Ададҳо боби 18

Имтиёзот ва воҷиботи Ҳорун ва левизодагон.

  1. ВА Худованд ба Ҳорун гуфт: «Ту, ва писаронат ва хонадони падарат бо ту, барои ҳар гуноҳи оид ба қудс масъул хоҳед буд; ва ту, ва писаронат бо ту, барои ҳар гуноҳи оид ба каҳонати шумо масъул хоҳед буд.
  2. Ва бародарони худро низ, яъне сибти Левиро, ки сибти падари туст, ба худ наздик бикун, то ки бо ту ҳамроҳӣ на-моянд ва хизматгузорони ту бошанд; валекин ту, ва писаронат бо ту, пеши хаймаи шаҳодат хоҳед буд.
  3. Бигзор онҳо хизмати ту ва хизмати тамоми хаймаро ба ҷо оваранд, аммо ба колои муқаддас ва ба қурбонгоҳ наздик нашаванд, то ки на шумо бимиред, на онҳо.
  4. Ва бигзор онҳо бо ту ҳамроҳӣ намуда, хизматгузории хаймаи ҷомеъ ва ҳар кори хаймаро ба ҷо оваранд; ва каси бегонае набояд ба шумо наздик ояд.
  5. Ва шумо хизмати қудс ва хизмати қурбонгоҳро ҳамин тавр ба ҷо оваред, то ки ғазаб бар банӣ-Исроил дигар рӯй надиҳад.
  6. Валекин Ман, инак бародарони шумо левизодагонро аз миёни банӣ-Исроил гирифтаам, ки онҳо ба шумо барои Худованд инъом карда шудаанд, то ки корҳои хаймаи ҷо-меъро иҷро кунанд.
  7. Вале ту, ва писаронат бо ту, каҳонати худро аз ҷиҳати ҳар кори қурбонгоҳ ва он чи андарун, дар пушти парда аст, риоя намуда, хизмат кунед; кори каҳонатро Ман ба шумо инъом мекунам, ва ҳар бегонае ки наздик ояд, кушта хоҳад шуд».
  8. Ва Худованд ба Ҳорун гуфт: «Инак, Ман бақияи ҳа-дияҳои Худро аз ҳамаи қурбониҳои муқаддаси банӣ-Исроил ба ту бахшидам, онҳоро ба ту ва писаронат ба фаризаи доимӣ насиб кардам.
  9. Аз вақфҳои муқаддасе ки аз оташ боқӣ мемонад, инҳо аз они ту хоҳад буд: ҳар қурбонии онҳо, яъне ҳар ҳадияи ордии онҳо ва ҳар қурбонии гуноҳи онҳо ва ҳар қурбонии ҷурми онҳо, ки ба Ман тақдим мекунанд; инҳо барои ту ва писаронат чизи муқаддастарин аст.
  10. Онро дар макони муқаддас бихӯред; ҳар мардина метавонад аз он бихӯрад. Он барои ту муқаддас аст.
  11. Ва ин ҳам барои ту ҳиссаи бахшиши онҳо аз ҳамаи инъомҳои ҷунбонидании банӣ-Исроил хоҳад буд: онро Ман ба ту, ва ба писаронат ва духтаронат бо ту, ба фаризаи доимӣ бахшидам; ҳар касе ки дар хонаи ту пок бошад, метавонад аз он бихӯрад.
  12. Тамоми гузини равғанро, ва тамоми гузини шароб ва ғалларо, яъне навбарҳои онҳоро, ки ба Худованд тақдим менамоянд, ба ту бахшидам.
  13. Ҳамаи меваҳои аввалини замини онҳо, ки ба Худованд меоваранд, бигзор аз они ту бошад; ҳар касе ки дар хонаи ту пок бошад, метавонад аз онҳо бихӯрад.
  14. Ҳар он чи дар Исроил вақф карда мешавад, бигзор аз они ту бошад.
  15. Ҳар раҳимкушои ҳар башар, ки аз одамон ва аз чор-поён ба Худованд тақдим менамоянд, бигзор аз они ту бо-шад; аммо барои нахустзодаи одамон албатта фидия бигир, ва барои нахустзодаи чорпоёни наҷис фидия бигир.
