Дуюм Подшоҳон боби 13

Ҷинояти Амнӯн.

  1. ВА баъд аз он чунин воқеъ шуд: Абшолӯм ибни Довуд хоҳари хушрӯе дошт, ки номаш Томор буд; ва Амнӯн ибни Довуд варо дӯст дошт.
  2. Ва Амнӯн аз ишқи хоҳараш Томор чунон шайдо гашт, ки мисли беморе менамуд, зеро ки вай бокира буд, ва ба назари Амнӯн мушкил буд, ки бо вай коре тавонад бикунад.
  3. Ва Амнӯн ёре дошт, ки номаш Юнодоб буд, ва ӯ писари Шимъо бародари Довуд буд; ва Юнодоб шахси бағоят айёр буд.
  4. Ва ба ӯ гуфт: «Чаро ту, эй шоҳзода, рӯз ба рӯз чунин лоғар мешавӣ? Ба ман, охир, бигӯй». Ва Амнӯн ба ӯ гуфт: «Ман Томорро, ки хоҳари бародарам Абшолӯм аст, дӯст медорам».
  5. Ва Юнодоб ба ӯ гуфт: «Бар бистарат хобида,   худро бемор вонамуд кун; ва ҳангоме ки падарат барои дидани ту биёяд, ба ӯ бигӯй: «Бигзор хоҳарам Томор омада, маро хӯрок хӯронад, ва хӯрокро пеши назари ман тайёр кунад, то ки бубинам ва аз дасти вай бихӯрам»».
  6. Ва Амнӯн хобида, худро бемор вонамуд кард; ва под-шоҳ барои дидани ӯ омад, ва Амнӯн ба подшоҳ гуфт: «Бигзор хоҳарам Томор омада, пеши назарам як-дуто чалпак пазад, ва ман аз дасташ бихӯрам».
  7. Ва Довуд назди Томор ба хонааш фиристода, гуфт: «Лутфан, ба хонаи бародарат Амнӯн рафта, барои ӯ хӯрок бипаз».
  8. Ва Томор ба хонаи   бародараш   Амнӯн   рафт,  ва  ӯ хобида буд; ва орд гирифта, хамир кард, ва пеши назари ӯ қурсҳо тайёр карда, чалпак пухт.
  9. Ва тобаро гирифта, пеши ӯ холӣ кард, вале ӯ майли хӯрдан накард. Ва Амнӯн гуфт: «Ҳамаи одамонро аз пеши ман бароред!» Ва ҳамаи одамон аз пеши ӯ баромаданд.
  10. Ва Амнӯн ба Томор   гуфт:   «Хӯрокро ба он ҳуҷра биёр, то ки аз дасти ту бихӯрам». Ва Томор   чалпакҳоро, ки пухта буд, гирифта, назди бародари худ Амнӯн ба он ҳуҷра овард.
  11. Ва ҳамин ки назди ӯ монд, то ки  бихӯрад,  ӯ   варо дошта, ба вай гуфт:  «Биё, бо ман бихоб, эй хоҳарам».
  12. Вале вай ба ӯ гуфт: «Не,  эй бародарам,   ба номӯси ман  таҷовуз  накун;   зеро  ки   дар   Исроил   чунин рафтор намекунанд; ин кори зиштро накун.
  13. Ва ман нанги худро ба куҷо барам? Ва ту мисли яке аз сафилон дар Исроил хоҳӣ шуд. Ва алҳол, лутфан, ту  бо подшоҳ гуфтугӯ намо, зеро ки маро аз ту дареғ нахоҳад дошт».
  14. Вале ӯ нахост ба овози вай гӯш диҳад, ва аз вай зӯр баромада, ба номӯсаш расид, ва бо вай хобид.
  15. Ва Амнӯн бо нафрати бағоят азиме аз вай нафрат намуд, ба тавре ки нафрате ки аз вай пайдо кард, аз муҳаббате ки ба вай дошт, бузургтар буд; ва Амнӯн ба вай гуфт: «Бархоста, бирав».
  16. Ва вай ба ӯ гуфт: «Не, зеро ин бадие ки ту дар ҳаққи ман карда, маро бадар меронӣ, бузургтар аст аз бадии дигаре ки дар ҳаққи ман кардӣ». Вале ӯ нахост ба овози вай гӯш диҳад,
  17. Ва навкари хизматгузори худро  хонда,  гуфт: «Варо аз пеши ман бадар бирон, ва дарро аз пушташ бибанд».
  18. Ва вай  куртаи рангоранге дар  бар  дошт,  зеро   ки духтарони бокираи подшоҳ чунин либосе мепӯшиданд.  Ва хизматгузори ӯ варо берун бароварда, дарро аз пушташ баст.
  19. Ва Томор хокистар бар сари худ пошид, ва куртаи рангорангро, ки дар бар дошт, дарронид, ва дастҳояшро бар сараш гузошта, мерафту фарьёд мезад.
  20. Ва бародараш Абшолӯм ба вай гуфт: «Оё  бародарат Амнӯн бо ту буд? Ва алҳол, эй хоҳарам, хомӯш бош; ӯ бародари туст; аз ин кор дилафгор нашав». Ва Томор дар хонаи   бародараш   Абшолӯм   сокин   шуда,   парешонаҳвол гардид.
  21. Ва подшоҳ Довуд тамоми ин воқеаро шунида, бағоят хашмгин шуд.
  22. Ва Абшолӯм бо Амнӯн сухане бад ё нек нагуфт; зеро ки Абшолӯм аз Амнӯн нафрат дошт, барои он ки ба номӯси хоҳараш Томор таҷовуз карда буд.

