Ададҳо боби 7

Инъомҳои раисон. Тақдиси маскан.

  1. ВА дар рӯзе ки Мусо барпо кардани масканро ба ан-ҷом расонид, ва онро тадҳин намуд, ва онро бо тамоми колояш, ва қурбонгоҳро бо тамоми колояш тақдис намуд, ва онҳоро тадҳин ва тақдис намуд,
  2. Раисони Исроил, сардорони хонаводаҳошон, — ҳамон-ҳое ки раисони сибтҳо буда, бар сари онҳое меистоданд, ки дар шумор оварда шуда буданд, — наздик омаданд,
  3. Ва қурбонии худро ба ҳузури Худованд тақдим кар-данд: шаш аробаи болопӯшида ва дувоздаҳ барзагов, яъне як ароба барои ду раис, ва як барзагов барои ҳар яке; ва онҳоро ба ҳузури Худованд наздик оварданд.
  4. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  5. «Аз онҳо бигир, то ки барои иҷрои хизмати хаймаи ҷомеъ кор фармуда шавад; ва онҳоро ба левизодагон, ба ҳар яке мувофиқи хизматаш, бисупор».
  6. Ва Мусо аробаҳо ва барзаговҳоро гирифт, ва онҳоро ба левизодагон супурд.
  7. Ду ароба ва чор барзаговро ба банӣ-Ҷершӯн, мувофиқи хизматашон, супурд.
  8. Ва чор ароба ва ҳашт барзаговро ба банӣ-Марорӣ, му-вофиқи хизматашон, зери назорати Итомор ибнн Ҳоруни ко-ҳин супурд.
  9. Вале ба банӣ-Қаҳот чизе насупурд, зеро ки хизмати дохили қудс ба зиммаи онҳо гузошта шуда буд, ва онҳо бор-ҳоро бар китфи худ мебардоштанд.
  10. Ва раисон қурбониҳои тақдиси қурбонгоҳро дар рӯзи тадҳин намудани он тақдим карданд; ва раисон қурбонии худро пеши қурбонгоҳ тақдим карданд.
  11. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Бигзор ҳар раис як рӯз қурбонии худро барои тақдиси қурбонгоҳ тақдим кунад».
  12. Ва дар рӯзи якум Наҳшӯн ибни Амминодоб, аз сибти Яҳудо, қурбонии худро тақдим намуд;
  13. Ва қурбонии ӯ иборат аз инҳо буд: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;
  14. Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;
  15. Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;
  16. Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;
  17. Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Наҳшӯн ибни Амминодоб буд.
  18. Дар рӯзи дуюм Натанъил ибни Суор, раиси Иссокор, тақдим намуд.
  19. Вай қурбонии худро тақдим намуд, ки иборат аз инҳо буд: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;
  20. Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;
  21. Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;
  22. Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;
  23. Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Натанъил ибни Суор буд.
  24. Дар рӯзи сеюм — Элиоб ибни Ҳалӯн, раиси банӣ-Забулун.
  25. Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;
  26. Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;
  27. Як наргови ҷавон, як кӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;
  28. Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;
  29. Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Элиоб ибни Ҳалӯн буд.
  30. Дар рӯзи чорум — Элисур ибни Шадиур, раиси банӣ-Реубен.
  31. Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;
  32. Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;
  33. Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;
  34. Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;
  35. Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Элисур ибни Шадиур буд.
  36. Дар рӯзи панҷум — Шалумиил ибни Суришаддой, ра-иси банӣ-Шимъӯн.
  37. Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;
  38. Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;
  39. Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;
  40. Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;
  41. Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Шалумиил ибни Суришаддоӣ буд.
  42. Дар рӯзи шашум — Эльёсоф ибни Дауил, раиси банӣ-Ҷод.
  43. Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;
  44. Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;
  45. Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;
  46. Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;
  47. Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Эльёсоф ибни Дауил буд.
  48. Дар рӯзи ҳафтум — Элишомоъ ибни Аммиҳуд, раиси банӣ-Эфроим.
  49. Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас, ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;
  50. Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;
  51. Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;
  52. Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;
  53. Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Элишомоъ ибни Аммиҳуд буд.
  54. Дар рӯзи ҳаштум — Ҷамлиил ибни Фадоҳсур, раиси банӣ-Менашше.
  55. Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;
  56. Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;
  57. Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;
  58. Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;
  59. Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Ҷамлиил ибни Фадоҳсур буд.
  60. Дар рӯзи нӯҳум — Абидон ибни Ҷидъӯнӣ, раиси банӣ-Биньёмин.
  61. Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;
  62. Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;
  63. Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;
  64. Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;
  65. Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Абидон ибни Ҷидъӯнӣ буд.
  66. Дар рӯзи даҳум — Аҳиозар ибни Аммишаддой, раиси банӣ-Дон.
  67. Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;
  68. Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;
  69. Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;
  70. Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;
  71. Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Аҳиозар ибни Аммишаддой буд.
  72. Дар рӯзи ёздаҳум — Фаҷъиил ибни Окрон, раиси банӣ-Ошер.
  73. Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;
  74. Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;
  75. Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;
  76. Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;
  77. Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Фаҷъиил ибни Окрон буд.
  78. Дар рӯзи дувоздаҳум — Аҳираъ ибни Энон, раиси банӣ-Нафтолӣ.
  79. Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;
  80. Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;
  81. Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;
  82. Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;
  83. Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Аҳираъ ибни Энон буд.
  84. Инҳо буд ҳадия ва қурбониҳои тақдиси қурбонгоҳ дар рӯзи тадҳин кардани он, аз ҷониби раисони Исроил: дувоздаҳ табақи нуқра, дувоздаҳ косаи нуқра, дувоздаҳ қошуқи тилло.
  85. Саду сӣ сиқл нуқра дар ҳар табақ буд, ва ҳафтод сиқл дар ҳар коса; тамоми нуқраи ин коло ду ҳазору чорсад сиқл бо сиқли муқаддас буд.
  86. Дувоздаҳ кошуқи тиллои пур аз бухур, вазни ҳар кадомаш даҳ сиқл бо сиқли муқаддас, тамоми тиллои қошуқҳо саду бист сиқл буд.
  87. Ҷамъи чорпоён барои қурбонии сӯхтанӣ: дувоздаҳ наргови ҷавон, дувоздаҳ қӯчқор, дувоздаҳ барраи нари яксола бо ҳадияи ордии онҳо, ва дувоздаҳ нарбуз барои қурбонии гуноҳ.
  88. Ва ҷамъи чорпоён барои забҳи саломатӣ: бисту чорнаргов, шаст қӯчқор, шаст нарбуз, шаст барраи нари яксола; ин буд тақдиси қурбонгоҳ баъд аз тадҳини он.
  89. Ва ҳангоме ки Мусо ба хаймаи ҷомеъ даромад, то ки бо Ӯ сухан ронад, овозеро шунид, ки аз болои сарпӯше ки бар сандуқи шаҳодат буд, аз миёни ду каррубӣ ба вай сухан меронд; ва Ӯ ба вай сухан меронд.

© IBT 1992