Дуюм Подшоҳон боби 8

Пойдор шудани салтанати Довуд. Ғалабаҳои ӯ.

  1. ВА баъд аз ин Довуд ба фалиштиён зарба расонида, онҳоро мағлуб кард, ва Довуд  инони  ихтиёри  пойтахти фалиштиёнро аз дасташон гирифт.
  2. Ва ба Мӯоб шикаст расонид, ва онҳоро ба замин хобонида, бо арғамчин чен кард, ва ду арғамчин барои куштан чен кард ва як арғамчин  барои  зинда нигоҳ доштан; ва мӯобиён бандагони хироҷгузори Довуд гардиданд.
  3. Ва Довуд ба Ҳададозар ибни Раҳӯб, подшоҳи Сӯбо, вақте ки вай мерафт, то ҳукмронии худро назди наҳри Фурот аз нав барқарор намояд, шикаст расонид.
  4. Ва Довуд ҳазору ҳафтсад савора ва бист ҳазор пиёда аз вай гирифт; ва Довуд ҳамаи аспҳои аробаҳои варо пай кард, вале аз онҳо барои сад ароба нигоҳ дошт.
  5. Ва арамиёни Димишқ ба мадади Ҳададозар подшоҳи Сӯбо омаданд; ва Довуд аз арамиён бисту ду ҳазор нафарро кушт.
  6. Ва Довуд дар Арами Димишқ волиёнро гузошт, ва арамиён бандагони хироҷгузори Довуд гардиданд. Ва Худованд Довудро ба ҳар ҷое ки мерафт, ёварӣ менамуд.
  7. Ва Довуд сипарҳои тиллоро, ки бар навкарони Ҳада-дозар буд, гирифта, ба Ерусалим овард.
  8. Ва аз Ботаҳ ва Берӯтай, ки шаҳрҳои Ҳададозар буд, Довуд миси бағоят бисьёре гирифт.
  9. Ва Тӯй, подшоҳи Ҳамот, шунид, ки Довуд тамоми лашкари Ҳададозарро   мағлуб  кардааст.
  10. Ва Тӯӣ  писари  худ Юромро  назди подшоҳ Довуд фиристод,  то ки ба ӯ  салом расонад  ва ӯро муборакбод гӯяд, ба муносибати он ки бо Ҳададозар ҷанг карда, варо мағлуб   намудааст,   зеро  ки  Ҳададозар   ба  муқобили Тӯӣ бисьёр меҷангид.  Ва дар дасти Юром зарфҳои нуқра ва зарфҳои тилло ва зарфҳои мис буд.
  11. Ва подшоҳ Довуд онҳоро низ барои Худованд вақф намуд, бо якҷоягии нуқра ва тиллое ки аз ҳамаи халқҳои мағлубкардаи худ гирифта вақф намуда буд,
  12. Яъне аз Арам ва Мӯоб ва банӣ-Аммӯн ва фалиштиён ва Амолеқ ва аз ғанимати Ҳададозар ибни Раҳӯб, подшоҳи Сӯбо.
  13. Ва Довуд шӯҳрат  пайдо кард, вақте ки аз шикаст додани ҳаждаҳ ҳазор арамиён дар водии Намак, бармегашт.
  14. Ва дар  Адӯм  волиёнро  гузошт,   дар   тамоми  Адӯм волиёнро   гузошт,   ва   ҳамаи   адӯмиён   бандагони   Довуд гардиданд.  Ва Худованд Довудро ба ҳар ҷое ки мерафт, ёварӣ менамуд.
  15. Ва Довуд  дар  тамоми Исроил подшоҳӣ мекард; ва Довуд бар тамоми қавми худ доварӣ ва инсофро ба амал меовард.
  16. Ва Юоб ибни   Саруё  сарлашкар  буд,   ва Еҳӯшофот ибни Аҳилуд — вақоеънавис.
  17. Ва Содӯқ ибни Аҳитӯб ва Аҳималик ибни  Абьётор коҳин буданд, ва Сароё котиб буд.
  18. Ва Баноё ибни  Еҳӯёдоъ  бар   каритиён ва фалитиён сардор буд; ва писарони Довуд садрнишин буданд.

© IBT 1992