Хуруҷ боби 31

Дастурот  ба касоне ки  дар  сохтани  хайма кор кардаанд.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Диққат намо, ки Ман Басалъил ибни Урӣ ибни Ҳурро аз сибти Яҳудо ба ном хондаам.
  3. Ва Ман ӯро аз Рӯҳи Худо, аз ҳикмат ва фаҳм ва дониш ва ҳар ҳунар пур кардаам,
  4. То ки санъатҳоро омӯхта, бо тилло, нуқра ва мис кор кунад,
  5. Ва сангҳоро барои мурассаъкорӣ ҳак намояд, ва чӯбта-рош гардида, ҳар корро ба ҷо оварад.
  6. Ва инак, Ман Оҳолиоб ибни Аҳисомокро аз сибти Дон мададгори ӯ таъин намудаам, ва ба дили ҳар каси донодил ҳикмат бахшидаам, то ҳар он чиро, ки ба ту амр фармудаам, ба амал оваранд:
  7. Хаймаи ҷомеъ, ва сандуқи шаҳодат, ва сарпӯше ки бар он аст, ва тамоми колои хайма,
  8. Ва миз ва колояш, ва чароғдони тиллои холис ва та-моми колояш, ва қурбонгоҳи бухур,
  9. Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ ва тамоми колояш, ва лаган ва пояаш,
  10. Ва либоси хизматӣ, ва либоси муқаддас барои Ҳоруни коҳин, ва либоси писаронаш барои каҳонат,
  11. Ва равғани тадҳин, ва бухури муаттар барои қудс, — ҳамаашро ончунон, ки ба ту амр фармудаам, онҳо ба амал хоҳанд овард».

Шанбе ҳамчун аломат дар миёни Худованд ва Исроил.

  1. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ва ту ба банӣ-Исроил сухан ронда, бигӯ: «Аммо шан-беҳои Маро риоя намоед, зеро ки ин дар миёни Ман ва шумо дар наслҳои шумо аломате хоҳад буд, то бидонанд, ки Ман Худованд ҳастам, ки шуморо тақдис мекунам.
  3. Ва шанберо риоя намоед, зеро ки он барои шумо му-қаддас аст; палидкунандагони он бигзор кушта шаванд, зеро ҳар кӣ дар он кор кунад, ҷони вай аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.
  4. Шаш рӯз бигзор кор карда шавад, ва дар рӯзи ҳафтум шанбеи оромии комил аст, ки муқаддас барои Худованд аст; ҳар кӣ дар рӯзи шанбе кор кунад, бигзор кушта шавад.
  5. Ва бигзор банӣ-Исроил шанберо риоя намоянд: шан-беро дар наслҳои худ ҳамчун аҳди абадӣ ба ҷо оваранд.
  6. Он дар миёни Ман ва банӣ-Исроил аломати абадист, зеро ки Худованд дар шаш рӯз осмон ва заминро офарид, ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифта, фароғат намуд»».
  7. Ва ба Мусо, вақте ки суханро бо вай дар кӯҳи Сино ба итмом расонид, ду лавҳи шаҳодат, алвоҳи сангин дод, ки бо ангушти Худо бар онҳо навишта шуда буд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий