Дуюм Вақоеънома боби 15

Азарьёҳуи набӣ Осоро огоҳ менамояд.

  1. ВА Рӯҳи Худо бар Азарьёҳу ибни Ӯдид нозил шуд.
  2. Ва ӯ ба истиқболи Осо   берун   омада, ба вай гуфт: «Эй Осо ва тамоми Яҳудо ва Биньёмин, маро  бишнавед: Худованд бо шумост, вақте ки шумо бо ӯ бошед, ва агар Ӯро ҷӯё шавед, Ӯ барои шумо ёфт хоҳад шуд, вале агар Ӯро тарк кунед, Ӯ шуморо тарк хоҳад кард.
  3. Ва айёми зиёде исроилиён бе Худои ҳақ, ва бе коҳини омӯзгор, ва бе шариат буданд,
  4. Вале дар тангии худ сӯи  Худованд   Худои  Исроил баргаштанд, ва Ӯро ҷӯё шуданд, ва Ӯ барои онҳо ёфт шуд.
  5. Ва дар он замонҳо барои ҳар касе ки даробаро мекард, сулҳу осоиштагӣ набуд, зеро ки бар ҳамаи сокинони заминҳо изтироби зиёде буд.
  6. Ва халқе бо халқе, ва шаҳре бо шаҳре ҷидол мекарданд, зеро ки Худо онҳоро ба ҳар навъ мусибат гирифтор месохт.
  7. Валекин шумо қавӣ бошед, ва бигзор дастҳотон суст нашавад, зеро ки барои аъмолатон подоше ҳаст».

Осо бутпарастиро барҳам медиҳад.

  1. Ва ҳангоме ки Осо ин   суханон  ва  нубуввати  ибни Ӯдиди набиро шунид,   қавидил гардид ва қабоҳатҳоро аз тамоми замини Яҳудо ва Биньёмин, ва аз шаҳрҳое ки аз кӯҳистони Эфроим гирифта буд, барҳам дод, ва қурбонгоҳи Худовандро, ки пеши равоқи Худованд буд, аз нав барқарор кард.
  2. Ва тамоми Яҳудо ва Биньёмин, ва ғарибонеро, ки аз Эфроим ва Менашше ва Шимъӯн бо онҳо сокин буданд, ҷамъ кард, зеро бисьёре аз Исроил ба ӯ ҳамроҳ шуда буданд, чун диданд, ки Худованд Худои ӯ бо ӯст.
  3. Ва дар моҳи сеюм, дар соли понздаҳуми подшоҳии Осо, дар Ерусалим ҷамъ шуданд.
  4. Ва дар он рӯз аз ғанимате ки оварда буданд, ҳафтсад гов ва  ҳафт  ҳазор   гӯсфандро   барои   Худованд  қурбонӣ карданд.
  5. Ва аҳд бастанд, ки Худованд Худои падарони худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ҷӯё  шаванд.
  6. Ва ҳар касе ки Худованд Худои Исроилро ҷӯё наша-вад, аз хурд то калон, аз мард то зан бояд кушта шавад.
  7. Ва бо овози баланд ва бонги шодмонӣ, ва бо навохтани карнайҳо ва шохҳо ба Худованд қасам хӯрданд.
  8. Ва тамоми Яҳудо аз ин қасам шод гардиданд, зеро ки бо тамоми дили худ қасам хӯрданд, ва бо тамоми иродаи худ Ӯро ҷӯё шуданд, ва Ӯ барои онҳо ёфт шуд; ва Худованд ба онҳо аз ҳар тараф оромӣ ато намуд.
  9. Ва низ подшоҳ Осо модари худ Маакоро аз унвони малика маҳрум кард, барои он ки вай ҳайкале барои Ашера сохта буд; ва Осо ҳайкали варо шикаста пора-пора кард ва дар водии Қидрӯн сӯзонид.
  10. Валекин баландиҳо аз Исроил дур карда нашуд; аммо дили Осо тамоми айёми ӯ амин буд.
  11. Ва чизҳоеро, ки падараш вақф карда буд, ва чизҳоеро, ки худаш вақф карда буд, яъне нуқра ва тилло ва зарфҳоро ба хонаи Худованд даровард.
  12. Ва то соли сию панҷуми подшоҳии Осо ҷанг набуд.

© IBT 1992