Якум Подшоҳон боби 7

Сандуқ  дар хонаи Аминодоб.  Самуил довар  бар  Исроил.

  1. ВА мардуми Қирьят-Еорим омада, сандуқи Худовандро бардошта бурданд, ва онро ба   хонаи   Аминодоб,  ки дар Ҷибъо буд, дароварданд; ва писари ӯ Элъозорро тақдис кар-данд, то ки сандуқи Худовандро нигаҳбонӣ намояд.
  2. Ва аз рӯзе ки сандуқ дар Қирьят-Еорим сокин шуд, айёми зиёде мурур карда, бист сол гузашт, ва тамоми хо-надони Исроил Худовандро ёд карданд.
  3. Ва Самуил ба тамоми хонадони Исроил сухан ронда, гуфт: «Агар шумо бо тамоми дили худ сӯи Худованд руҷӯъ намуда, худоёни бегона ва Аштораҳоро аз миёни худ дур созед, ва дилҳои худро моил гардонида, танҳо Ӯро ибодат намоед, Ӯ шуморо аз дасти фалиштиён раҳо хоҳад кард».
  4. Ва банӣ-Исроил Баалҳо   ва   Аштораҳоро   дур сохта, танҳо Худовандро ибодат карданд.
  5. Ва Самуил гуфт: «Ҳамаи исроилиёнро дар Мисфо ҷамъ кунед, то ки дар бораи шумо назди Худованд дуо гӯям».
  6. Ва онҳо дар Мисфо ҷамъ шуданд, ва об кашида, ба ҳузури Худованд рехтанд, ва дар он рӯз рӯза доштанд, ва дар он ҷо гуфтанд: «Мо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардаем». Ва Самуил банӣ-Исроилро дар Мисфо доварӣ намуд.
  7. Ва чун фалиштиён шуниданд,  ки банӣ-Исроил дар Мисфо ҷамъ шудаанд,  сарварони фалиштиён ба муқобили Исроил баромаданд; ва банӣ-Исроил инро шунида, аз фа-лиштиён тарсиданд.
  8. Ва банӣ-Исроил  ба   Самуил  гуфтанд:   «Аз  истиғоса бурдан дар ҳаққи мо сӯи Худованд Худои мо хомӯш набош, то ки Ӯ моро аз дасти фалиштиён наҷот диҳад».
  9. Ва Самуил як барраи ширхорро гирифт, ва онро ба-рои Худованд   комилан   қурбонии   сӯхтанӣ   баровард,  ва Самуил барои Исроил сӯи Худованд истиғоса бурд, ва Ху-дованд ӯро иҷобат намуд.
  10. Ва ҳангоме ки Самуил қурбонии сӯхтанӣ мебаровард, фалиштиён омаданд, то ки бо Исроил ҷанг кунанд; ва дар он рӯз Худованд бо садои азиме бар фалиштиён гулдуррос зада, онҳоро ба даҳшат овард, ва онҳо пеши Исроил шикаст хӯр-данд.
  11. Ва мардуми Исроил аз Мисфо берун омада, фалиш-тиёнро таъқиб карданд, ва то даме ки ба Байт-Кор расиданд, онҳоро зарба заданд.
  12. Ва Самуил як сангро гирифта, дар миёни Мисфо ва Шен гузошт, ва онро Эбен-Эзер* номида, гуфт: «То ин ҷо Худованд ба мо мадад кард».
  13. Ва фалиштиён мағлуб гардиданд, ва дигар ба ҳудуди Исроил надаромаданд; ва дар тамоми айёми Самуил дасти Худованд бар фалиштиён боло буд.
  14. Ва шаҳрҳое ки фалиштиён аз Исроил гирифта буданд, аз Эқрӯн то Ҷат, ба Исроил баргардонида шуд, ва ҳудуди онҳоро Исроил аз дасти фалиштиён раҳо кард, ва дар байни Исроил ва амӯриён сулҳ шуд.
  15. Ва Самуил тамоми айёми умри худ Исроилро доварӣ намуд.
  16. Ва ӯ сол ба сол рафта, Байт-Ил ва Ҷилҷол ва Мис-форо давр мезад, ва бар Исроил дар ҳамаи ин мавзеъҳо доварӣ менамуд.
  17. Ва ба Ромо бармегашт, зеро ки дар он ҷо хонаи ӯ буд, ва дар он ҷо бар Исроил доварӣ менамуд, ва дар он ҷо барои Худованд қурбонгоҳ бино кард.

*12. Санги мадад.

© IBT 1992