Ҳастӣ боби 12

Ваъда. Аз вақти даъват шудани Абром то вацти қонунгузорӣ.

Аҳди чоруми Худо бо одам.

  1. ВА Худованд ба Абром гуфт: «Аз замини худ, аз ақрабои худ ва аз хонаи падари худ сӯи замине ки ба ту нишон диҳам, равона шав.
  2. Ва аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам, ва туро баракат диҳам, ва номи туро бузург созам: ва ту намунаи баракат хоҳӣ шуд.
  3. Ва баракат диҳам онҳоеро, ки туро муборак хонанд, ва лаънат гӯям ба онҳое ки туро малъун хонанд; ва дар ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост».

Абром дар замини мавъуд.

  1. Ва Абром, чунон ки Худованд ба ӯ фармуд, равона шуд; ва Лут ҳамроҳи ӯ рафт. Ва Абром ҳафтоду панҷсола буд, ҳангоме ки аз Ҳоррон берун омад.
  2. Ва Абром зани худ Сорай ва бародарзодаи худ Лутро бо тамоми дороие ки адӯхта буданд, ва бо ашхосе ки дар Ҳоррон доштанд, гирифт; ва берун омаданд, то ки сӯи зами-ни Канъон равона шаванд; ва ба замини Канъон омаданд.
  3. Ва Абром заминро тай карда, то мавзеи Шакем, то булутзори Мӯре расид. Ва дар он вақт канъониён дар ин замин буданд.
  4. Ва Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ба насли ту ин заминро медиҳам». Ва дар он ҷо барои Худованд, ки бар ӯ зоҳир шуд, қурбонгоҳе бино кард.
  5. Ва аз он ҷо ба кӯҳе ки аз Байт-Ил ба тарафи шарқ аст, кӯч кард; ва xаймаи худро барафрошт, ва Байт-Ил ба тарафи ғарбӣ ва Ай ба тарафи шарқии он буд; ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худовавд бино кард ва исми Худовандро хонд.
  6. Ва Абром рахт баста, ба самти ҷануб роҳ паймудан гирифт.

Абром дар Миср.

  1. Ва дар он замин қаҳтӣ буд. Ва Абром ба Миср фурӯд омад, то ки дар он ҷо зивдагӣ кунад; зеро ки қаҳтӣ дар он замин шиддат ёфт.
  2. Вақте ки ба Миср наздик меомад, ба зани худ Сорай гуфт: «Инак, ман медонам, ки ту зани хушрӯй ҳастӣ;
  3. Ва чун мисриён туро бинанд, гӯянд: «Ин зани ӯст»; пас маро бикушанд, ва туро зинда нигоҳ доранд.
  4. Пас бигӯ, ки ту хоҳари ман ҳастӣ, то ки ба хотири ту ба ман некӣ шавад, ва ҷонам ба туфайли ту зинда монад».
  5. Ва ҳангоме ки Абром ба Миср омад, мисриён ин занро диданд, ки хеле хушрӯй аст;
  6. Ва акобири фиръавн варо диданд, ва дар ҳузури фир-ъавн варо ситоиш карданд; ва ин зан ба хонаи фиръавн гирифта оварда шуд.
  7. Ва ба хотири вай ба Абром некӣ кард; ва Абром со-ҳиби гӯсфандон, ва говон, ва харон, ва ғуломон, ва канизон, ва хачирон, ва шутурон гардид.
  8. Ва Худованд фиръавн ва аҳли байти ӯро аз боиси Сорай, зани Абром, ба балоҳои бад гирифтор кард.
  9. Ва фиръавн Абромро хонда, гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба ман кардӣ? Чаро ба ман нагуфтӣ, ки вай зани туст?
  10. Чаро гуфтӣ: «Вай хоҳари ман аст»? Ва ман варо ба занӣ гирифтанӣ будам. Ва акнун инак зани ту; бигир ва бирав».
  11. Ва фиръавн дар ҳаққи ӯ ба одамони худ амр фармуд, ва ӯро бо занаш ва бо ҳар чизе ки дошт, гуселониданд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий