Дуюм Вақоеънома боби 2

Сулаймон   барои   сохтани   маъбад   тайёрӣ  мебинад.

  1. ВА Сулаймон  қарор   дод, ки хонае ба исми Худованд, ва хонае барои салтанати худаш бино кунад.
  2. Ва Сулаймон ҳафтод ҳазор нафар барои боркашӣ, ва ҳаштод ҳазор нафар барои сангтарошӣ дар кӯҳистон, ва се ҳазору шашсад нафар барои назорати онҳо дар шумор овард.
  3. Ва Сулаймон назди Ҳуром, подшоҳи Сӯр, фиристода, гуфт: «Чунон ки бо падарам Довуд рафтор намуда, барои ӯ чӯби арз фиристодаӣ, то ки хонае барои сукунати худ бино кунад, ончунон бо ман рафтор намо.
  4. Инак, ман хонае ба исми Худованд Худои худ бино менамоям, то ки онро ба Ӯ тақдис кунам, бухури хушбӯе ба хузури Ӯ бисӯзонам, ва нони тақдими доимӣ ва қурбо-ниҳои сӯхтании субҳу шомро дар шанбеҳо ва навмоҳҳо ва идҳои Худованд Худои мо тақдим намоям, ки ин ба сурати абадӣ ба Исроил амр фармуда шудааст.
  5. Ва хонае ки ман бино менамоям, бузург аст, зеро ки Худои мо аз ҳамаи худоён бузургтар аст.
  6. Ва кист, ки қувват дошта бошад хонае барои Ӯ бино намояд, дар сурате ки фалак ва фалакулафлок наметавонад Ӯро гунҷоиш диҳад? Ва ман кистам, ки хонае барои Ӯ бино намоям? Магар фақат барои он ки ба ҳузури Ӯ бухур бисӯ-зонам.
  7. Ва алҳол касеро ба ман бифирист, ки дар сохтани ашьё аз тилло ва нуқра ва мис ва оҳан ва арғувон ва қирмиз ва лоҷвард моҳир бошад, ва кандакориро донад, то ки вай бо ҳунармандоне ки назди ман дар Яҳудо ва Ерусалим ҳастанд, ва онҳоро падарам Довуд тайёр кардааст, бошад.
  8. Ва дарахтони арз, сарв ва сандал аз Лубнон барои ман бифирист, зеро ман медонам, ки бандагони ту аз ӯҳдаи буридани дарахтони Лубнон мебароянд; ва инак, бандагони ман бо бандагони ту хоҳанд буд,
  9. То ки чӯбу тахтаи зиёде барои ман тайёр кунанд, зеро хонае ки ман бино менамоям, бузург ва аҷоиб хоҳад буд.
  10. Ва инак, ман барои таъминоти дарахтбуроне ки дарахт-бурӣ мекунанд, барои бандагони ту бист ҳазор кӯр гандум, ва бист ҳазор кӯр ҷав, ва бист ҳазор бат шароб, ва бист ҳазор бат равған медиҳам».
  11. Ва Ҳуром, подшоҳи Сӯр, бо мактубе ҷавоб гардонида, ба Сулаймон фиристод:   «Азбаски Худованд қавми Худро дӯст медорад, туро бар онҳо подшоҳ гардонидааст».
  12. Ва Ҳуром гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Исроил, офаринандаи осмон ва замин, ки ба подшоҳ Довуд писари ҳакими соҳиби ақлу фаҳмро ато намудааст, ки вай хонае барои Худованд ва хонае барои салтанати худаш бино менамояд.
  13. Ва алҳол ман Ҳуромро, ки марди ҳакими соҳибфаҳме аз ҳунармандони падари ман аст, фиристодам,
  14. Ки вай писари зане аз духтарони Дон аст, ва падараш марди сӯрӣ буд; вай дар сохтани ашьё аз тилло ва нуқра ва мис ва оҳан ва санг ва чӯб ва арғувон ва лоҷвард ва катон ва қирмиз, ва дар иҷрои ҳар навъ кандакорӣ ва ҳар саноеи нафисае ки ба зиммаи вай бо якҷоягии ҳунармандони ту ва ҳунармандони оғоям, падарат Довуд, гузошта шавад, усто мебошад.
  15. Ва алҳол, гандум ва ҷав ва равған ва шаробро, ки оғоям дар бораи онҳо сухан рондааст, ба бандагони худ бифирист.
  16. Ва мо дарахтонро аз Лубнон ба миқдори даркории ту бурида, ба шакли амадҳо бо роҳи баҳр ба Ёфӯ хоҳем овард, ва ту онҳоро ба Ерусалим хоҳӣ бурд».
  17. Ва Сулаймон ҳамаи мардони ғариберо, ки дар замини Исроил буданд,   баъд   аз   саршумории  онҳо,   ки падараш Довуд ба амал оварда буд, дар шумор овард, ва онҳо саду панҷоҳу се ҳазору шашсад нафар баромаданд.
  18. Ва аз онҳо ҳафтод ҳазор нафарро ҳамчун боркашон, ва ҳаштод ҳазор нафарро ҳамчун сангтарошон дар кӯҳистон, ва се ҳазору шашсад нафарро ҳамчун нозироне ки қавмро кор мефармоянд, таъин намуд.

© IBT 1992