб намоед ва касони дар қафои онҳо бударо маҳв созед; онҳоро нагузоред, ки ба шаҳрҳои худ дохил шаванд, зеро ки  Худованд Худои  шумо онҳоро ба дасти шумо супурдааст».
  20. Ва чун Еҳушаъ ва банӣ-Исроил ба онҳо зарбаи бағоят бузурге расонида, онҳоро тамоман несту нобуд карданд, ва растагороне ки аз онҳо боқӣ монда буданд, ба шаҳрҳои ҳи-сордор дохил шуданд,
  21. Он гоҳ тамоми қавм ба ӯрдутоҳ назди Еҳушаъ, ки дар Маққедо буд, ба саломатӣ баргаштанд, ва касе забонашро бароварда, ба муқобили ҳеҷ яке аз банӣ-Исроил сухане наронд.
  22. Ва Еҳушаъ гуфт: «Даҳани  мағораро  бикшоед ва он панҷ подшоҳро аз мағора назда ман берун оваред».
  23. Ва чунин карданд, ва он панҷ подшоҳ: подшоҳи Еру-салим, подшоҳи Ҳебрӯн, подшоҳи Ярмут, подшоҳи Лохиш ва подшоҳи Эҷлӯнро аз мағора назди ӯ берун оварданд.
  24. Ва ҳангоме ки он подшоҳонро назди Еҳушаъ берун оварданд, Еҳушаъ ҳамаи исроилиёнро хонд, ва ба саркар-дагони мардони ҷангӣ, ки бо ӯ мерафтанд, гуфт: «Наздик омада, пойҳои худро бар гардани ин подшоҳон  бимонед». Ва наздик омада, пойҳои худро бар гардани онҳо монданд.
  25. Ва Еҳушаъ ба онҳо гуфт: «Натарсед ва ҳаросон наша-вед; кавӣ ва далер бошед, зеро Худованд ба ҳамаи душманонатон, ки шумо бо онҳо меҷангед, чунин хоҳад кард».
  26. Ва пас аз ин Еҳушаъ онҳоро зада кушт ва бар панҷ дор овехт; ва то шом онҳо бар дорҳо овезон буданд.
  27. Ва дар вақти ғуруби офтоб Еҳушаъ амр фармуд, ва онҳоро аз дорҳо фуроварда, ба мағорае ки дар он пинҳон шуда буданд, партофтанд, ва дар даҳани мағора сангҳои ка-лон гузоштанд, ки ин то имрӯз боқист.
  28. Ва дар он рӯз Еҳушаъ Маққедоро забт намуда, аҳолии он ва подшоҳи онро ба дами шамшер кушт, — он ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, несту нобуд карда, растагореро боқӣ нагузошт; ва ба подшоҳи Маққедо ончунон амал кард, ки ба подшоҳи Ериҳӯ карда буд.
  29. Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми Исроил бо ӯ буданд, аз Маққедо ба Либно гузашта, бо Либно ҷанг кард.
  30. Ва Худованд онро низ бо якҷоягии подшоҳи он ба дасти Исроил супурд; ва он ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, ба дами шамшер кушт,   ва  растагореро дар он боқӣ нагузошт; ва ба подшоҳаш ончунон амал кард, ки ба под-шоҳи Ериҳӯ карда буд.
  31. Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми Исроил бо ӯ бу-данд, аз Либно ба Лохиш гузашт, ва назди он ӯрду зада, бо он ҷанг кард.
  32. Ва Худованд Лохишро ба дасти Исроил супурд, ва онро дар рӯзи дуюм забт намуда, он ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, торумор кард, чунон ки ба Либно амал карда буд.
  33. Он гоҳ Ҳӯром подшоҳи Ҷозар ба мадади Лохиш баромад, вале Еҳушаъ ӯ ва қавми уро торумор кард, ба дараҷае ки растагореро дар ӯ боқӣ нагузошт.
  34. Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми Исроил бо ӯ буданд, аз Лохиш ба Эҷлӯн гузашт, ва назди он ӯрду зада, бар зид-ди он ҷанг карданд.
  35. Ва дар он рӯз онро забт карда, аҳолии онро ба дами шамшер куштанд, ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, дар он рӯз несту нобуд кард, чунон ки ба Лохиш карда буд.
  36. Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми Исроил бо ӯ буданд, аз Эҷлӯн ба Ҳебрӯн гузашт, ва бар зидди он ҷанг карданд.
  37. Ва онро забт намуда, он ва подшоҳи он,  ва ҳамаи шаҳрҳои он ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, ба дами шам-шер  куштанд;   растагореро   боқӣ   нагузошт, чунон ки ба Эҷлӯн карда буд; ва он ва ҳар  ҷондореро, ки дар он буд, несту нобуд кард.
  38. Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми Исроил бо ӯ буданд, ба Дабир рӯ овард, ва бар зидди он ҷанг кард.
  39. Ва он ва подшоҳи он ва ҳамаи шаҳрҳои онро забт на-муд; ва онҳоро ба дами шамшер куштанд, ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, несту нобуд карданд; растагореро боқӣ нагу-зошт; ба Дабир ва подшоҳи он ончунон амал кард, чунон ки ба Ҳебрӯн карда буд, ва чунон ки ба Либно ва подшоҳи он карда буд.
  40. Ва Еҳушаъ тамоми он заминро: қӯхистон ва ҷануб ва пастӣ ва нишебиҳо, ва ҳамаи подшоҳони онҳоро торумор карда, растагореро боқӣ нагузошт; ва ҳар ҷондорро несту нобуд кард, чунон ки Худованд Худои Исроил амр фармуда буд.
  41. Ва онҳоро Еҳушаъ аз Қодеш-Барнеа то Ғазза, ва тамо-ми замини Ҷӯшанро то Ҷибъӯн торумор кард.
  42. Ва ҳамаи ин подшоҳон ва заминашонро Еҳушаъ якбора забт намуд, зеро ки Худованд Худои Исроил барои Исроил меҷангид.
  43. Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми Исроил бо ӯ бу-данд, ба ӯрдугоҳи Ҷилҷол баргашт.

© IBT 1992