Чорум Подшоҳон боби 6

Элишоъ табареро, ки ба таги об рафта буд, берун меоварад.

  1. ВА банӣ-анбиё ба Элишоъ гуфтанд: «Инак, маконе ки ба ҳузури ту дар он сокинем, барои мо танг аст.
  2. Лутфан, мо назди Урдун биравем, ва ҳар яке ғӯлачӯбе аз он ҷо бигирем, ва маконе барои худ дар он ҷо бисозем, то ки дар он сукунат намоем». Ва ӯ гуфт: «Биравед».
  3. Ва яке   аз   онҳо  гуфт:   «Лутфан,  ту  ҳам,  марҳамат фармуда, бо бандагонат биё». Ва ӯ гуфт: «Ман меоям».
  4. Ва бо онҳо рафт;  ва  онҳо назди Урдун омада,   ба дарахтбурӣ шурӯъ карданд.
  5. Ва ҳангоме ки яке аз  онҳо ғӯлачӯбро   меафтонид, табараш дар  об  афтод, ва ӯ фарьёд  кашида,   гуфт:   «Оҳ, оғоям, ва ҳол он ки ман онро ба орият гирифта будам!»
  6. Ва марди Худо гуфт:   «Ба  куҷо   афтод?»   Вай ба ӯ ҷояшро нишон дод, ва ӯ чӯбе бурида, ба он ҷо андохт,  ва табар бар рӯи об баромад.
  7. Ва ӯ гуфт: «Онро бигир». Вай дасташро дароз карда, гирифт.

Элишоъ ниятҳои подшоҳи Арамро фош мекунад.

  1. Ва подшоҳи Арам бо Исроил ҷанг мекард; ва бо нав-каронаш машварат намуда, гуфт:  «Дар фалон ҷо ӯрдугоҳи ман хоҳад буд».
  2. Ва марди Худо ба подшоҳи Исроил фиристода, гуфт: «Эҳтиёт намо, ки аз ин ҷо нагузарӣ, зеро ки арамиён дар он ҷо ӯрду задаанд».
  3. Ва подшоҳи Исроил ба маконе ки марди Худо дар бо-раи он ба ӯ хабар дода ва ӯро таъкид карда буд, фирис-тода, дар он ҷо на як бор ва на ду бор эҳтиёт намуд.
  4. Ва дили подшоҳи Арам аз боиси ин дар изтироб афтод, ва ӯ навкаронашро даъват намуда, ба онҳо гуфт: «Оё ба ман хабар намедиҳед, ки аз байни мо кист, ки бо  подшоҳи Исроил робита дорад?»
  5. Ва яке аз навкаронаш гуфт: «Эй оғоям подшоҳ, чу-нин нест, балки Элишои набӣ, ки дар Исроил аст, ба подшоҳи Исроил суханонеро, ки ту дар хонаи хоби худ мегӯй, хабар медиҳад».
  6. Ва ӯ гуфт: «Рафта, бубинед, ки вай куҷост, ва ман ме-фиристам, то ки варо бигирам». Ва ба ӯ хабар дода, гуфтанд: «Инак, вай дар Дӯтон аст».
  7. Ва ӯ ба он ҷо аспон ва аробаҳо ва қӯшуни бузурге равона кард, ва онҳо шабона омада, шаҳрро иҳота карданд.
  8. Ва бомдодон хизматгори марди Худо бархоста, берун омад, ва инак, қӯшуне бо аспон ва аробаҳо шаҳрро иҳота кардаанд. Ва хизматгораш ба ӯ гуфт: «Оҳ, оғоям, чӣ кунем?»
  9. Ва ӯ гуфт: «Натарс, зеро онҳое ки бо моянд, аз онҳое ки бо инҳоянд, бештаранд».
  10. Ва Элишоъ дуо хонда, гуфт: «Эй Худованд! Лутфан, чашмони варо бикшо, то ки бубинад». Ва Худованд чаш-мони навкарро кушод, ва ӯ дид, ва инак, кӯҳ гирдогирди Элишоъ аз аспон ва аробаҳои оташин пур буд.

Элишоъ арамиёнро ба Сомария равона мекунад.

