Ададҳо боби 30

Дастурот дар бораи назрҳо

  1. ВА Мусо бар тибқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба банӣ-Исроил сухан ронд.
  2. Ва Мусо ба сардорони сибтҳои банӣ-Исроил сухан рон-да, гуфт: «Ин аст он чи Худованд амр фармудааст:
  3. Агар касе барои Худованд назр кунад, ё ки қасам хӯрда, нафси худро аз чизе манъ намояд, пас набояд қавли худро ботил кунад, балки бар тибқи ҳар он чи аз даҳонаш баромадааст, бояд амал намояд.
  4. Ва агар зане дар хонаи падараш, дар айёми ҷавонияш, барои Худованд назр карда, нафси худро аз чизе манъ на-мояд,
  5. Ва падараш назри варо бишнавад, ки вай нафси худро аз чизе манъ намудааст, ва падараш дар ин бобат хомӯш монад, пас ҳамаи назрҳои вай қоим хоҳад буд, ва ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд ба амал оварда шавад.
  6. Вале агар падараш дар рӯзе ки шунид, ба вай эътироз намояд, ҳар назри вай ва ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, ба амал нахоҳад омад, ва Худованд варо хоҳад омурзид, зеро ки падараш ба вай монеъ шудааст.
  7. Ва агар вай шавҳар кунад ва назрҳояш ё қавли даҳо-наш, ки манъе ба воситаи он бар нафси худ гузоштааст, бар гарданаш бошад,
  8. Ва шавҳараш бишнавад, ва дар рӯзе ки шунид, дар ин бобат хомӯш монад, пас назрҳои вай қоим хоҳад буд, ва манъҳое ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд ба амал овар-да шавад.
  9. Вале агар шавҳараш, дар рӯзе ки шунид, ба вай эъти-роз намояд, ва вай назреро, ки бар гардани вай аст, ва қавли даҳонашро, ки манъе ба воситаи он бар нафси худ гузоштааст, ботил кунад, — Худованд варо хоҳад омурзид.
  10. Валекин назри бева ва зани талоқгирифта, яъне ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд аз ҷониби вай ба амал оварда шавад.
  11. Ва агар зане дар хонаи шавҳараш назр кунад, ё ки қасам хӯрда, нафси худро аз чизе манъ намояд,
  12. Ва шавҳараш бишнавад, ва дар ин бобат хомӯш монда, ба вай эътироз нанамояд, — ҳамаи назрҳои вай қоим хоҳад буд, ва ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд ба амал оварда шавад.
  13. Ва агар шавҳари вай, дар рӯзе ки шунид, онҳоро ботил кунад, — ҳар қавле ки дар бораи назрҳоящ ва манъи нафсаш аз даҳони вай баромадааст, қоим нахоҳад буд; шавҳараш он-ҳоро ботил намудааст, ва Худованд варо хоҳад омурзид.
  14. Ҳар назре ва ҳар манъе ки барои азият додани нафси вай бошад, — шавҳараш метавонад онро қоим гардонад, ва шавҳараш метавонад онро ботил кунад.
  15. Ва агар шавҳараш дар ин бобат аз имрӯз то фардо хо-мӯш монад, — ӯ бо ҳамин ҳамаи назрҳои варо, ё ҳамаи манъҳо-еро, ки бар гардани вай аст, қоим гардонидааст; азбаски ӯ, дар рӯзе ки шунид, дар ин бобат хомӯш монд, бо ҳамин он-ҳоро қоим гардонид.
  16. Ва агар ӯ, баъд аз шуниданаш, онҳоро ботил кунад, гуноҳи варо ӯ ба гардани худ мегирад».
  17. Ин аст фароизе ки Худованд ба Мусо амр фармуд оид ба муносибатҳои байни шавҳар ва зани ӯ, байни падар ва духтари ӯ дар айёми ҷавонии вай, вақте ки дар хонаи па-дараш мебошад.

© IBT 1992

Реклама