Рут боби 2

Рут хизмат мекунад.

  1. НООМӢ хешованде аз тарафи шавҳари худ дошт, ки марди паҳлавони сарватдоре аз хонаводаи Элимелех буд, ва номаш — Бӯаз.
  2. Ва Рути мӯобия  ба Ноомӣ гуфт: «Мехоҳам ба кишт-зор равам ва аз қафои касе ки дар назараш илтифот ёбам, хӯшачинӣ  кунам».   Ба  вай  гуфт:   «Бирав, духтарам».
  3. Вай рафт ва ба киштзоре даромада, аз қафои дарав-гарон хӯшачинӣ кард. Ва чунин тасодуф шуд, ки он қитъаи киштзор ба Бӯаз, ки аз хонаводаи Элимелех буд, тааллуқ дошт.
  4. Ва инак, Бӯаз аз Байт-Лаҳм омад ва ба даравгарон гуфт: «Худованд бо шумо бод!» Ба ӯ гуфтанд: «Худованд туро баракат диҳад!»
  5. Ва Бӯаз ба навкари худ, ки назди даравгарон гузошта буд, гуфт: «Ин ҷавонзан аз они кист?»
  6. Навкаре ки назди даравгарон буд, ҷавоб дода, гуфт: «Вай ҷавонзани мӯобия аст, ки бо Ноомӣ аз ноҳияи Мӯоб баргаштааст;
  7. Вай ба ман гуфт, ки «мехоҳам аз қафои даравгарон дар миёни  бандҳо  хӯшаҳоро  чида ҷамъ кунам». Ва омада, аз худи саҳарӣ то алҳол ба по истод; фақат акнун андаке дар хона нишастааст».
  8. Ва Бӯаз   ба  Рут   гуфт:    «Бишнав,   духтарам,   барои хӯша чидан ба киштзори дигар нагузар   ва аз ин ҷо низ нарав,  балки ҳамроҳи канизони ман дар ин ҷо бош.
  9. Бигзор чашмонат ба киштзоре бошад, ки медараванд, ва аз қафояшон бирав. Ман ба навкарон амр фармудам, ки ба ту дастдарозӣ накунанд. Ҳар гоҳ ташна монӣ, назди зарфҳо бирав ва аз обе ки навкарон мекашанд, бинӯш».
  10. Вай бар рӯи худ афтода, то ба замин таъзим кард ва ба ӯ гуфт: «Чаро  дар  назарат  илтифот  ёфтаам,  ки маро бишиносӣ, ва ҳол он ки ман аҷнабизане ҳастам?»
  11. Бӯаз ба вай ҷавоб дода, гуфт: «Ҳар он чи ту пас аз вафоти шавҳарат барои модаршӯи худ кардаӣ, ба ман ҳикоят карда шуд, яъне ту падари худ ва модари худ ва замини зодгоҳи худро   тарк   кардаӣ   ва  назди  қавме  омадаӣ,   ки дирӯз ва парирӯз онро намешинохтӣ.
  12. Бигзор Худованд аъмоли туро подош диҳад, ва муз-ди ту аз  ҷониби  Худованд  Худои Исроил комил бошад, ки ту омадаӣ, то дар таҳти болҳои Ӯ паноҳ барӣ!»
  13. Вай гуфт: «Бигзор дар назари ту ман илтифот ёбам, оғои ман!  Ту маро тасаллӣ додӣ,  ва бо суханонат  дили канизи  худро  бардоштӣ,   агарчи  ман сазовори он нестам, ки мисли яке аз канизони ту бошам».
  14. Ва чун вақти хӯрок расид, Бӯаз ба вай гуфт: «Ин ҷо биё ва нон бихӯр ва луқмаи худро дар сирко биғӯтон». Вай назди даравгарон   нишаст,   ва   ӯ  хӯшаҳои бирьён ба вай дароз кард; вай хӯрда сер шуд,  ва боз боқӣ монд.
  15. Ва барои хӯша чидан   бархост.   Ва  Бӯаз  ба навка-рони худ амр фармуда, гуфт: «Бигзор вай дар миёни бандҳо низ бичинад, ва осебе ба вай нарасонед;
  16. Аз қучоқҳо низ барои вай бароварда партоед, то би-чинад, ва таънае бар вай назанед».
  17. То бегоҳӣ вай дар он киштзор хӯшачинӣ кард, ва он чи чида буд, кӯфт, ва қариб як эфа* ҷав баромад;
  18. Онро бардошта, ба шаҳр омад, ва он чи чида буд, модаршӯяш дид. Ва он чи пас аз сер шуданаш боқӣ монда буд, бароварда ба ӯ дод.
  19. Ва модаршӯяш ба вай гуфт: «Имрӯз дар куҷо чидӣ ва дар куҷо кор кардӣ? Бигзор он валинеъмати ту баракат ёбад!» Вай ба модаршӯяш аз касе ки наздаш кор карда буд, хабар дода, гуфт: «Номи касе ки наздаш имрӯз кор кардам, Бӯаз аст».
  20. Ва Ноомӣ ба келини худ гуфт: «Бигзор ӯ баракат ёбад аз ҷониби Худованд, ки эҳсони худро ба зиндагон ва мур-дагон бас накардааст!» Ва Ноомӣ ба вай гуфт: «Он мард ба мо наздик аст; ӯ аз фидиягузорони* мост».
  21. Рути мӯобия гуфт: «Ӯ ҳатто ба ман гуфт, ки «ҳамроҳи канизони ман   бош,   то   вақте  ки тамоми дарави  маро ба итмом расонанд»».
  22. Ва Ноомӣ ба келини худ — Рут гуфт: «Хуб аст, духта-рам, ки ҳамроҳи канизони ӯ берун оӣ, ва дар киштзори дигар ба ту дастдарозӣ накунанд».
  23. Вай ба канизони Бӯаз ҳамроҳ шуда, хӯшачинӣ кард, то вақте ки дарави ҷав ва дарави гандум ба итмом расид; ва бо модаршӯи худ иқомат дошт.

*17. Эфа — андозаи ғалладона, ки ҳаҷмаш ба 40 литр баробар   буд.

*20. Фидиягузорон — хешҳои наздик. Дар замони қадим касе агар мурда, фарзанде аз ӯ намемонд, яке аз ин хешҳои наздикаш қитъаи замини ӯро фидия дода мехарид ва дар айни замон зани ӯро ба никоҳи худ медаровард, то ки аз вай фарзанде ба дуньё оварда,  номи он марҳумро зинда кунад.

© IBT 1992