Такрори Шариат боби 13

Имтиҳони анбиёи козиб ва ҷазои онҳо.

  1. «АГАР дар миёни шумо набие ё бинандаи хобҳо пайдо шуда, аломате ё мӯъҷизае ба ту нишон диҳад,
  2. Ва он аломат ё мӯъҷиза, ки дар бораи он ба ту сухан ронда буд, ба  амал  ояд, ва ӯ бигӯяд:   «Биё, то  худоёни дигарро, ки намешинохтӣ, пайравӣ намоем, ва онҳоро ибодат кунем», —
  3. Ту ба суханони он набӣ ё он бинандаи хобҳо гӯш надеҳ, зеро ки Худованд Худои шумо шуморо  имтиҳон мекунад, то бидонад, ки оё Худованд Худои худро бо тамоми  дили худ ва бо тамоми ҷони худ дӯст медоред?
  4. Худованд Худои худро пайравӣ кунед, ва аз Ӯ битарсед, ва аҳкоми Ӯро риоя намоед, ва ба овози Ӯ гӯш диҳед, ва Ӯро ибодат кунед, ва ба Ӯ бичаспед.
  5. Ва он набӣ ё он бинандаи хобҳо бояд ба қатл расонида шавад, зеро ки вай дар бораи Худованд Худои ту, ки туро аз замини Миср берун овард, ва туро аз хонаи ғуломӣ раҳо кард, суханони фитнаангез гуфтааст, то туро аз роҳе ки Худо-ванд Худоят ба ту амр фармуд, ки бо он равона шавӣ, гумроҳ созад; ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
  6. Агар бародарат, ки писари модарат бошад, ё писарат, ё духтарат, ё завҷаи ҳамоғӯшат, ё дӯсти ҷоният туро пинҳонӣ иғво намуда, гӯяд:  «Биё,  то  худоёни  дигарро,   ки  ту  ва падаронат намешинохтед, ибодат кунем»,
  7. Аз миёни худоёни қавмҳое ки дар гирду пеши шумо мебошанд, хоҳ ба ту наздик, хоҳ аз ту дур бошанд, аз як канори замин то канори дигари он, —
  8. Ту ба сухани вай розӣ нашав ва ба вай гӯш надеҳ, ва бигзор чашми ту ба вай раҳм накунад, ва ту  ба вай шафқат намуда, варо пинҳон накун,
  9. Балки ҳатман   варо   ба   қатл бирасон; бигзор аввал дасти ту барои қатли вай дароз карда шавад, ва баъд дасти тамоми қавм.
  10. Варо сангсор кун, то ки бимирад, зеро ки вай мехост туро аз Худованд Худоят, ки туро аз замини Миср, аз хо-наи ғуломӣ берун овард, дур созад.
  11. Ва тамоми Исроил инро шунида, хоҳанд тарсид, ва минбаъд чунин шароратро дар миёни шумо ба амал нахо-ҳанд овард.
  12. Агар бишнавӣ, ки дар яке аз шаҳрҳоят, ки Худованд Худои ту барои сукунат ба ту медиҳад,
  13. Шахсони нобакоре аз миёни ту пайдо шудаанд, ва со-кинони шаҳри худро ба васваса андохта, гуфтаанд: «Бира-вем ва худоёни дигарро, ки намешинохтед, ибодат кунем»,
  14. Ту дурустакак ҷустуҷӯ ва тафтиш ва пурсиш намо, ва инак, агар ин ҳодиса рост ва аниқ барояд, яъне дар миёни ту ин амали зишт рӯй дода бошад, —
  15. Сокинони он  шаҳрро  бо   дами   шамшер  сахт  зарба бизан; онро бо ҳар чизе ки дар он аст, ва чорпоёнашро бо дами шамшер несту нобуд бикун.
  16. Ва тамоми ғанимати онро андаруни майдони он ҷамъ кун, ва шаҳрро бо тамоми  ғаниматаш  ба исми Худованд Худои худ дар оташ комилан бисӯзон; ва он то абад харо-базор хоҳад монд, бори дигар бино нахоҳад ёфт.
  17. Ва аз он чи несту нобуд карда мешавад, чизе ба дас-тат начаспад, то ки Худованд оташи хашми Худро хомӯш карда, ба ту марҳамат намояд, ва ба ҳоли ту раҳмаш омада, туро афзун гардонад, чунон ки ба падаронат қасам хӯрдааст,
  18. Агар ту овози Худованд Худои худро   гӯш  карда, тамоми аҳкоми Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоя намоӣ, яъне он чи дар назари Худованд Худои ту ду-руст аст, ба амал оварӣ».

© IBT 1992