Хуруҷ боби 26

Дар бораи чодирҳо ва болопӯш аз пӯсти қӯчқор.

  1. «ВА масканро аз даҳ чодири катони нозуки дутоба, ва лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз бисоз, ва каррубиёнро бо бофти санъаткорона бар онҳо нақш намо.
  2. Дарозии ҳар як чодир бисту ҳашт зироъ, ва фарохии ҳар як чодир чор зироъ бошад; ҳамаи чодирҳо ба як андоза бошад.
  3. Панҷ чодир бояд бо ҳамдигар пайванд карда шавад, ва панҷ чодири дигар бо ҳамдигар пайванд карда шавад.
  4. Ва тушахонаҳо аз лоҷвард бар лаби як чодире ки дар канори пайвандкунӣ мебошад, бисоз; ва бар лаби чодири канори пайвандкунии дуюм низ чунин бисоз.
  5. Панҷоҳ тугмахона дар як чодир бисоз, ва панҷоҳ тугма-хона дар канори чодире ки дар пайвандкунии дуюм мебошад, бисоз, — тугмахонаҳо бояд дар рӯ ба рӯи ҳамдигар бошад.
  6. Ва панҷоҳ чангаки тилло бисоз; ва чодирҳоро бо чан-гакҳо ба якдигар пайванд намо, — ва маскан яклухт хоҳад шуд.
  7. Сипас чодирҳо аз пашми буз бисоз, то ки хаймае бар маскан бошад; ёздаҳ адад чунин чодирҳо бисоз.
  8. Дарозии ҳар як чодир сӣ зироъ, ва фарохии ҳар як чодир чор зироъ бошад; ёздаҳ чодир ба як андоза бошад.
  9. Ва панҷ чодирро алоҳида, ва шаш чодирро алоҳида пайванд намо; ва чодири шашумро аз тарафи пеши хайма дуқат бикун.
  10. Ва панҷоҳ тугмахона бар лаби як чодире ки дар канори пайвандкунӣ мебошад, бисоз, ва панҷоҳ тугмахона бар лаби чодири пайвандкунии дуюм.
  11. Ва панҷоҳ чангаки мисин бисоз, ва чангакҳоро ба туг-махонаҳо дохил бикун, ва хаймаро пайванд намо, — ва он яклухт хоҳад шуд.
  12. Ва канори зиёдатии чодирҳои хайма, яъне нисфи чо-дире ки зиёдатӣ кардааст, бигзор дар қафои маскан овезон бошад.
  13. Ва зирое аз як тараф ва зирое аз тарафи дигар, ки аз дарозии чодирҳои хайма зиёдатӣ мекунад, бигзор дар паҳлу-ҳои маскан аз як тараф ва аз тарафи дигар овезон бошад, то ки онро бипӯшонад.
  14. Ва болопӯше барои хайма аз пӯстҳои қӯчқор, ки сурх бошад, бисоз, ва болопӯше аз пӯстҳои тӯҳс аз болои он.

Дар бораи тахтаҳо.

  1. Ва тахтаҳо, ки меистода бошад, барои маскан аз чӯби ақоқиё бисоз.
  2. Дарозии ҳар як тахта даҳ зироъ бошад, ва фарохии ҳар як тахта — якуним зироъ.
  3. Ва дар ҳар тахта ду дандонаи мутавозии якдигар бо-шад; дар ҳамаи тахтаҳои маскан чунин бисоз.
  4. Ва тахтаҳо барои маскан бисоз: бист тахта барон тарафи ҷанубӣ.
  5. Ва чил пояи нуқра зери бист тахта бисоз: ду поя зери як тахта барои ду дандонаи он, ва ду поя зери тахтаи дигар барои ду дандонаи он.
  6. Ва барои тарафи дигари маскан, барои тарафи шимолӣ — бист тахта.
  7. Ва чил пояи нуқра барои онҳо: ду поя зери як тахта, ва ду поя зери тахтаи дигар.
  8. Ва барои қафои маскан, ки тарафи ғарбист, шаш тахта бисоз.
  9. Ва барои   гӯшаҳои   маскан,   дар   қафо,   ду   тахта бисоз.
  10. Ва бигзор  онҳо  аз  поён  пайваст  карда  шавад, ва аз  боло низ якҷоя дар як ҳалқа пайванд гардад; барои ҳар  ду  чунин  бишавад,  яъне  онҳо  барои  ҳар  ду  гӯша бошад.
  11. Ва ба ҳамин тариқ ҳашт тахта хоҳад буд, ва пояҳои нуқра барои онҳо, ҷамъ шонздаҳ поя: ду поя зери як тахта, ва ду поя зери тахтаи дигар.
  12. Ва ғалақаҳо аз чӯби ақоқиё бисоз: панҷ адад барои тахтаҳои як тарафи маскан,
  13. Ва панҷ ғалақа барои тахтаҳои тарафи дигари маскан, ва панҷ ғалақа барои тахтаҳои тарафи қафои маскан, ба самти ғарб.
  14. Ва ғалақаи миёна аз даруни тахтаҳо аз ин сар то он сар мегузарад.
  15. Ва тахтаҳоро бо тилло бипӯшон, ва ҳалқаҳои онҳоро, ки хонаҳои ғалақаҳо бошад, аз тилло бисоз; ва ғалақаҳоро бо тилло бипӯшон.
  16. Ва масканро барпо намо, мувофиқи дастуре ки дар кӯҳ ба ту нишон дода шуд.

Дар бораи пардаҳои маскан.

  1. Ва пардае аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бисоз; бо бофти санъаткорона онро бо карру-биён бисоз.
  2. Ва онро бар чор сутуни ақоқиё биовез, ки онҳо бо тилло пӯшонида шуда бошанд, илмакҳошон аз тилло бошад, бар чор пояи нуқра истода бошанд.
  3. Ва пардаро зери чангакҳо биовез; ва сандуқи шаҳо-датро ба он ҷо, дар қафои парда биёр, ва парда қудсро барои шумо аз қудси қудсҳо ҷудо хоҳад кард.
  4. Ва сарпӯшро бар сандуқи шаҳодат дар қудси қудсҳо бимон.
  5. Ва мизро аз беруни парда, ва чароғдонро дар рӯ ба рӯи миз, ба тарафи ҷанубии маскан бимон; ва мизро ба та-тафи шимолии он ҷойгир кун.
  6. Ва пардае барои даромадгоҳи хайма аз лоҷвард ва арғу-вон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бо санъати гулдӯзӣ бисоз.
  7. Ва барои парда панҷ сутун аз чӯби ақоқиё бисоз, ва онҳоро бо тилло бипӯшон, ва илмакҳошон аз тилло бошад; ва барои онҳо панҷ пояи мисин бирез».

© IBT 1992

Оставьте комментарий