Интиқоми Абшолӯм.

  1. Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз ду сол дар Баал-Ҳосӯр, ки назди Эфроим аст, барои Абшолӯм пашмбурӣ мекарданд, ва Абшолӯм ҳамаи писарони подшоҳро даъват намуд.
  2. Ва Абшолӯм назди подшоҳ омада, гуфт: «Инак, алҳол барои бандаат пашмбурӣ мекунанд; бигзор подшоҳ ва нав-каронаш бо бандаат оянд».
  3. Ва подшоҳ ба Абшолӯм гуфт:   «Не, писарам,  ҳамаи мо нахоҳем омад, то ки ба ту гаронӣ накунем». Ва ҳарчанд аз ӯ илтимос намуд, ӯ нахост биёяд, ва варо баракат дод.
  4. Ва Абшолӯм гуфт: «Ҳеҷ набошад,  бародарам Амнӯн ҳамроҳи мо биёяд». Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Чаро вай бо ту биёяд?»
  5. Вале Абшолӯм бо илтимосу илтиҷо ӯро  розӣ кард, ва ӯ Амнӯн ва ҳамаи писарони подшоҳро бо вай фиристод.
  6. Ва Абшолӯм   ба   навкаронаш   амр   фармуда,   гуфт: «Бингаред, ҳамин ки дили Амнӯн аз шароб шод гардад, ва ман  ба  шумо гӯям:  «Амнӯнро зарба  занед»,  дарҳол   ӯро бикушед, натарсед: ман охир, шуморо амр фармудаам, пас қавидил ва далер бошед».
  7. Ва навкарони Абшолӯм бо Амнӯн ончунон ки Абшолӯм амр фармуда буд, амал карданд; ва ҳамаи писарони подшоҳ бархостанд, ва ҳар яке ба хачири худ савор шуда, гурехтанд.
  8. Ва ҳангоме ки онҳо дар роҳ буданд, овозае ба гӯши Довуд расид, ки Абшолӯм ҳамаи писарони подшоҳро куш-тааст, ва як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намондааст.
  9. Ва подшоҳ  бархост ва либосҳояшро  дарронида, бар замин хобид, ва ҳамаи навкаронаш, ки либосҳошонро дарро-нида буданд, дар атрофаш меистоданд.
  10. Вале Юнодоб ибни Шимъо, бародари Довуд, ба сухан оғоз намуда, гуфт:  «Бигзор  оғоям  гумон  накунад, ки ҳамаи амрадони шоҳзодаро куштаанд, зеро танҳо Амнӯн мур-дааст, чункӣ ин масъала назди Абшолӯм ҳал шуда буд, аз рӯзе ки вай ба номӯси хоҳари ӯ Томор таҷовуз карда буд.
  11. Ва алҳол бигзор оғоям подшоҳ дили худро бо чунин фикр безобита накунад, ки гӯё ҳамаи писарони подшоҳ мурда бошанд, балки танҳо Амнӯн мурдааст».
  12. Ва Абшолӯм гурехт. Ва навкаре ки дидбонӣ менамуд, чашмонашро баланд карда, дид, ки инак, аз роҳи ақиби он, аз ҷониби кӯҳ, қавми бисьёре меоянд.
  13. Ва Юнодоб ба подшоҳ гуфт: «Инак, писарони подшоҳ меоянд; чунон ки бандаат гуфт, ончунон воқеъ шуд».
  14. Ва ҳамин ки вай суханонашро тамом кард, инак писарони подшоҳ омаданд, ва овози худро баланд карда, гиристанд; ва подшоҳ низ ва ҳамаи навкаронаш зор-зор гиристанд.
  15. Ва Абшолӯм гурехта, назди Талмой ибни Аммиҳуд, подшоҳи Ҷашур, рафт; ва Довуд барои писари худ ҳар рӯз навҳа мекард.
  16. Ва Абшолӯм гурехта, ба Ҷашур рафт, ва се сол дар он ҷо буд.
  17. Ва подшоҳ Довуд дар ҳаваси он буд, ки сӯи Абшолӯм берун равад, зеро дар бораи Амнӯн, ки мурда буд, тасаллӣ ёфта буд.

© IBT 1992