Якум Вақоеънома боби 16

Ибодати ботантана. Довуд мутрибонро пеши сандуқ таъин мекунад.

  1. ВА сандуқи Худоро оварда, онро андаруни хаймае ки Довуд барои он барпо карда буд, гузоштанд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ ба ҳузури Худо  тақдим карданд.
  2. Ва Довуд   тақдим   кардани   қурбониҳои сӯхтанӣ   ва қурбониҳои саломатиро ба анҷом расонида, қавмро ба исми Худованд баракат дод.
  3. Ва ба тамоми мардуми Исроил, аз мард то зан, ба ҳар кас якто нон, як порча гӯшт ва як кулчаи мавизӣ тақсим карда дод.
  4. Ва баъзе аз левизодагонро пеши сандуқи Худованд барои  хизматгузорӣ  таъин  кард,   то   ки  Худованд  Худои Исроилро зикр намоянд ва ҳамд гӯянд ва мадҳ кунанд:
  5. Ософ — сардор, ва баъд аз ӯ дуюмин — Закарьё, ва Яиил ва Шамиромӯт ва Яҳиил ва Маттитьё ва Элиоб ва Баноёҳу ва Убайд-Адӯм ва Яиил — бо асбоби уд ва барбатҳо, ва Ософ барои навохтани санҷҳо,
  6. Ва коҳинон Баноёҳу ва Яҳазиил, ки доимо пеши сан-дуқи аҳди Худованд карнай менавохтанд.

Таронаи шукронаи Довуд.

  1. Дар ҳамон рӯз Довуд бори аввал ба Ософ ва барода-ронаш амр фармуд, ки Худовандро ҳамд гӯянд.
  2. Худовандро ҳамд гӯед, исми Ӯро бихонед, корҳои Ӯро дар миёни қавмҳо шӯҳрат диҳед!
  3. Дар шаъни Ӯ суруд гӯед, дар шаъни Ӯ бинавозед, ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯро ҳикоят кунед!
  4. Бо исми муқаддаси Ӯ фахр намоед, бигзор дили толибони Худованд шод гардад!
  5. Худованд ва қудрати Ӯро толиб бошед, рӯи Ӯро ҳамеша биҷӯед!
  6. Корҳои аҷоиберо, ки Ӯ кардааст, ба ёд оваред, мӯъҷизоти Ӯ ва довариҳои даҳони Ӯро,
  7. Эй насли бандаи Ӯ Исроил, эй писарони Яъқуби баргузидаи Ӯ!
  8. Ӯ Худованд Худои мост, довариҳои Ӯ бар тамоми замин аст.
  9. Аҳди Ӯро то абад ба ёд оваред, каломеро, ки Ӯ барои ҳазор насл амр фармуд,
  10. Он аҳдро, ки бо Иброҳим баст, ва он қасамро, ки барои Исҳоқ ёд кард,
  11. Ва онро барои Яъқуб қонун гардонид, барои Исроил — аҳди ҷовидонӣ,
  12. Яъне гуфт: замини Канъонро ба ту хоҳам дод, то ки ҳиссаи мероси шумо гардад, —
  13. Дар сурате ки шумо мардуми камшумор   будед, ба миқдори каме дар он ҷо ғариб будед.
  14. Ва онҳо аз халқе ба халқе овора шуда мегаштанд, ва аз як мамлакат ба қавми дигар.
  15. Аммо Ӯ нагузошт, ки касе  онҳоро  ба танг оварад, ва подшоҳонро аз барои онҳо ҷазо дод:
  16. «Ба масеҳони Ман даст нарасонед, ва ба анбиёи Ман бадӣ накунед!»
  17. Дар шаъни Худованд суруд гӯед, эй тамоми аҳли замин! Наҷоти Ӯро рӯз ба рӯз башорат диҳед!
  18. Ҷалоли Ӯро дар миёни халқҳо баён намоед, ва корҳои аҷоиби Ӯро дар миёни ҳамаи қавмҳо!
  19. Зеро ки Худованд бузург аст ва бениҳоят мамдӯҳ, ва Ӯ саҳмгин аст бар ҳамаи худоён.
  20. Зеро ки ҳамаи худоёни қавмҳо бутҳоянд, вале Худованд осмонро офаридааст.
  21. Шукӯҳ ва шавкат ба ҳузури Ӯст, қувват ва шодмонӣ дар макони Ӯст.
  22. Худовандро васф  гӯед,   эй  қабилаҳои  қавмҳо, дар шаъни Худованд васфи ҷалол ва қувватро гӯед!
  23. Дар шаъни Худованд васфи ҷалоли исми Ӯро гӯед, ҳадия биёред ва ба ҳузури Ӯ биёед, ба Худованд дар шавкати қудсият саҷда баред!
  24. Пеши Ӯ биларзед, эй тамоми аҳли замин; дуньё низ устувор шудааст, фурӯ нахоҳад ғалтид.
  25. Бигзор осмон хурсандӣ кунад, ва замин ба ваҷд ояд, ва халқҳо гӯянд: «Худованд подшоҳӣ мекунад».
  26. Бигзор баҳр ва ҳар чи дар он аст, хурӯш бардорад, саҳро ва ҳар чи дар он аст, шод гардад.
  27. Он гоҳ дарахтони ҷангал ба ҳузури Худованд тараннум хоҳанд кард, зеро ки Ӯ меояд,  то ки заминро доварӣ намояд.
  28. Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст!
  29. Ва бигӯед: «Моро наҷот деҳ, эй Худои наҷоти мо, ва моро ҷамъ намо,  ва моро аз миёни халқҳо раҳоӣ бидеҳ, то ки исми куддуси Туро ҳамд гӯем, аз ҷалоли Ту фахр намоем.
  30. Муборак аст Худованд Худои Исроил, аз азал то абад!» Ва тамоми  қавм  гуфтанд:   «Омин!»   Ва  Худовандро  мадҳ карданд.
  31. Ва ӯ дар он ҷо, пеши сандуқи аҳди Худованд, Ософ ва бародаронашро гузошт, то ки пеши сандуқ ҳамеша бо кори ҳаррӯза машғул бошанд;
  32. Ва Убайд-Адӯм ва  бародаронашро,   ки  шасту ҳашт нафар буданд, ва Убайд-Адӯм ибни Едутун ва Ҳӯсоро — ба вазифаи дарбонон;
  33. Ва Содӯқи коҳин ва бародарони коҳинашро — пеши маскани Худованд бар баландие ки дар Ҷибъӯн буд,
  34. То ки бар қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ барои Худо-ванд ҳамеша, ҳар субҳ ва ҳар  шом, қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим кунанд, бар тибқи ҳар он чи дар Тавроти Худованд, ки онро ба Исроил амр фармудааст, навишта шудааст;
  35. Ва бо онҳо Ҳеймон ва Едутун ва дигар баргузидагонро, ки номбар шудаанд, то ки Худовандро  ҳамд гӯянд, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
  36. Ва бо  онҳо  Ҳеймон  ва  Едутунро  бо   карнайҳо   ва санҷҳо, то  ки  навозандагони  асбоби  мусиқӣ дар хизмати Худо бошанд; ва писарони Едутунро, то ки дарвозаро посбонӣ намоянд.
  37. Ва тамоми қавм ҳар яке ба хонаи худ рафтанд; ва Довуд баргашт, то ки аҳли байти худро баракат диҳад.

© IBT 1992