Ҳастӣ боби 26

Аҳде ки бо Иброҳим баста шудааст, ба Исҳоқ мегузарад.

  1. ВА қаҳтие дар он замин рӯй дод, ба замми он қаҳтии аввал, ки дар айёми Иброҳим рӯй дода буд; ва Исҳоқ назди Абималик подшоҳи фалиштиён ба Ҷарор рафт.
  2. Ва Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ба Миср нарав, балки дар замине ки ба ту бигӯям, маскан гир.
  3. Дар ин замин мусофират кун; ва бо ту хоҳам буд, ва туро баракат хоҳам дод; зеро ки ба ту ва ба насли ту ҳамаи ин заминҳоро хоҳам дод, ва қасамеро, ки ба падарат Иброҳим ёд кардаам, ба ҷо хоҳам овард.
  4. Ва насли туро мисли ситорагони осмон афзун хоҳам кард; ва ҳамаи ин заминҳоро ба насли ту хоҳам дод; ва дар насли ту ҳамаи халқҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост,
  5. Ба хотири он ки Иброҳим ба овози Ман гӯш дод ва он чиро, ки ба риоя карданаш амр фармуда будам: аҳкоми Маро, фароизи Маро ва қонунҳои Маро риоя кард».

Маъсияти Исҳоқ.

  1. Ва Исҳоқ дар «Ҷарор маскан гирифт.
  2. Ва мардуми он макон аз ӯ дар бораи занаш пурсиданд, ва ӯ гуфт: «Вай хоҳари ман аст», зеро тарсид бигӯяд: «Зани ман аст», мабодо, гуфт ба дилаш, мардуми ин ҷо маро аз барои Ривқо бикушанд, чунки вай хушрӯй аст.
  3. Ва чун муддати дарозе ӯ дар он ҷо истиқомат кард, чунин воқеъ шуд, ки Абималик, подшоҳи фалиштиён, аз тиреза назар афканда, дид, ки инак Исҳоқ бо зани худ Ривқо ишқбозӣ мекунад.
  4. Ва Абималик Исҳоқро хонда, гуфт: «Ҳамоно, вай зани туст, пас чаро гуфтӣ: «Хоҳари ман аст»?» Ва Исҳоқ ба ӯ гуфт: «Ба он сабаб гуфтам, ки мабодо барои вай бимирам».
  5. Ва Абималик гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ? Қариб буд, ки яке аз халқ бо занат ҳамхоб шавад, ва ту бар мо гуноҳе меовардӣ».
  6. Ва Абималик ба тамоми халқ амр фармуда, гуфт: «Касе ки ба ин одам ва ба зани ӯ дасти тааддӣ дароз кунад, гириф-тори марг хоҳад шуд».
  7. Ва Исҳоқ дар он замин зироат кард, ва дар он сол садчандон ҳосил бардошт: Худованд ӯро баракат дод.
  8. Ва ин мард бузург шуд, рафта-рафта бузург шудан гирифт, то ба дараҷае ки бағоят бузург шуд.
  9. Ва ӯро рамаҳои гӯсофандон ва рамаҳои говон, ва ғуло-мону канизони зиёде буд, ва фалиштиён ба ӯ ҳасад бурданд.
  10. Ва ҳамаи чоҳҳоеро, ки ғуломони падараш дар айёми падараш Иброҳим канда буданд, фалиштиён бастанд ва аз хок пур карданд.
  11. Ва Абималик ба Исҳоқ гуфт: «Аз назди мо бирав, зеро ки аз мо хеле пурзӯртар шудаӣ».

Исҳоқ чоҳ меканад.

  1. Ва Исҳоқ аз он ҷо бирафт, ва дар водии Ҷарор фурӯд омад, ва дар он ҷо маскан гирифт.
  2. Ва чоҳҳои обро, ки дар айёми падараш Иброҳим канда буданд, ва фалиштиён онҳоро баъд аз вафоти Иброҳим баста буданд, Исҳоқ аз сари нав канд, ва ба онҳо ҳамон номҳоро дод, ки падараш ба онҳо дода буд.
  3. Ва ғуломони Исҳоқ дар он водӣ ҳафра заданд, ва чоҳи оби зиндае дар он ҷо ёфтанд.
  4. Ва чӯпонҳои «Ҷарор бо чӯпонҳои Исҳоқ ҷанҷол карда, гуфтанд: «Ин об аз они мост». Ва ӯ он чоҳро Эсак* номид, зеро ки бо ӯ баҳс карданд.
  5. Ва чоҳи дигаре канданд; барои он низ ҷанҷол карданд; ва ӯ онро Ситно* номид.
  6. Ва аз он ҷо кӯч карда, чоҳи дигаре канд, ва барои он ҷанҷол накарданд; ва ӯ онро Раҳӯбӯт* номида, гуфт, ки акнун Худованд маро вусъат дод, ва мо дар замин борвар хоҳем шуд.
  7. Ва аз он ҷо ба Беэр-Шобаъ омад.
  8. Ва дар ҳамон шаб Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои падарат Иброҳим ҳастам; натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва туро баракат медиҳам, ва насли туро, ба хотири бандаи Худ Иброҳим, афзун хоҳам кард».
  9. Ва қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва исми Худовандро хонд, ва хаймаи худро дар он ҷо барафрошт, ва ғуломони Исҳоқ чоҳе дар он ҷо канданд.
  10. Ва Абималик ҳамроҳи Аҳузат, ки яке аз ёронаш буд, ва Фикӯл, ки сипаҳсолораш буд, аз Ҷарор назди ӯ омад.
  11. Ва Исҳоқ ба онҳо гуфт: «Чаро назди ман омадед, дар сурате ки бо ман адоват карда ва маро аз назди худ ронда будед?»
  12. Гуфтанд: «Кушоду равшан дидем, ки Худованд бо туст, бинобар ин гуфтем: қасаме дар миёни мову ту бошад, ва аҳде бо ту бибандем,
  13. То ки ба мо бадӣ накунӣ, чунон ки ба ту осебе нарасон-дем, балки ба ту фақат некӣ кардем ва туро ба саломатӣ фиристодем, ва акнун ту мубораки Худованд ҳастӣ».
  14. Ва ӯ барои онҳо зиёфате барпо намуд, ва онҳо хӯрданд ва нӯшиданд.
  15. Ва бомдодон бархоста, ба якдигар қасам ёд карданд; ва Исҳоқ бо онҳо видоъ намуд, ва онҳо аз пеши ӯ ба сало-матӣ рафтанд.
  16. Ва дар он рӯз чунон воқеъ шуд, ки ғуломони Исҳоқ омада, ӯро аз он чоҳе ки меканданд, хабар дода, гуфтанд: «Об ёфтем».
  17. Ва ӯ онро Шибъо номид. Аз ин сабаб он шаҳр то имрӯз Беэр-Шобаъ ном дорад.
  18. Ва чун Эсов чилсола буд, Яҳудит духтари Беэри ҳиттӣ ва Босмат духтари Элӯни ҳиттиро ба занӣ гирифт.
  19. Ва онҳо сабаби ғаму ғуссаи Исҳоқ ва Ривқо буданд.

*20. Баҳс.

*21. Тӯҳмат.

*22. Вусъат.

© IBT 1992

Оставьте комментарий