Дуюм Вақоеънома боби 21

Еҳӯром, баъд аз фавти падараш, бар Яҳудо подшоҳ мешавад.

  1. ВА Еҳӯшофот бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри Довуд дафн карда шуд; ва писараш Еҳӯром ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  2. Ва бародарони ӯ, писарони Еҳӯшофот, инҳо буданд: Азарьё ва Яҳиил ва Закарьёҳу ва Азарьёҳу ва Микоил ва Шафатьёҳу; ҳамаи инҳо писарони Еҳӯшофот, подшоҳи Исроил, буданд.
  3. Ва падарашон ба онҳо инъомҳои зиёде аз нуқра ва тилло ва чизҳои гаронбаҳо, бо шаҳрҳои ҳисордор дар Яҳудо, бахшид; валекин салтанатро ба Еҳӯром дод, зеро ки ӯ нахустзода буд.
  4. Ва ҳангоме ки Еҳӯром салтанати падарашро соҳиб шуда, қувват гирифт, ҳамаи бародарони худ, ва низ баъзеро аз сарварони Исроил бо шамшер кушт.
  5. Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯром сию дусола буд, ва ҳашт сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.
  6. Ва ӯ бо роҳи подшоҳони Исроил рафтор кард, чунон ки хонадони Аҳъоб рафтор карда буданд, зеро ки духтари Аҳъоб зани ӯ буд, ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард.
  7. Вале Худованд ба  хотири  аҳде  ки бо Довуд баста буд, нахост хонадони Довудро ба ҳалокат расонад, зеро ба ӯ ваъда дода буд, ки барои ӯ ва фарзандони ӯ умрбод чароғе бидиҳад.

Исьёни Адӯм ва Либно.

  1. Дар айёми ӯ Адӯм аз зери дасти Яҳудо исьён бардошт, ва онҳо бар худ подшоҳе гузоштанд.
  2. Ва Еҳӯром бо сардорони худ  убур  намуд, ва ҳамаи аробаҳояш бо ӯ буд; ва шабона ӯ бархост ва сафҳои адӯми-ёнро, ки ӯ ва сардорони аробаҳоро иҳота карда буданд, рахна намуда, ақиб нишаст.
  3. Ва Адӯм аз зери дасти Яҳудо исьён бардошт, ки то имрӯз чунин аст; дар он замон Либно аз зери дасти ӯ исьён бардошт, зеро ки ӯ Худованд Худои падарони худро тарк кард.
  4. Ҳамчунин ӯ баландиҳо дар кӯҳҳои Яҳудо барпо намуд, ва сокинони Ерусалимро зинокор гардонид, ва аҳли Яҳудоро ба васваса андохт.

Мактуб аз Ильёси набӣ.

  1. Ва мактубе аз Ильёси набӣ ба ӯ расид, ки дар он гуфта шуда буд: «Худованд Худои падарат Довуд чунин мегӯяд: «Азбаски ту бо роҳҳои падарат Еҳӯшофот ва бо роҳҳои Осо, подшоҳи Яҳудо, рафтор накардӣ,
  2. Балки бо роҳи подшоҳони   Исроил  рафтор   намуда, аҳли  Яҳудо  ва  сокинони   Ерусалимро   зинокор   гардондӣ, чунон ки хонадони Аҳъоб зинокор гардонида  буданд;  ва низ бародарони худро аз хонадони падарат, ки аз ту беҳтар буданд, ба қатл расондӣ, —
  3. Инак, Худованд қавми ту, ва писарони ту, ва занони ту, ва тамоми молу мулки туро ба балои азим гирифтор хо-ҳад кард;
  4. Ва худат ба дардҳои зиёде,   яъне ба бемории  амъои худ мубтало хоҳӣ шуд, то ба дараҷае ки амъоят аз он дард рӯз ба рӯз берун хоҳад омад»».
  5. Ва Худованд рӯҳи фалиштиён ва арабҳоро,   ки   дар паҳлуи ҳабашиён буданд, ба муқобили Еҳӯром барангехт;
  6. Ва онҳо ба Яҳудо   ҳуҷум   оварданд, ва онро  рахна карда даромаданд, ва тамоми молу мулкеро, ки дар хонаи подшоҳ ёфт шуд, ва писарон ва занони ӯро низ ба асирӣ бурданд; ва барои ӯ, ғайр аз Еҳӯоҳоз, ки хурдтарини писа-ронаш буд, писаре боқӣ намонд.

Бемории илоҷнопазири Еҳӯром, ва фавти ӯ.

  1. Ва баъд аз ҳамаи ин Худованд амъои ӯро ба бемории илоҷнопазире гирифтор кард.
  2. Ва бо мурури айём, вақте ки ду сол ба интиҳо расид, амъояш аз шиддати дардаш берун омада, ӯ бо азоби сахте мурд; ва қавмаш барои ӯ оташ наафрӯхтанд, чунон ки барои падарони ӯ барафрӯхта буданд.
  3. Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ сию дусола буд, ва ҳашт сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва бе он ки сазовори дил-сӯзӣ гардида бошад, аз дуньё даргузашт, ва ӯро дар шаҳри Довуд дафн карданд, вале на дар мақбараи подшоҳон.

© IBT 1992