Сеюм Подшоҳон боби 22

Сулҳи сесола дар миёни Арам ва Исроил. Аҳъоб бо Еҳӯшофот ба муқобили Ромӯт меҷангад.

  1. ВА се сол умр ба сар бурданд, бе он ки дар миёни Арам ва Исроил ҷанг бошад.
  2. Ва дар соли сеюм чунин воқеъ шуд, ки Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, назди подшоҳи Исроил фурӯд омад.
  3. Ва подшоҳи Исроил ба навкарони худ гуфт: «Оё медонед, ки Ромӯт-Ҷилъод аз они мост? Ва мо аз  гирифтани он аз дасти подшоҳи Арам  худдорӣ   намуда, хомӯш мондаем».
  4. Ва ӯ ба Еҳӯшофот гуфт: «Оё бо ман ба ҷанги зидди Ромӯт-Ҷилъод меравӣ?» Ва Еҳӯшофот ба подшоҳи  Исроил гуфт: «Ман мисли ту ҳастам,  қавми ман мисли қавми ту, аспони ман мисли аспони ту».
  5. Ва Еҳӯшофот ба подшоҳи Исроил гуфт: «Лутфан, ту имрӯз каломи Худовандро бипурс».

Анбиёи козиб ба ҳузури Аҳъоб.

  1. Ва подшоҳи  Исроил   анбиёро,  ки  тақрибан чорсад нафар буданд, ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Оё ба ҷанги зиддӣ Ромӯт-Ҷилъод  биравам,   ё  ки худро  боздорам?»   Ва  онҳо гуфтанд:  «Бирав, ва Худованд онро ба дасти подшоҳ хоҳад супурд».
  2. Ва Еҳӯшофот гуфт: «Оё дар ин ҷо боз набии Худованд нест, то ки аз вай бипурсем?»
  3. Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт: «Боз як мард ҳаст, ки ба воситаи вай аз Худованд пурсидан мумкин аст, вале ман аз вай нафрат дорам, зеро ки вай дар ҳаққи ман ба хубӣ нубувват намекунад, балки ба бадӣ; вай Микойҳу ибни   Йимла   аст».   Ва   Еҳӯшофот   гуфт:   «Подшоҳ чунин нагӯяд».
  4. Ва подшоҳи Исроил як хоҷасарои худро хонда, гуфт: «Микойҳу ибни Йимларо ба зудӣ биёр».
  5. Ва подшоҳи Исроил ва Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ҳар яке либосҳои худро пӯшида, бар тахти худ дар майдони даҳани дарвозаи Сомария нишаста буданд, ва тамоми анбиё ба ҳузури онҳо нубувват мекарданд.
  6. Ва Сидқиё ибни Канъона шохҳои оҳанин барои худ сохта, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: «Арамиёнро бо инҳо шох хоҳӣ зад, то ки тамоман маҳв шаванд»».
  7. Ва тамоми анбиё ҳамин тавр нубувват карда, мегуф-танд:   «Ба  Ромӯт-Ҷилъод   бирав,   ва  комьёб   шав,   чунки Худованд онро ба дасти подшоҳ хоҳад супурд».

Нубуввати Микойҳу.

