Ҳастӣ боби 5

Насабномаи Одам ва насли Шет.

  1. ИН аст китоби насаби Одам: дар рӯзе ки Худо одамро офарид, ба шабоҳати Худо ӯро сохт;
  2. Нару мода онҳоро офарид, ва онҳоро баракат дод, ва онҳоро, дар рӯзи офариниши онҳо, одам ном ниҳод.
  3. Ва Одам саду сӣ сол бизист, ва писаре ба шабоҳати худ, ба сурати худ ба дуньё овард, ва ӯро Шет номид.
  4. Ва айёми Одам, баъд аз таваллуди Шет, ҳаштсад сол буд, ва ӯ писарону духтарон ба дуньё овард.
  5. Пас тамоми айёми умри Одам нӯҳсаду сӣ сол буд; ва ӯ мурд.
  6. Ва Шет саду панҷ сол бизист, ва Анӯшро ба дуньё овард.
  7. Ва Шет, баъд аз таваллуди Анӯш, ҳаштсаду ҳафт сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  8. Пас тамоми айёми Шет нӯҳсаду дувоздаҳ сол буд; ва ӯ мурд.
  9. Ва Анӯш навад сол бизист, ва Қенонро ба дуньё овард.
  10. Ва Анӯш, баъд аз таваллуди Қенон, ҳаштсаду понздаҳ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  11. Пас тамоми айёми Анӯш нӯҳсаду панҷ сол буд; ва ӯ мурд.
  12. Ва Қенон ҳафтод сол бизист, ва Маҳалалъилро ба дуньё овард.
  13. Ва Қенон, баъд аз таваллуди Маҳалалъил, ҳаштсаду чил сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  14. Пас тамоми айёми Қенон нӯҳсаду даҳ сол буд; ва ӯ мурд.
  15. Ва Маҳалалъил шасту панҷ сол бизист, ва Ёрадро ба дуньё овард.
  16. Ва Маҳалалъил баъд аз таваллуди Ёрад, ҳаштсаду сӣ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  17. Пас тамоми айёми Маҳалалъил ҳаштсаду наваду панҷ сол буд; ва ӯ мурд.
  18. Ва Ёрад саду шасту ду сол бизист, ва Ҳанӯхро ба дуньё овард.
  19. Ва Ёрад, баъд аз таваллуди Ҳанӯх, ҳаштсад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  20. Пас тамоми айёми Ёрад нӯҳсаду шасту ду сол буд; ва ӯ мурд.
  21. Ва Ҳанӯх шасту панҷ сол бизист, ва Матушолаҳро ба дуньё овард.
  22. Ва Ҳанӯх, баъд аз таваллуди Матушолаҳ, сесад сол пеши Худо роҳ рафт, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  23. Пас тамоми айёми Ҳанӯх сесаду шасту панҷ сол буд.
  24. Ва Ҳанӯх пеши Худо роҳ рафт, ва нопайдо шуд, зеро ки Худо ӯро гирифт.
  25. Ва Матушолаҳ саду ҳаштоду ҳафт сол бизист, ва Ломакро ба дуньё овард.
  26. Ва Матушолаҳ, баъд аз таваллуди Ломак, ҳафтсаду ҳаштоду ду сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  27. Пас тамоми айёми Матушолаҳ нӯҳсаду шасту нӯҳ сол буд; ва ӯ мурд.
  28. Ва Ломак саду ҳаштоду ду сол бизист, ва писаре ба дуньё овард.
  29. Ва ӯро Нӯҳ ном ниҳода, гуфт: «Ин моро тасаллӣ хоҳад дод аз аъмоли мо ва аз заҳмати дастҳои мо аз замине ки Худованд ба он лаънат хонд».
  30. Ва Ломак, баъд аз таваллуди Нӯҳ, панҷсаду наваду панҷ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  31. Пас тамоми айёми Ломак ҳафтсаду ҳафтоду ҳафт сол буд; ва ӯ мурд.
  32. Ва Нӯҳ панҷсадсола буд, ва Нӯҳ Сом, Ҳом ва Ёфатро ба дуньё овард.

© IBT 1992

Оставьте комментарий