Ададҳо боби 17

Асои Ҳорун гул кард.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан бирон, ва аз онҳо асоҳо бигир, як асо аз ҳар хонадон, аз ҳамаи раисони онҳо бар ҳасби хона-донҳошон дувоздаҳ асо; ва номи ҳар касро бар асои вай бинавис.
  3. Ва номи Ҳорунро бар асои Левӣ бинавис, зеро ки як асо барои раиси хонадони онҳо хоҳад буд.
  4. Ва онҳоро дар хаймаи ҷомеъ пеши сандуқи шаҳодат, ки он ҷо Ман ба шумо зоҳир мешавам, бимон.
  5. Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар киро Ман интихоб намоям, асои вай гул хоҳад кард; бо ин Ман шикваҳои банӣ-Исроилро, ки аз шумо мекунанд, аз ҷониби Худ сокит хоҳам намуд».
  6. Ва Мусо ба банӣ-Исроил сухан ронд, ва ҳамаи раисони онҳо ба ӯ асоҳо доданд, як асо барои ҳар раис, дувоздаҳ асо бар ҳасби хонадонҳошон; ва асои Ҳорун дар миёни асоҳои онҳо буд.
  7. Ва Мусо асоҳоро ба ҳузури Худованд дар хаймаи ша-ҳодат гузошт.
  8. Ва фардояш чунин воқеъ шуд, ки Мусо ба хаймаи шаҳодат даромад, ва инак, асои Ҳорун, аз хонадони Левӣ, гул карда ва ғунча баста, бодом оварда буд.
  9. Ва Мусо ҳамаи асоҳоро аз пеши Худованд назди банӣ-Исроил берун овард; ва онҳо инро диданд ва ҳар яке асои худро гирифтанд.
  10. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Асои Ҳорунро пеши сан-дуқи шаҳодат аз нав бимон, то ки ҳамҷун аломат барои абнои исьён нигоҳ дошта шавад, ва шиквае ки онҳо аз Ман меку-нанд, хотима ёбад, ва онҳо намиранд».
  11. Ва Мусо чунин кард; чунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, ончунон кард.
  12. Ва банӣ-Исроил ба Мусо сухан ронда, гуфтанд: «Инак, мо мемирем, ба ҳалокат мерасем, ҳамаамон ба ҳалокат мерасем!
  13. Ҳар кӣ ба маскани Худованд наздик ояд, мемирад; оё ҳамаамон ба мурдан маҳкум шудаем?»

© IBT 1992