  1. Ва қосиде ки барои хондани Микойҳу рафта буд, ба вай сухан ронда, гуфт: «Инак,  анбиё бо як овоз суханони хуб дар ҳаққи подшоҳ мегӯянд; бигзор сухани ту низ мисли сухани яке аз онҳо бошад, яъне ту ҳам сухани хуб бигӯй».
  2. Ва Микойҳу гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки он чи Худованд ба ман бигӯяд, ҳамонро хоҳам гуфт».
  3. Ва ӯ назди подшоҳ омад, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Эй Микойҳу, оё ба ҷанги зидди Ромӯт-Ҷильод биравем, ё ки худро боздорем?»   Ва ӯ ба вай   гуфт:   «Ба  Ромӯт-Ҷилъод бирав ва комьёб шав, чунки Худованд онро ба дасти под-шоҳ хоҳад супурд».
  4. Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Чанд маротиба ман туро қасам бидиҳам, ки ба исми Худованд, ғайр аз он чи рост аст, ба ман нагӯӣ?»
  5. Ва ӯ гуфт: «Тамоми Исроилро мисли рамае ки чӯпон надорад, бар кӯҳҳо пароканда дидам. Ва Худованд гуфт:  «Инҳо соҳиб надоранд, пас бигзор ҳар яке ба хонаи худ ба саломатӣ баргарданд»».
  6. Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт:   «Оё ба ту нагуфтам, ки вай дар ҳаққи ман ба хубӣ нубувват намекунад, балки ба бадӣ?»
  7. Ва ӯ гуфт: «Пас  каломи Худовандро бишнав: ман Худовандро   бар   тахти  Худ   нишаста   дидам,   ва  тамоми лашкари осмон назди Ӯ аз тарафи рост ва аз тарафи чап истода буданд.
  8. Ва Худованд гуфт: «Кист, ки Аҳъобро розӣ кунад, то ки вай ба Ромӯт-Ҷилъод рафта фурӯ ғалтад?» Ва яке ин тавр гуфт, ва дигаре он тавр гуфт.
  9. Ва рӯҳе  берун омада,  ба ҳузури Худованд истод ва гуфт: «Ман ӯро розӣ мекунам». Ва Худованд ба вай гуфт: «Чӣ гуна?»
  10. Вай гуфт: «Ман берун омада, рӯҳи козибе дар даҳони тамоми анбиёи ӯ мегардам». Ва Ӯ гуфт: «Ту розӣ хоҳӣ кард ва низ муваффақият хоҳӣ ёфт; пас берун  омада,   чунин амал намо»
  11. Ва инак, алҳол Худованд рӯҳи козибе дар даҳони тамоми ин анбиёи ту гузоштааст; вале Худованд дар ҳаққи ту сухани бад гуфтааст».
  12. Ва Сидқиё  ибни Канъона наздик омада, Микойҳуро торсакӣ зад ва гуфт:   «Бо кадом роҳ Рӯҳи   Худованд   аз ман убур кардааст, то ки бо ту сухан гӯяд?»
  13. Ва Микойҳу гуфт: «Инак, дар он рӯзе ки ту ба ҳуҷраи дохилӣ даромада пинҳон шавӣ, инро хоҳӣ дид».
  14. Ва подшоҳи Исроил гуфт: «Микойҳуро бигир, ва ӯро назди Амӯн, ҳокими шаҳр, ва Йӯош, писари подшоҳ, баргардон
  15. Ва бигӯй: «Подшоҳ чунин мегӯяд: инро  дар зиндон биандозед, ва нони кам ва оби кам варо бихӯронед, то даме ки ман ба саломатӣ баргардам»».
  16. Ва Микойҳу гуфт: «Агар ту ба саломатӣ баргардӣ, Ху-дованд ба воситаи ман сухан нагуфта бошад». Ва гуфт: «Биш-навед, ҳамаи қавмҳо!»

Аҳъоб дар ҳарбу зарби назди РомӯтҶилъод ба ҳалокат мерасад.

