Дуюм Вақоеънома боби 16

Ҷанг дар миёни Осо ва Баъшо.

  1. ДАР соли сию шашуми подшоҳии Осо Баъшо, подшоҳи Исроил, ба муқобили Яҳудо баромада, Роморо бино кард, то ки касе натавонад назди Осо, подшоҳи Яҳудо, рафтуомад кунад.
  2. Ва Осо нуқра ва тиллоро аз хазоини хонаи Худованд ва хонаи подшоҳ баровард, ва ба Бин-Ҳадад, подшоҳи Арам, ки дар Димишқ сокин буд, фиристода, гуфт:
  3. «Дар миёни ман ва ту, ва дар миёни падари ман ва падари ту аҳд буд; пас, аҳдеро, ки бо Баъшо, подшоҳи Исроил, дорӣ, бишкан, то ки вай аз пеши ман ақиб гардад».
  4. Ва Бин-Ҳадад ба подшоҳ Осо гӯш дода, сипаҳдорони худро ба муқобили шаҳрҳои Исроил фиристод, ва онҳо Ийюн ва Дон ва Обил-Мойим ва ҳамаи шаҳрҳои захираи Нафтолиро зарба заданд.
  5. Ва ҳамин ки Баъшо инро шунид, аз   бино кардани Ромо даст кашида, кори худро хобонид.
  6. Ва подшоҳ Осо тамоми аҳли   Яҳудоро   ҷамъ  кард, ва онҳо сангҳои Ромо ва чӯбҳояшро, ки Баъшо бо онҳо бино карда буд, бардошта бароварданд; ва ӯ Ҷобаъ ва Мисфоро бо онҳо бино намуд.

Ҳанонии набӣ Осоро мазаммат мекунад.

  1. Ва дар он замон Ҳанонии пешбин назди Осо, подшоҳи Яҳудо, омада, ба ӯ гуфт: «Азбаски ту ба подшоҳи Арам таваккал кардӣ, валекин ба Худованд Худои худ таваккал накардӣ, бинобар ин лашкари подшоҳи Арам аз дасти ту раҳо шуд.
  2. Ҳабашиён ва лубиён, охир,  соҳиби лашкари бузурге буда, аробаҳо ва саворагони бағоят зиёде доштанд, вале азбаски ту ба Худованд таваккал кардӣ, Ӯ онҳоро ба дасти ту супурд.
  3. Зеро ки чашмони Худованд тамоми заминро  мушо-ҳида мекунад, то онҳоеро,   ки   дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият  намояд; ту дар  ин бобат   аблаҳӣ  кардӣ,  бинобар ин минбаъд ба ҷангҳо мубтало хоҳӣ шуд».

Осо Ҳанониро дар зиндон андохт.

  1. Ва Осо ба пешбин ғазаб карда, варо дар зиндон андохт, зеро ки бар вай барои ин хашмгин шуд; ва дар он замон Осо баъзеро аз миёни қавм ба танг меовард.
  2. Ва инак, аъмоли Осо, аз аввал то охир, дар китоби подшоҳони Яҳудо ва Исроил навишта шудааст.
  3. Ва Осо дар соли сию нӯҳуми подшоҳии худ гирифтори дарди по гардид, ва дардаш торафт  сахт  шуд,   вале  дар бемории худ низ Худовандро ҷӯё нашуд, балки табибонро.

Беморӣ ва фавти Осо.

  1. Ва Осо бо падарони худ хобид, ва дар соли чилу якуми подшоҳии худ вафот кард,
  2. Ва ӯро дар мақбарае ки барои худ дар шаҳри Довуд канда буд,  дафн карданд; ва ӯро дар қабре ки аз атриёт ва моддаҳои  хушбӯи  сунъӣ пур буд, гузоштанд, ва барои ӯ оташи ниҳоятдараҷа бузурге барафрӯхтанд.

© IBT 1992