Еҳушаъ боби 20

Дар бораи шаҳрҳои гурезгоҳ.

  1. ВА Худованд ба Еҳушаъ сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, бигӯй: «Шаҳрҳои гурезгоҳро, ки дар бораи онҳо ба шумо ба воситаи Мусо сухан рондаам, барои худ таъин намоед,
  3. То қотиле ки касеро саҳван, нодониста кушта бошад, ба он ҷо бигрезад; ва ин шаҳрҳо барои шумо гурезгоҳе аз хунхоҳ бошад.
  4. Ва касе ки ба яке аз ин шаҳрҳо мегурезад, бигзор ба даҳани дарвозаи шаҳр истода, ба гӯши пирони он шаҳр суханони худро бигӯяд, ва онҳо ӯро назди худ ба шаҳр даро-варда, маконе ба ӯ хоҳанд дод, то ки бо онҳо сокин шавад.
  5. Ва ҳангоме ки хунхоҳ ӯро таъқиб намояд, онҳо набояд қотилро ба дасти вай супоранд, зеро ки ӯ ёри худро надониста куштааст, ва пеш аз он бо вай адовате надоштааст.
  6. Ва ӯ бигзор дар ин шаҳр сукунат намояд,  то вақте ки ба ҳузури ҷамоат барои доварӣ ҳозир шавад, ва то вақти вафоти саркоҳине ки дар  он айём бошад.  Он гоҳ қотил метавонад баргашта, ба шаҳри худ ва ба хонаи худ, яъне ба шаҳре ки аз он гурехта буд, биёяд»».
  7. Ва Қодешро дар Ҷалил дар кӯҳи Нафтолӣ, ва Шакемро дар кӯҳи Эфроим, ва Қирьат-Арбаъро, ки Ҳебрӯн бошад, дар кӯҳи Яҳудо таъин карданд.
  8. Ва аз он тарафи Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ, ба самти шарқ, Босарро дар биёбон, дар дашт, аз хонадони Реубен, ва Ромӯтро дар Ҷилъод, аз хонадони Ҷод, ва Ҷӯлонро дар Бошон, аз хонадони Менашше, муайян карданд.
  9. Ҳаминҳо буд шаҳрҳое ки барои тамоми банӣ-Исроил ва барои ғарибе ки дар миёни онҳо сукунат дорад, таъин гардида буд, то ҳар одаме ки касеро саҳван кушта бошад, ба он ҷо бигрезад, ва аз дасти хунхоҳ намирад, то вақге ки ба ҳузури ҷамоат барои доварӣ ҳозир шавад.

© IBT 1992