  1. Ва подшоҳи Исроил ва Еҳӯшофот, подшоҳи  Яҳудо, ба Ромӯт-Ҷилъод рафтанд.
  2. Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт: «Ман либоси дигар пӯшида, ба ҷанг медароям, валекин ту либоси худро бипӯш». Ва подшоҳи Исроил либоси дигар  пӯшида, ба ҷанг даромад.
  3. Ва подшоҳи Арам ба сардорони аробаҳояш, ки сию ду нафар буданд, амр фармуда,гуфт: «На бо хурде ва на бо кало-не, балки танҳо бо подшоҳи Исроил ҷанг кунед».
  4. Ва ҳангоме ки сардорони аробаҳо Еҳӯшофотро диданд, гуфтанд: «Яқинан,  подшоҳи  Исроил ҳамин аст». Ва дави-данд, то ки бо ӯ ҷанг кунанд. Ва Еҳӯшофот фарьёд зад.
  5. Ва чун сардорони аробаҳо диданд, ки ӯ подшоҳи Ис-роил нест, аз ӯ дур шуданд.
  6. Ва касе зеҳи камонашро тасодуфан кашида, подшоҳи Исроилро аз миёни кӯкҳои ҷавшанаш зад; ва ӯ ба ароба-каши худ гуфт: «»Ҷилавро гардонида, маро аз майдони ҷанг берун барор, зеро ки захмӣ шудаам».
  7. Ва дар он рӯз ҷанг авҷ гирифт, ва подшоҳро дар аро-бааш дар рӯ ба рӯи арамиён ба по хезонида нигоҳ медош-танд; ва бегоҳирӯзӣ ӯ мурд, ва хуни ҷароҳаташ ба даруни ароба рехт.
  8. Ва дар вақти ғуруби офтоб дар лашкаргоҳ бонг зада, гуфтанд: «Ҳар кас ба шаҳри худ ва ҳар кас ба сарзамини худ биравад!»
  9. Ва подшоҳ мурд, ва ӯро ба Сомария оварданд; ва под-шоҳро дар Сомария дафн карданд.
  10. Ва аробаро дар ҳавзи Сомария, дар   ҷое   ки фоҳи-шагон ғусл мекарданд, шустанд,   ва  сагон  хунашро леси-данд,  бар  тибқи  каломе  ки  Худованд гуфта буд.
  11. Ва бақияи аъмоли Аҳъоб, ва ҳар чи ӯ кард, ва хонаи оҷе ки ӯ бино намуд, ва ҳамаи шаҳрҳое  ки  ӯ  бино намуд, дар  китоби  вақоеъномаи  подшоҳони Исроил навишта шудааст.

Подшоҳ шудани Аҳазъё бар Исроил ва Еҳӯшофот бар Яҳудо.

  1. Ва Аҳъоб бо падарони худ хобид, ва писараш Аҳазьё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  2. Ва Еҳӯшофот ибни Осо дар соли чоруми Аҳъоб, подшоҳи Исроил, бар Яҳудо подшоҳ шуд.
  3. Еҳӯшофот дар вақти подшоҳ шуданаш сию панҷсо-ла буд, ва бисту панҷ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва но-ми модараш Азубо бинти Шилҳӣ буд.
  4. Ва ӯ аз ҳар ҷиҳат бо роҳи падараш Осо рафтор мена-муд, аз он дур нашуда, он чиро, ки дар назари Худованд рост аст, ба амал меовард. Аммо баландиҳо барҳам дода на-шуд: қавм ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ мекарданд ва бухур месӯзониданд.
  5. Ва Еҳӯшофот бо подшоҳи Исроил сулҳ баст.
  6. Ва бақияи аъмоли Еҳӯшофот, ва   корнамоие  ки ӯ кард, ва ҷангҳое ки ӯ бурд, дар китоби вақоеъномаи подшо-ҳони Яҳудо навишта шудааст.
  7. Ва бақияи   ливотагаронро,   ки  дар   айёми  падараш Осо боқӣ монда буданд, аз рӯи замин маҳв кард.
  8. Ва дар Адӯм подшоҳе набуд, балки волие аз ҷониби подшоҳ буд.
  9. Еҳӯшофот киштиҳои таршишӣ сохт, то ки барои овар-дани тилло ба Ӯфир биравад, вале нарафт, зеро ки киштиҳо дар Эсйӯн-Ҷобар шикаст.
  10. Он гоҳ Аҳазьё ибни Аҳъоб ба Еҳӯшофот гуфт: «Бигзор навкарони ман бо навкарони ту дар киштиҳо бираванд». Вале Еҳӯшофот розӣ нашуд.

Фавти Еҳӯшофот; подшоҳ шудани Еҳӯром.

  1. Ва Еҳӯшофот бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри падараш Довуд дафн карда шуд. Ва писараш Еҳӯром ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  2. Аҳазьё ибни Аҳъоб дар соли ҳабдаҳуми Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо,   бар Исроил дар Сомария   подшоҳ шуд, ва ду сол бар Исроил подшоҳӣ кард.
  3. Ва он чи дар назари  Худованд   бад   буд,   ба  амал меовард; ва бо роҳи падараш ва модараш ва бо роҳи Ёробъом ибни Набот, кӣ Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, рафтор менамуд,
  4. Ва Баалро ибодат карда, ба вай саҷда мебурд; ва бо ҳар коре ки падараш карда буд, Худованд Худои Исроилро ба ғазаб овард.

© IBT 1992