Доварон боби 1

Яҳудо бар зидди Канъон хуруҷ менамояд; аммо  ғалабаи комил ба даст оварда нашудааст.

  1. ВА баъд аз вафоти Еҳушаъ чунин воқеъ шуд, ки банӣ-Исроил аз   Худованд  пурсида,   гуфтанд:  «Кист, ки барои мо бар зидди канъониён аввал хуруҷ намуда, бо онҳо ҷанг кунад?»
  2. Ва Худованд гуфт: «Бигзор банӣ-Яҳудо хуруҷ намоянд; инак, ин заминро ба дасти онҳо таслим кардаам».
  3. Ва банӣ-Яҳудо ба бародаронашон банӣ-Шимъӯн гуфтанд: «Бо мо дар он чи насибаи мост, хуруҷ намоед, ва мо бо канъониён ҷанг кунем. Мо низ бо шумо дар он чи на-сибаи шумост, хоҳем рафт». Ва банӣ-Шимъӯн бо онҳо рафтанд.
  4. Вақте ки банӣ-Яҳудо хуруҷ намуданд, Худованд канъониён ва фариззиёнро ба дасти онҳо таслим кард; ва даҳ ҳазор нафарро аз онҳо дар Бозақ куштанд.
  5. Ва Адӯнӣ-Бозақро дар Бозақ ёфта, бо ӯ ҷанг карданд; ва ба канъониён ва фариззиён шикаст расониданд.
  6. Ва Адӯнӣ-Бозақ рӯй ба гурез овард, вале ӯро таъқиб намуда, дастгир карданд ва сарангуштҳои дастҳо ва пойҳояшро буриданд.
  7. Ва Адӯнӣ-Бозақ  гуфт:  «Ҳафтод подшоҳ, ки  сарангуштҳои дастҳо ва пойҳошон бурида шуда буд, дар таги мизи ман нонреза мечиданд; чунон ки ман кардаам, ончунон Худо ба  ман  подош  додааст». Ва ӯро ба Ерусалим оварданд, ва дар он ҷо ӯ мурд.
  8. Ва банӣ-Яҳудо бар зидди Ерусалим ҷанг карда, онро гирифтанд, ва онро аз дами шамшер гузарониданд; ва шаҳрро оташ зада сӯзониданд.
  9. Ва баъд аз он банӣ-Яҳудо фурӯд омаданд, то ки бо канъониён, ки дар кӯҳсор ва дар ҷануб ва дар пастхамӣ сокин буданд, ҷанг кунанд.
  10. Ва банӣ-Яҳудо ба муқобили канъониёне ки дар Ҳебрӯн сокин буданд, хуруҷ намуданд; ва номи Ҳебрӯн пештар Қирьят-Арбаъ буд; ва ба Шешай ва Аҳиман ва Талмой шикаст расониданд.
  11. Ва аз он ҷо онҳо ба муқобили сокинони Дабир равона шуданд; ва номи Дабир пештар Қирьят-Сефер буд.
  12. Ва Колеб гуфт:   «Касе ки ба  Қирьят-Сефер  шикаст расонад ва онро бигарад, духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ хоҳам дод».
  13. Ва Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб, онро гирифт; ва ӯ духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ дод.
  14. Ва чун духтар назди вай омад, вай ӯро моил намуд, ки аз падари худ   киштзоре   биталабад,  ва ӯ  аз  болои  хар фурӯд омад; ва Колеб ба ӯ гуфт:  «Ту чӣ мехоҳӣ?»
  15. Ва ӯ ба падараш гуфт: «Ба ман баракате бидеҳ, зеро ки за-мини ҷанубиро ту ба ман додаӣ, пас чашмаҳои обро ҳам ба ман бидеҳ». Ва Колеб чашмаҳои боло ва чашмаҳои поёнро ба ӯ дод.
  16. Ва банӣ-Қенӣ, ақрабои падарарӯси Мусо, аз шаҳри Хурмозор бо банӣ-Яҳудо хуруҷ намуда, сӯи биёбони Яҳудо, ки дар ҷануби Арод аст, равона шуданд ва дар миёни ин қавм маскан гирифтанд.