  1. Ва онҳо назди ӯ фурӯд меомаданд. Ва Элишоъ сӯи Ху-дованд дуо хонда, гуфт: «Лутфан, ин одамонро ба кӯрӣ ги-рифтор намо».   Ва  Ӯ  онҳоро, бар тибқи каломи Элишоъ, ба кӯрӣ гирифтор кард.
  2. Ва Элишоъ ба   онҳо  гуфт:   «Роҳ ин нест, ва шаҳр ин нест; аз қафоям биёед, ва шуморо сӯи касе ки ҷустуҷӯ менамоед, хоҳам бурд». Ва онҳоро ба Сомария бурд.
  3. Ва ҳангоме ки онҳо ба Сомария расиданд, Элишоъ гуфт: «Эй Худованд! Чашмони онҳоро бикшо, то ки буби-нанд». Ва Худованд чашмони онҳоро кушод, ва онҳо ди-данд, ва инак андаруни Сомария буданд.
  4. Ва подшоҳи Исроил онҳоро дида, ба Элишоъ гуфт: «Эй падарам, оё онҳоро зарба занам?»
  5. Ва ӯ гуфт: «Зарба назан; магар онҳоро бо шамшер ва камони худ асир кардаӣ, ки мехоҳӣ зарба занӣ? Нон ва об пеши онҳо бимон, то ки бихӯранд ва бинӯшанд, ва назди оғои худ бираванд».
  6. Ва барои онҳо зиёфати калоне муҳайё намуд, ва онҳо хӯрданд ва нӯшиданд, ва онҳоро фиристод, ва онҳо назди оғои худ рафтанд; ва фавҷҳои Арам дигар ба замини Исроил тохт наоварданд.
  7. Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки Бин-Ҳадад, под-шоҳи Арам, тамоми лашкари худро ҷамъ кард, ва  баро-мада, Сомарияро муҳосира намуд.
  8. Ва қаҳтии сахт дар Сомария буд, ва инак, онро муҳо-сира карда буданд, ба тавре ки каллаи хар ба баҳои ҳаштод сиқл нуқра фурӯхта мешуд, ва чорьяк қаб* саргини кафтар — ба баҳои панҷ сиқл нуқра.
  9. Ва рӯзе подшоҳи Исроил бар ҳисор гузар мекард, зане сӯи ӯ фарьёд кашида, гуфт: «Эй оғоям подшоҳ, мадад кун!»
  10. Ва ӯ гуфт: «Агар Худованд ба ту мадад накунад, ман аз куҷо ба ту мадад кунам? Оё аз хирман ё аз чархушт?»
  11. Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Туро чӣ шуд?» Вай гуфт: «Ин зан ба ман гуфт: «Писари худро бидеҳ, то ки имрӯз ӯро бихӯрем, ва писари маро фардо хоҳем хӯрд».
  12. Ва писари маро пухтем, ва ӯро хӯрдем. Ва рӯзи ди-гар ман ба вай гуфтам:   «Писари худро бидеҳ, то ки ӯро бихӯрем». Вале вай писари худро пинҳон кард».
  13. Ҳамин ки подшоҳ суханони занро шунид, либоси худро чок зад, ва ӯ бар ҳисор гузар мекард, ва қавм диданд, ки инак, бар баданаш аз таг палос буд.
  14. Ва ӯ гуфт: «Худо ба ман чунин ва зиёда аз ин  би- кунад, ки агар сари Элишоъ ибни Шофот имрӯз бар танаш бимонад!»

Элишоъ аз хатар безобита намешавад.

  1. Ва Элишоъ дар хонаи худ нишаста   буд,   ва пирон ҳамроҳи ӯ нишаста буданд. Ва подшоҳ касеро аз ҷониби худ фиристод. Пеш аз он ки ин қосид назди ӯ биёяд, ӯ ба пи-рон гуфт: «Оё мебинед, ки ин писари қотил фиристодааст, то ки сари маро аз танам ҷудо кунад? Ҳушьёр бошед, ҳа-мин ки қосид биёяд, дарро пӯшида, варо бо дар пахш кунед. Инак, садои поҳои оғои варо аз ақибаш мешунавам».
  2. Ҳанӯз бо онҳо сухан меронд, ва инак, қосид назди ӯ фурӯд омад ва гуфт: «Инак, ин мусибат аз  ҷониби Худо-ванд аст! Чӣ гуна боз ба Худованд таваккал кунам?»

*25. Қаб — воҳиди андозаи ҷисмҳои обаки дар замони қадим, ки гунҷонши 2,2 литрро дошт.

© IBT 1992