Эзро боби 9

Дар бораи завҷаҳои аҷнабӣ.

  1. ВА баъд аз анҷоми ин корҳо, сардорон назди ман омада, гуфтанд: «Қавми Исроил ва коҳинон ва левизодагон худро аз қавмҳои кишварҳо ҷудо накарданд, балки мисли амалҳои зишти канъониён, ҳиттиён, фариззиён, ябусиён, аммӯниён, мӯобиён, мисриён ва амӯриён амал карданд,
  2. Чунки аз духтарони онҳо барои худашон ва барои писаронашон зан гирифта, зурьёти муқаддасро бо қавмҳои кишварҳо омехтанд, ва сарварону мансабдорон дар ин бадкирдорӣ пешдастӣ мекарданд».
  3. Ҳамин ки ин гапро шунидам, пероҳан ва ҷомаи худро пора кардам, ва мӯйсару риши худро кандам ва моту мабҳут шуда нишастам.
  4. Ва ҳамаи онҳое ки аз суханони Худои Исроил ба сабаби ин бадкирдории ҷалои ватан шудагон метарсиданд, назди ман ҷамъ шуданд, ва ман то вақти қурбонии шом моту мабҳут шуда нишастам.

Дуои Эзро ва изҳори эътиқоди ӯ.

  1. Ва чун вақти қурбонии шом фаро расид, аз рӯзадории худ бархостам ва дар ҳолате ки пероҳан ва ҷомаам пора-пора буд, ба зону афтодам ва даст ба сӯи Худованд Худои худ бардоштам,
  2. Ва гуфтам: «Эй Худои ман! Аз бардоштани рӯи худ ба сӯи Ту, эй Худои ман, шарм ва хиҷолат дорам, зеро ки гуноҳҳои мо бисьёр шуда аз сар гузаштааст, ва маъсияти мо афзуда, то ба осмон расидааст.
  3. Мо аз айёми падарони худ то имрӯз дар маъсияти бузург мебошем ва ба сабаби гуноҳҳои худ — мо, подшоҳони мо, коҳинони мо — ба дасти подшоҳони кишварҳо, ба дами шамшер, ба асирӣ, ба тороҷ ва ба нанг таслим карда шудаем, чунон ки имрӯз низ ҳамин тавр аст.
  4. Ва алҳол, як лаҳза, шафқате аз ҷониби Худованд Худои мо зоҳир шуда, Ӯ бақияе аз мо боқӣ гузоштааст ва ба мо ато фармудааст, ки дар макони муқаддаси Ӯ ҷойгир ша-вем; ва Худои мо чашмони моро равшан карда, андак ҷое ба мо додааст, то ки дар он дар бандагии худ умр ба сар барем.
  5. Зеро ки мо бандагонем, вале Худои мо дар бандагии мо ҳам моро тарк накардааст, балки марҳамати худро пеши подшоҳони Форс бар мо нигаронидааст: ба мо ато фармудааст, ки умр ба сар бурда, хонаи Худои моро барпо намоем ва харобазори онро аз нав барқарор кунем, ва Ӯ дар Яҳудо ва Ерусалим қалъае ба мо бахшидааст.
  6. Ва алҳол, эй Худои мо, баъд аз ин чӣ гӯем? Зеро ки аҳкоми Туро тарк кардаем, —
  7. Аҳкомеро, ки Ту ба воситаи бандагони Худ анбиё амр фармуда, гуфтаӣ: «Замине ки шумо барои тасарруфи он меравед, заминест, ки аз наҷосати қавмҳои кишварҳо наҷис шудааст, ва онҳо онро бо корҳои зишти худ, бо мурдории худ сар то сар пур кардаанд.
  8. Бинобар ин, духтарони худро ба писарони онҳо надиҳед, ва духтарони онҳоро барои писарони худ нагиред, ва осоиш-тагӣ ва хушбахтии онҳоро то ба абад талаб накунед, то ки мустаҳкам шавед, ва нозу неъмати ин заминро бихӯред, ва онро ба писарони худ то ба абад мерос бигузоред».
  9. Ва баъд аз ҳамаи ин бадбахтиҳое ки ба сабаби аъмоли бади мо ва маъсияти бузурги мо ба сари мо омадааст, — гарчанде ки Ту, эй Худои мо, ҷазои гуноҳҳои моро кам кар-да, ба мо чунин халосие додаӣ, —
  10. Наход ки мо боз аҳкоми Туро поймол намуда, бо ин қавмҳои зишткор хешовандӣ пайдо кунем? Оё Ту бар мо ғазаб нахоҳӣ кард, то ба дараҷае ки моро тамоман маҳв на-моӣ, бе он ки бақияе ва халосие бимонад?
  11. Худовандо, Худои Исроил! Ту одил ҳастӣ, зеро ки бақияе аз мо мисли имрӯз саломат мондаанд; инак мо ба ҳузури Ту дар маъсияти худ ҳозирем, гарчанде ки ба сабаби ин ба ҳузури Ту истодагӣ кардан мумкин нест».

© IBT 1992