  17. Ва банӣ-Яҳудо бо бародаронашон банӣ-Шимъӯн равона шуданд, ва онҳо ба каньониёне ки дар Сефат сокин буданд, шикаст расониданд; ва онро валангор карда, номи ин шаҳрро Ҳормо хонданд.
  18. Ва банӣ-Яҳудо Ғаззаро бо навоҳии он, ва Ашқалӯнро бо навоҳии он, ва Эқрӯнро бо навоҳии он гирифтанд.
  19. Ва Худованд бо банӣ-Яҳудо буд, ва онҳо кӯҳсорро тасарруф намуданд; аммо сокинони водиро натавонистанд бадар ронанд, зеро ки онҳо аробаҳои оҳанин доштанд.
  20. Ва Ҳебрӯнро ба Колеб доданд, чунон ки Мусо гуфта буд; ва ӯ аз он ҷо се писари Аноқро бадар ронд.
  21. Вале ябусиёнро, ки дар Ерусалим сокин буданд, банӣ-Биньёмин натавонистанд бадар ронанд; ва ябусиён то имрӯз бо банӣ-Биньёмин дар Ерусалим сокин ҳастанд.
  22. Ва хонадони Юсуф низ сӯи Байт-Ил хуруҷ карданд, ва Худованд бо онҳо буд.
  23. Ва хонадони Юсуф дар Байт-Ил ҷосусӣ карданд; ва номи ин шаҳр пештар Луз буд.
  24. Ва посбонон мардеро, ки аз шаҳр берун омада буд, дида, ба ӯ гуфтанд: «Даромадгоҳи шаҳрро ба мо нишон деҳ, ва мо ба ту эҳсон хоҳем кард».
  25. Ва ӯ даромадгоҳи шаҳрро ба онҳо нишон дод, ва онҳо аҳли шаҳрро аз дами шамшер гузарониданд; ва он мардро бо тамоми хонаводааш раҳо карданд.
  26. Ва он мард ба замини ҳиттиён рафт, ва шаҳре бино намуда, номи онро Луз хонд; то имрӯз номи он ҳамин аст.
  27. Ва банӣ-Менашше аҳли Байт-Шеон ва деҳоти онро, ва аҳли Таънак ва деҳоти онро, ва сокинони Дӯр ва деҳоти онро, ва сокинони Иблеом ва деҳоти онро, ва сокинони Ма-ҷиддӯ ва деҳоти онро натавонистанд бадар ронанд, ва кан-ъониён азм карданд, ки дар ин замин бимонанд.
  28. Ва чун Исроил қувват гирифт, канъониёнро хироҷ-гузори худ гардонид, вале натавонист онҳоро бадар ронад.
  29. Ва банӣ-Эфроим канъониёнро, ки дар  Ҷозар сокин буданд, натавонистанд бадар ронанд; ва канъониён дар ми-ёни онҳо дар Ҷозар сукунат доштанд.
  30. Банӣ-Забулун сокинони Қитрӯн ва сокинони Наҳалӯлро натавонистанд бадар ронанд; ва канъониён дар миёни онҳо сукунат доштанд, ва хироҷгузор буданд.
  31. Бани-Ошер сокинони  Акку  ва  сокинони  Сидӯн  ва Аҳлоб ва Акзиб ва Ҳалбо ва Афиқ ва Раҳӯбро натавонистанд бадар ронанд.
  32. Ва ошериён дар миёни канъониёне ки сокини он замин буданд, сукунат доштанд, зеро ки онҳоро натавонистанд ба-дар ронанд.
  33. Банӣ-Нафтолӣ сокинони Байт-Шемеш ва сокинони Байт -Анотро натавонистанд бадар ронанд, ва дар миёни канъони-ёне ки сокини он замин буданд, сукунат доштанд; ва соки-нони Байт-Шемеш ва Байт-Анот хироҷгузори онҳо буданд.
  34. Ва амӯриён банӣ-Донро дар кӯҳсор фишор доданд, зе-ро онҳоро нагузоштанд, ки ба водӣ фурӯд оянд.
  35. Ва амӯриён азм карданд, ки дар кӯҳи Ҳорас, дар Аёлӯн ва Шаалбим сокин бошанд; вале дасти хонадони Юсуф бар онҳо гарон омад, ва хироҷгузор гардиданд.
  36. Ва ҳудуди амӯриён аз баландии Ақрабим, аз қуллаи он болотар буд.

© IBT 1992