Ҳастӣ боби 39

Юсуф назди Фӯтифар. Озмоиш ва зиндон.

  1. ВА Юсуфро ба Миср бурданд; ва ӯро Фӯтифар ном марди мисрӣ, ки дарбории фиръавн, сардори посбонон буд, аз дасти исмоилиёне ки ӯро ба он ҷо бурда буданд, харид.
  2. Ва Худованд бо Юсуф буд; ва ӯ марди комьёб шуд, ва дар хонаи оғои мисрии худ бимонд.
  3. Ва оғояш дид, ки Худованд бо ӯст, ва ҳар он чи ӯ мекунад, Худованд дар дасти ӯ муваффақият меоварад.
  4. Ва Юсуф дар назари вай илтифот ёфт, ва ба вай хиз-мат мекард. Ва ӯро ба хонаи худ баргумошт, ва тамоми дороии худро ба дасти ӯ дод.
  5. Ва аз ҳамон вақте ки ӯро ба хонаи худ ва ба тамоми до-роии худ баргумошт, Худованд хонаи он мисриро барои хо-тири Юсуф баракат дод, ва баракати Худованд бар ҳамаи дороии вай чи дар хона, чи дар саҳро буд.
  6. Ва ҳар он чи дошт, ба дасти Юсуф вогузошт; ва аз он чи бо ӯ буд, ҳеҷ хабар надошт, ҷуз ноне ки мехӯрд. Ва Юсуф хушандом ва хушрӯй буд.
  7. Ва баъд аз ин ҳодисот чунин воқеъ шуд, ки зани оғояш бар Юсуф чашм андохта, гуфт: «Бо ман бихоб».
  8. Вале ӯ розӣ нашуда, ба зани оғои худ гуфт: «Инак, оғои ман аз он чи бо ман дар хона аст, хабар надорад, ва ҳар он чи дорад, ба дасти ман додааст;
  9. Аз ман калонтаре дар ин хона нест; ва ӯ ҳеҷ чизе аз ман дареғ надоштааст, ҷуз ту, чунки ту зани ӯ ҳастӣ; пас чӣ гуна ин бадкирдории бузургро содир кунам ва дар назди Худо гуноҳкор шавам?»
  10. Ва агарчи вай ҳаррӯза ба Юсуф сухан мегуфт, ки бо вай бихобад ва назди вай бошад, ӯ гапи варо гӯш намекард.
  11. Ва рӯзе воқеъ шуд, ки ӯ ба хона даромад, то ки бо кори худ машғул шавад, аммо аз аҳли хона касе он ҷо, дар хона набуд;
  12. Вай ӯро аз ҷомааш дошта, гуфт: «Бо ман бихоб». Вале ӯ ҷомаи худро дар дасти вай монда, давид ва берун рафт.
  13. Чун зан дид, ки Юсуф ҷомаи худро дар дасти вай монд ва давида, берун рафт,
  14. Аҳли хонаашро фарьёд карда, гуфт: «Бубинед, марди ибриро назди мо овард, то ки моро масхара кунад. Ӯ назди ман омад, то ки бо ман бихобад; лекин ман бо овози баланд фарьёд задам;
  15. Ва чун шунид, ки ман овози худро баланд карда, фарьёд задам, ҷомаашро пеши ман монд ва давида, берун рафт».
  16. Ва ҷомаи ӯро назди худ нигоҳ дошт то вақте ки оғояш ба хона омад.
  17. Ва ба вай ҳамон суханонро такрор карда, гуфт: «Он ғуломи ибрӣ, ки ба мо овардӣ, назди ман омад, то ки маро масхара кунад;
  18. Ва чун овози худро баланд карда, фарьёд задам, ҷомаи худро пеши ман монд ва гурехта, берун рафт».
  19. Вақте ки оғояш суханони зани худро шунид, ки ба ӯ нақл карда, гуфт: «Ғуломат ба ман чунин рафтор кард», ӯ ба ғазаб омад;
  20. Ва оғои Юсуф ӯро гирифта, дар зиндоне андохт, ки дар он ҷо маҳбусони подшоҳ буданд. Ва он ҷо ӯ дар зиндон буд.
  21. Ва Худованд бо Юсуф буд, ва ба ӯ эҳсон мекард, ва ӯро дар назари сардори зиндон илтифот бахшид.
  22. Ва сардори зиндон ҳамаи маҳбусонеро, ки дар зиндон буданд, ба дасти Юсуф дод, ва ҳар коре ки дар он ҷо мекар-данд, ӯ идоракунандаи он буд.
  23. Сардори зиндон ба ҳеҷ як чизе ки дар дасти Юсуф буд нигоҳ намекард: чунки Худованд бо ӯ буд, ва дар ҳар кори ӯ Худованд муваффақият меовард.

© IBT 1992

Оставьте комментарий