Ҳастӣ боби 13

Аз Миср баргаштани Абром ва қурбонгоҳ сохтани вай.

  1. ВА Абром аз Миср рахт баста, бо занаш, ва бо ҳар чизе ки дошт, ва бо ҳамроҳии Лут ба ҷануб омад.
  2. Ва Абром аз чорво, ва нуқра, ва тилло хеле бой буд.
  3. Ва аз ҷануб то Байт-Ил роҳ паймуда, ба мақоме расид, ки дар он ҷо пештар хаймаи ӯ дар миёни Байт-Ил ва Ай буд,
  4. Ба мақоми қурбонгоҳе ки дар он ҷо ӯ дар ибтидо бино карда буд; ва дар он ҷо Абром исми Худовандро хонда буд.

Абром аз Лут ҷудо мешавад.

  1. Лут низ, ки ҳамроҳи Абром мегашт, гӯсфандон, ва говон, ва хаймаҳо дошт.
  2. Вале замин ба онҳо ғунҷоиш намедод, ки дар як ҷо сокин шаванд, зеро ки дороияшон бисёр буд, ва наметавонистанд дар як ҷо сокин шаванд.
  3. Ва дар миёни чӯпонони чорвои Абром ва чӯпонони чорвои Лут низоъ афтод; ва дар он замон канъониён ва фарризиён сокини он замин буданд.
  4. Ва Абром ба Лут гуфт: “Зинҳор, дар миёни ман ва ту, ва дар миёни чӯпонони ман ва чӯпонони ту низое набошад; зеро ки мо хешу табор ҳастем.
  5. Магар тамоми замин пеши ту нест? Пас, хоҳишмандам, ки аз ман ҷудо шавӣ. Агар ба тарафи чап равӣ, ман ба тарафи рост хоҳам рафт, ва агар ба тарафи рост равӣ, ман ба тарафи чап хоҳам рафт”.
  6. Ва Лут чашм андохта, тамоми водии Урдунро дид, ки он, пеш аз он ки Худованд Садӯм ва Амӯроро хароб кунад, сар ба сар то Сӯар, мисли боғи Худованд, мисли замини Миср обшор буд.
  7. Ва Лут тамоми водии Урдунро барои худ ихтиёр кард; ва Лут ба тарафи шарқ кӯч кард. Ва онҳо аз якдигар ҷудо шуданд.
  8. Абром дар замини Канъон сокин шуд; ва Лут дар шаҳрҳои водӣ сокин шуд, ва хаймаҳои худро то Садӯм барафрошт.
  9. Лекин мардуми Садӯм бағоят шарир ва пеши Худованд гуноҳкор буданд.

Аҳд бо Абром; ваъдаи замин ва баъда кардани насли ҷисмонӣ.

  1. Ва Худованд ба Абром, баъд аз он ки Лут аз ӯ ҷудо шуд, гуфт: “Акнун чашм андохта, аз мақоме ки дар он истодаӣ, ба ҷониби шимол, ва ҷануб, ва шарқ, ва ғарб назар кун.
  2. Зеро тамоми заминеро, ки мебинӣ, ба ту ва ба насли ту то абад медиҳам.
  3. Ва насли туро монанди ғубори замин мегардонам; агар касе ғубори заминро шумурда тавонад, насли ту низ шумурда шавад.
  4. Бархез ва дар тӯлу арзи ин замин гардиш кун: зеро ки онро ба ту медиҳам”.
  5. Ва Абром хаймаи худро кӯчонда, равона шуд ва дар булутзори Мамре, ки дар Ҳебрӯн аст, маскан гирифт; ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд бино кард.

© IBT 1992

Оставьте комментарий