Хуруҷ боби 24

Дар бораи хаймаи ҷомеъ. Ба Худо саҷда бурдани қавм.

  1. ВА Ӯ ба Мусо гуфт: «Сӯи Худованд боло баро, ту ва Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу, ва ҳафтод нафар аз пирони Исроил, ва аз дур саҷда баред;
  2. Ва бигзор Мусо танҳо ба Худованд наздик ояд, ва онҳо наздик наоянд; ва қавм бо ӯ боло набароянд».
  3. Ва Мусо омада, ҳамаи суханони Худованд ва тамоми фароизро ба қавм ҳикоят кард; ва тамоми қавм бо як овоз ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Ҳамаи суханонеро, ки Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард».
  4. Ва Мусо ҳамаи суханони Худовандро навишт, ва бом-додон бармаҳал бархоста, қурбонгоҳе дар домани кӯҳ, ва дувоздаҳ сутун, мувофиқи дувоздаҳ сибти Исроил, бино кард.
  5. Ва ҷавононро аз миёни банӣ-Исроил фиристод, ва онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим намуданд, ва қурбониҳои сало-матӣ аз говон барои Худованд забҳ карданд.
  6. Ва Мусо нисфи хунро гирифта, дар тосҳо рехт, ва нисфи хунро бар қурбонгоҳ пошид;
  7. Ва китоби аҳдро гирифта, ба самъи қавм хонд, ва онҳо гуфтанд: «Ҳар он чи Худованд гуфтааст, ба амал хоҳем овард ва гӯш хоҳем дод».
  8. Ва Мусо хунро гирифта, бар қавм пошид, ва гуфт: «Ин аст хуни аҳде ки Худованд бар ҳамаи ин суханон бо шумо бастааст».
  9. Ва Мусо бо Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу ва ҳафтод нафар аз пирони Исроил боло баромад.
  10. Ва онҳо Худои Исроилро диданд, ва зери поҳои Ӯ чизе монанди хиштҳои ёқути кабуд, ва мисли асли ошон зулол буд.
  11. Ва Ӯ бар гузинони банӣ-Исроил дасти Худро дароз накард, ва онҳо Худоро диданд, ва хӯрданд ва нӯшиданд.
  12. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Назди Ман ба кӯҳ баро ва дар он ҷо бош, ва Ман алвоҳи санг ва Таврот ва аҳкомеро, ки барои таълим додан навиштаам, ба ту хоҳам дод». 13. Ва Мусо бо Еҳушаъ бархост, ва Мусо ба кӯҳи Худо баромад.
  13. Ва ба пирон гуфт: «Дар ин ҷо ба адо мунтазир истед, то вақте ки назди шумо баргардем, ва инак, Ҳорун ва Ҳур бо шумо хоҳанд буд; бигзор ҳар кӣ даъво дошта бошад, назди онҳо ояд».
  14. Ва Мусо ба кӯҳ баромад, ва абр кӯҳро пӯшонид.
  15. Ва ҷалоли Худованд бар кӯҳи Сино маскан гирифт, ва шаш рӯз абр онро пӯшонид, ва дар рӯзи ҳафтум Ӯ Мусоро аз миёни абр хонд.
  16. Ва намуди ҷалоли Худованд мисли оташи сӯзанда дар назари банӣ-Исроил бар қуллаи кӯҳ буд.
  17. Ва Мусо андаруни абр дохил шуда, ба кӯҳ баромад; ва Мусо чил рӯз ва чил шаб бар кӯҳ буд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий