Такрори Шариат боби 11

Таваҷҷӯҳ ба итоатгарон. Лаънат ба беитоатон.

  1. «ПАС, Худованд  Худои худро дӯст бидор, ва фар-мони Ӯ ва фароизи Ӯ ва дастуроти Ӯ ва аҳкоми Ӯро тамо-ми айём риоят намо.
  2. Ва имрӯз бидонед, — зеро ки на бо писарони шумо сухан меронам, ки таъдиби Худованд Худои шуморо надо-нистаанд ва надидаанд, яъне кибриёи Ӯ ва дасти қавии Ӯ ва бозуи тӯлонии Ӯро,
  3. Ва аломот ва аъмоли Ӯро, ки андаруни Миср ба фир-ъавн, подшоҳи Миср, ва ба тамоми замини вай зоҳир сохт;
  4. Ва он чиро, ки Ӯ  ба  лашкари   мисриён, ба   аспҳо ва аробаҳои онҳо кард, яъне обҳои баҳри Қулзумро бар онҳо ҷорӣ намуд, вақте ки шуморо таъқиб мекарданд, ва Худо-ванд онҳоро то имрӯз ба ҳалокат расонид;
  5. Ва он чиро, ки Ӯ дар биёбон барои шумо ба амал овард, то даме ки ба ин макон расидед;
  6. Ва он чиро, ки Ӯ бо  Дотон  ва Абиром,  писарони Элиоб ибни Реубен кард, яъне замин даҳони худро кушо-да, онҳо ва аҳли байти онҳо ва хаймаҳои онҳо ва тамоми дороии онҳоро, ки  наздашон  буд, дар  миёни тамоми Ис-роил фурӯ бурд, —
  7. Балки бо шумо сухан меронам, ки чашмонатон тамоми аъмоли бузурги Худовандро, ки карда буд, дидааст.
  8. Пас, тамоми аҳкомеро,  ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, риоя   намоед,   то   ки  қавӣ  шавед, ва рафта, заминеро, ки  барои тасарруф кардани  он  ба  он ҷо убур менамоед, тасарруф кунед,
  9. Ва дар он замин, ки Худованд ба падаронатон қасам хӯрда буд, ки онро ба онҳо ва ба насли онҳо бидиҳад, — замине ки шир ва асал дар он ҷорист, — шумо умри дароз дошта бошед.
  10. Зеро замине ки ту барои тасарруф кардани он ба он ҷо меравӣ, ба замини Миср, ки аз он ҷо берун омадӣ, мо-нанд нест, ки тухмии худро кошта, онро мисли полиз бо пои худ об медодӣ;
  11. Вале замине ки шумо барои тасарруф кардани он ба он ҷо убур менамоед, замини кӯҳҳо ва водиҳост, ки аз бо-ришҳои осмон об мехӯрад;
  12. Заминест, ки Худованд Худои ту ба он ғамхорӣ ме-намояд, чашмони Худованд Худои ту ҳамеша,  аз аввали сол то охири сол бар он аст.
  13. Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки агар ба аҳкоми Ман, ки имрӯз Ман ба шумо амр мефармоям, гӯш андозед, то ки Худованд Худои худро дӯст бидоред ва бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ Ӯро ибодат намоед,
  14. Дар он сурат борони замини шуморо, борони аввалин ва охиринро дар сари вақт хоҳам дод, ва ту ғаллаи худ ва шираи ангури худ ва равғани зайтуни худро ҷамъ хоҳӣ кард.
  15. Ва дар саҳрои ту барои чорвоят алаф хоҳам дод, ва ту хӯрда, сер хоҳӣ шуд.
  16. Эҳтиёт бошед, мабодо  дилатон  фирефта  шавад,  ва шумо гумроҳ гардида, худоёни дигарро ибодат намоед ва ба онҳо саҷда баред;
  17. Ва хашми Худованд  бар  шумо  аланга  занад, ва Ӯ осмонро бандад, ва борон наборад, ва замин ҳосили худро надиҳад,  ва шумо аз замини некӯе ки Худованд ба шумо медиҳад, ба зудӣ маҳв шавед.
  18. Пас, ин суханони Маро дар дили худ ва дар ҷони худ ҷо диҳед, ва онҳоро ҳамчун аломат бар дасти худ бибандед, ва онҳо ҳамчун нишона дар миёни чашмони шумо бошад.
  19. Ва онҳоро ба писарони худ таълим диҳед, ва ҳангоми нишастанатон дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанатон, хобиданатон ва бархостанатон дар бораи онҳо гуфтугӯ намоед.
  20. Ва онҳоро бар паҳлудариҳои хонаи худ ва бар дарво-заҳои худ бинависед,
  21. То ки айёми шумо ва айёми писарони шумо дар за-мине ки Худованд дар бораи он ба падаронатон қасам хӯрда буд, ки ба онҳо бидиҳад, ончунон афзун шавад, чунон ки айёми осмон бар болои замин аст.
  22. Зеро, агар тамоми ин аҳкомро, ки ба ҷо оварданашро ман ба шумо амр мефармоям, дуруст риоя намоед, то ки Худованд Худои худро дӯст бидоред, бо роҳҳои Ӯ равона шавед ва ба Ӯ бичаспед,
  23. Дар он сурат Худованд ҳамаи ин халқҳоро аз пеши шумо бадар хоҳад ронд, ва шумо халқҳоеро,  ки аз шумо бузургтар ва пурзӯртаранд, мағлуб хоҳед кард.
  24. Ҳар ҷое ки кафи пои шумо бар он гузошта шавад, аз они шумо хоҳад буд; аз биёбон ва Лубнон, аз наҳр, яъне наҳри Фурот, то баҳри ғарбӣ ҳудуди шумо хоҳад буд.
  25. Ҳеҷ кас пеши  шумо ёрои   истодагӣ   нахоҳад  дошт: тарсу воҳимаи шуморо Худованд Худои шумо дар рӯи тамо-ми замине ки дар он қадамгузор шавед, паҳн хоҳад кард, чунон ки Ӯ ба шумо гуфтааст.
  26. Инак, ман имрӯз ба шумо баракат ва лаънатро пешни-ҳод мекунам:
  27. Баракатро — агар шумо ба аҳкоми Худованд Худои худ, ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, гӯш андозед;
  28. Вале лаънатро — агар шумо ба аҳкоми Худованд Худои худ гӯш накунед, ва аз роҳе ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, дур шуда, худоёни дигарро, ки намешиносед, пайравӣ намоед.
  29. Ва ҳангоме ки Худованд Худоят туро ба замине ки барои тасарруф кардани он меравӣ, дохил намояд, ту бара-катро бар кӯҳи Ҷаризим ба забон хоҳӣ ронд, ва лаънатро бар кӯҳи Эбол.
  30. Ин кӯҳҳо, охир, дар он тарафи Урдун воқеъ аст, аз қафои роҳи ғуруби офтоб, дар замини канъониёне ки дар саҳро сокинанд, дар рӯ ба рӯи Ҷилҷол, назди булутзори Мӯре.
  31. Зеро ки шумо аз Урдун убур мекунед, то ки рафта, заминеро, ки Худованд Худои шумо ба шумо медиҳад, та-сарруф намоед, ва  шумо  онро  тасарруф  намуда,  дар  он сукунат хоҳед кард.
  32. Пас, тамоми фароиз  ва дастуротеро, ки  ман  имрӯз ба шумо пешниҳод менамоям, риоя кунед».

© IBT 1992