Сеюм Подшоҳон боби 15

Подшоҳии Абиём.

  1. ВА дар   соли  ҳаждаҳуми   подшоҳии   Ёробъом   ибни Набот Абиём бар Яҳудо подшоҳ шуд.
  2. Се сол ӯ дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Маако бинти Абишолӯм буд.
  3. Ва дар ҳамаи гуноҳҳое ки падараш пеш аз ӯ карда буд, рафтор менамуд; ва дилаш ба Худованд Худояш, мис ли дили падараш Довуд, амин набуд.
  4. Аммо Худованд Худояш ба хотири Довуд ба ӯ чароғе дар Ерусалим дод, то ки писарашро баъд аз ӯ таъин намояд ва Ерусалимро устувор гардонад;
  5. Чунки Довуд он чиро, ки дар назари Худованд рост буд, ба амал меовард, ва аз ҳар чи Ӯ ба вай амр фармуда буд, тамоми айёми умри худ дур нашудааст, ба ғайр аз рафторе ки нисбат ба Уриёи ҳиттӣ карда буд.
  6. Ва дар миёни Раҳабъом ва   Ёробъом   тамоми   айёми умраш ҷанг буд.
  7. Ва бақияи аъмоли Абиём ва ҳар чи ӯ кардааст, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст. Ва дар миёни Абиём ва Ёробъом ҷанг буд.

Фавти Абиём ва подшоҳ шудани Осо.

  1. Ва Абиём бо падарони худ хобид, ва ӯро дар шаҳри Довуд дафн карданд. Ва писараш Осо ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  2. Ва дар соли бистуми Ёробъом, подшоҳи Исроил, Осо бар Яҳудо подшоҳ шуд.
  3. Ва ӯ чилу як сол дар  Ерусалим  подшоҳӣ кард.  Ва номи модараш Маако бинти Абишолӯм буд.
  4. Ва Осо он чиро, ки дар назари Худованд рост буд, мис-ли падараш Довуд ба амал меовард.
  5. Ва ливотагаронро аз мамлакат бадар ронд, ва  ҳамаи бутҳоеро, ки падаронаш сохта буданд, дур  кард.
  6. Ва модари худ Маакоро низ аз унвони малика маҳрум сохт, чунки вай бути зишти Ашераро сохта буд;  ва бути зишти варо шикаста, назди наҳри Қидрӯн сӯзонид.
  7. Вале баландиҳо маҳв карда нашуд. Аммо дили Осо та-моми айёми ӯ ба Худованд амин буд.
  8. Ва чизҳоеро, ки падараш вақф карда буд, ва чизҳоеро, ки худаш вақф карда буд, яъне нуқра ва тилло ва зарфҳоро ба хонаи Худованд даровард.

Ҷанг бо Баъшо; аҳд бо Арам.

  1. Ва дар миёни Осо ва Баъшо, подшоҳи Исроил, тамоми айёми онҳо ҷанг буд.
  2. Ва Баъшо, подшоҳи Исроил, ба муқобили Яҳудо баро-мада, Роморо бино кард, то ки касе натавонад назди Осо, подшоҳи Яҳудо, рафтуомад кунад.
  3. Ва Осо тамоми нуқра ва тиллоеро, ки дар хазоини хонаи Худованд ва хазоини хонаи подшоҳ боқӣ монда буд, гирифта, ба дасти навкаронаш дод, ва онҳоро подшоҳ Осо назди Бин-Ҳадад ибни Табриммӯн ибни Ҳезйӯн,  подшоҳи Арам, ки дар Димишқ сокин буд, фиристода, гуфт:
  4. «Дар миёни ман ва ту аҳде бошад, чунон ки дар ми-ёни падари ман ва падари ту аҳд буд; инак, ба ту инъоме аз нуқра ва тилло фиристодам; пас, аҳдеро, ки бо Баъшо, подшоҳи Исроил, бастаӣ, бишкан, то ки вай  аз ман дур шавад».
  5. Ва Бин-Ҳадад ба подшоҳ Осо гӯш дода, сипаҳдорони худро ба муқобили шаҳрҳои Исроил фиристод, ва Ийюн ва Дон ва Обил-Байт-Маако ва тамоми Кинрӯтро дар тамоми замини Нафтолӣ шикаст дод.
  6. Ва ҳамин ки Баъшо инро шунид, аз бино кардани Ромо даст кашида, дар Тирсо сокин шуд.
  7. Ва подшоҳ Осо тамоми аҳли Яҳудоро, бидуни истисно, даъват намуд, ва онҳо сангҳои Ромо ва чӯбҳояшро, ки Баъшо бо онҳо бино карда буд, бардошта бароварданд; ва подшоҳ Осо Ҷабъи Биньёмин ва Мисфоро бо онҳо бино намуд.

Беморӣ ва фавти Осо.  Подшоҳ шудани Еҳушофот.

  1. Ва бақияи тамоми аъмоли Осо ва тамоми корнамоии ӯ ва ҳар чи ӯ кардааст, ва шаҳрҳое ки ӯ бино намудааст, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст; аммо дар замони пирияш ӯ дарди по шуда буд.
  2. Ва Осо бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри падараш Довуд дафн карда шуд; ва писараш Еҳӯ-шофот ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

Подшоҳ шудани Нодоб бар Исроил.

  1. Ва дар соли дуюми Осо, подшоҳи Яҳудо, Нодоб ибни Ёробъом бар Исроил подшоҳ шуд, ва ду сол бар   Исроил подшоҳӣ кард.
  2. Ва он чиро, ки дар назари Худованд бад буд, ӯ ба амал меовард, ва бо роҳи падари худ ва дар гуноҳи вай, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, рафтор менамуд.

Баъшо бар Исроил подшоҳ мешавад.

  1. Ва Баъшо ибни Аҳиё, ки аз хонадони Иссокор буд, ба муқобили ӯ  суиқасд  намуд,   ва Баъшо   ӯро   дар Ҷибтӯн, ки дар дасти фалиштиён буд, зарба зад, вақте ки Нодоб ва тамоми Исроил Ҷибтӯнро муҳосира карда буданд.
  2. Ва Баъшо ӯро дар соли сеюми Осо, подшоҳи Яҳудо, кушта, ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  3. Ва ҳангоме ки вай  подшоҳ шуд,   тамоми хонадони Ёробъомро кушт, як нафар ҳам   аз насли   Ёробъом боқӣ нагузошт,  то  ба   дараҷае   ки саросар   онҳоро маҳв намуд, бар тибқи каломи Худованд, ки ба воситаи бандаи худ Аҳиёи шилӯнӣ гуфта буд, —
  4. Аз боиси гуноҳҳои Ёробъом, ки  худаш гуноҳ карда ва Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида, Худованд Худои Исроилро бо ин маъсияти худ ба ғазаб оварда буд.
  5. Ва бақияи аъмоли Нодоб, ва ҳар чи ӯ кардааст, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.
  6. Ва дар миёни Осо ва Баъшо, подшоҳи Исроил, тамоми айёми онҳо ҷанг буд.
  7. Дар соли сеюми Осо, подшоҳи Яҳудо, Баъшо ибни Аҳиё бар тамоми Исроил  дар Тирсо  подшоҳ шуда, бисту чор сол салтанат ронд.
  8. Ва он чиро, ки дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, ва бо роҳи Ёробъом ва дар гуноҳҳое ки вай Исроил-ро гирифтори гуноҳ гардонида буд, рафтор намуд.

© IBT 1992