  16. Ва онҳое ки барояшон фидия дода мешавад, бояд як мо-ҳа бошанд, ва барояшон мувофиқи қиматдиҳии худат панҷ сиқл нуқра бо сиқли муқаддас, ки аз бист ҷеро иборат аст, фидия бигир.
  17. Аммо барои нахустзодаи говон ё нахустзодаи гӯсфандон ё нахустзодаи бузон фидия нагир: онҳо муқаддас аст; хуни онҳоро бар қурбонгоҳ бипош, ва чарбуи онҳоро ҳам-чун қурбонии оташин бисӯзон, то ки атри гуворо барои Худо-ванд бошад.
  18. Ва гӯшти онҳо аз они ту хоҳад буд; мисли синаи ҷун-бониданӣ ва мисли соқи рост аз они ту хоҳад буд.
  19. Ҳамаи ҳадияҳоро аз қурбониҳое ки банӣ-Исроил ба Худованд тақдим менамоянд, ба ту, ва ба писарону духтаро-нат бо ту, ба фаризаи доимӣ медиҳам; ин ба ҳузури Худованд барои ту, ва барои насли ту бо ту, аҳди намак то абад хоҳад буд».
  20. Ва Худованд ба Ҳорун гуфт: «Ту дар замини онҳо мулке нахоҳӣ дошт, ва ҳиссае барои ту дар миёни онҳо нахоҳад буд; Ман ҳиссаи ту ва мулки ту дар миёни банӣ-Исроил ҳастам.
  21. Вале ба банӣ-Левӣ, инак, Ман тамоми ушри банӣ-Исроилро барои моликият додам, дар ивази хизмате ки онҳо ба ҷо меоваранд, яъне хизмати хаймаи ҷомеъ.
  22. Ва банӣ-Исроил дигар ба хаймаи ҷомеъ наздик нахоҳанд шуд, то ки гуноҳкор нашаванд ва намиранд.
  23. Ва левизодагон бигзор хизмати хаймаи ҷомеъро ба ҷо оваранд, вале онҳо барои гуноҳашон ҷазо хоҳанд ёфт; ин барои наслҳои шумо фаризаи доимӣ хоҳад буд, ва дар миёни банӣ-Исроил онҳо мулке нахоҳанд дошт,
  24. Зеро ки ушри банӣ-Исроилро, ки барои Худованд ҳадия мекунанд, Ман ба левизодагон ҳамчун мулк медиҳам; бинобар ин Ман ба онҳо гуфтам, ки дар миёни банӣ-Исроил мулке нахоҳанд дошт».
  25. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  26. «Ба левизодагон сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки ушреро, ки аз банӣ-Исроил ба шумо ҳамчун моликият додаам, аз онҳо мегиред, шумо ҳадияи Худовандро аз он, яъне ушре аз ушр тақдим намоед.
  27. Ва ҳадияи шумо барои шумо мисли гандуми хирман ва мисли маҳсули фаровони чархушт ба шумор хоҳад рафт.
  28. Ҳамин тавр шумо низ аз ҳамаи ушрҳое ки аз банӣ-Исроил мегиред, ҳадияи Худовандро тақдим хоҳед кард, ва ҳадияи Худовандро аз он ба Ҳоруни коҳин хоҳед дод.
  29. Аз ҳамаи инъомҳое ки мегиред, ҳар ҳадияи Худовандро аз тамоми чарбуи онҳо, аз қисми тақдисьёфтаи онҳо тақдим намоед.
  30. Ва ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо чарбуи онҳоро аз онҳо тақдим менамоед, ин барои левизодагон мисли гандуми хирман ва мисли маҳсули чархушт ба шумор хоҳад рафт.
  31. Ва онро шумо ва аҳли байти шумо метавонед дар ҳар ҷо бихӯред, зеро ки ин музди шумост дар ивази хизмате ки дар хаймаи ҷомеъ ба ҷо меоваред.
  32. Ва агар чарбуи онҳоро аз онҳо ҷудо карда тақдим намуда бошед, шумо ба сабаби онҳо гуноҳкор нахоҳед буд; ва он чиро, ки банӣ-Исроил тақдис менамоянд, палид нагар-донед, то ки намиред».

© IBT 1992