Чорум Подшоҳон боби 5

Шифо ёфтани Наамон.

  1. ВА Наамон, сардори лашкари подшоҳи Арам, ба ҳузури оғои худ шахси бузург ва мӯҳтарам  буд,   зеро   ки   ба воситаи вай Худованд ба Арам ғалаба бахшида буд; ва ин шахс паҳлавони далер, вале махавӣ буд.
  2. Ва фавҷҳои арамиён берун омада, духтари хурдеро аз замини Исроил асир карданд, ва ӯ пеши зани Наамон хизмат мекард.
  3. Ва ӯ ба хотуни худ гуфт: «Кошки оғоям пеши набие ки дар Сомария аст, мерафт, ки вай  ӯро  аз  махаваш шифо медод!»
  4. Ва ӯ омад ва ба оғои худ хабар дода, гуфт: «Духтаре ки аз замини Исроил аст, чунин ва чунон мегӯяд».
  5. Ва подшоҳи Арам гуфт: «Биё, бирав, ва ман ба под-шоҳи Исроил мактуб мефиристам». Ва ӯ рафта даҳ киккар нуқра ва шаш ҳазор сиқл тилло ва даҳ даста либос ба дас-ти худ гирифт.
  6. Ва мактубро назди подшоҳи Исроил овард, ки дар он гуфта шуда буд: «Ва алҳол, дар баробари он ки ин мактуб ба дасти ту бирасад, инак, ман навкари худ Наамонро назди ту фиристодам, то ки ӯро аз махаваш шифо диҳӣ».
  7. Ва ҳангоме ки подшоҳи Исроил мактубро хонд, либоси худро чок зада, гуфт: «Оё ман Худо ҳастам, ки бимиронам ва зинда гардонам, ки вай назди ман фиристодааст, то ки он одамро аз махаваш шифо диҳам? Пас, бидонед ва бу-бинед, ки вай бар зидди ман баҳона меҷӯяд».
  8. Ва чун Элишоъ, марди Худо, шунид, ки подшоҳи Ис-роил либоси худро чок задааст, назди подшоҳ фиристода, гуфт: «Чаро либоси худро чок задӣ? Бигзор вай назди ман биёяд, то бидонад, ки набие дар Исроил ҳаст».
  9. Ва Наамон бо аспон ва аробаи худ омада, назди дари хо-наи Элишоъ истод.
  10. Ва Элишоъ қосиде назди вай фиристода, гуфт: «Рафта, ҳафт карат дар Ӯрдун ғусл намо, ва баданат аз нав тоза шу-да, ту пок хоҳӣ гардид».
  11. Вале Наамон ба хашм омада, рафт, ва гуфт: «Инак, ман гумон карда будам, ки ӯ ҳатман берун хоҳад омад, ва истода, исми Худованд Худои худро хоҳад хонд, ва дасти худро ба он ҷой расонида, махавро шифо хоҳад дод.
  12. Оё Амоно ва Фарфар, наҳрҳои   Димишқ,   аз ҳамаи обҳои Исроил беҳтар нест? Оё ман наметавонистам дар он-ҳо ғусл намуда, пок шавам?» Ва ӯ тоб хӯрда, бо ғазаб рафт.
  13. Ва навкаронаш наздик омада ва ба ӯ  сухан ронда, гуфтанд:   «Эй падарам,  агар набӣ ба ту чизи бузурге ме-гуфт,   оё   намекардӣ?   Хусусан   ки   вай   ба   ту   гуфтааст: «Ғусл намуда, пок шав»».
  14. Ва ӯ фурӯд омада, бар тибқи каломи  марди Худо, ҳафт карат дар Урдун ғусл кард, ва баданаш, мисли бадани тифли хурд, аз нав тоза шуд, ва ӯ пок гардид.
  15. Ва ӯ, бо ҳамаи ҳамроҳонаш, назди марди Худо баргашт, ва пеши ӯ омада, истод ва гуфт: «Инак, акнун донистам, ки Худое дар тамоми замин нест, ҷуз Он ки дар Исроил аст; ва алҳол, лутфан, тӯҳфае аз бандаи худ бигир».
  16. Ва ӯ  гуфт:   «Ба ҳаёти  Худованде  ки  дар   ҳузураш истодаам, қасам мехӯрам,  ки нахоҳам гирифт».  Ва ҳарчанд ба гирифтанаш исрор намуд, ӯ розӣ нашуд.
  17. Ва Наамон гуфт: «Чун намегирӣ, бигзор ба бандаат ба андозае ки ду хачир бардорад, хок диҳанд, чунки бан-даат минбаъд ба худоёни дигар, ҷуз Худованд, қурбониҳои сухтанӣ ва забҳҳо тақдим нахоҳад кард.
  18. Фақат аз ин бобат бигзор Худованд бандаатро афв фармояд: вақте ки оғои ман ба хонаи Риммӯн ояд, то ки дар он ҷо саҷда барад, ва ӯ бар дасти ман такья кунад, ва ман дар хонаи Риммӯн саҷда барам, — пас, барои он ки ман дар   хонаи   Риммӯн  саҷда  мебарам,  бигзор Худованд бан-даатро аз ин бобат афв фармояд».
  19. Ва ӯ ба вай гуфт: «Ба саломатӣ бирав». Ва аз пеши ӯ рафта, масофате бурид.

Гуноҳи Ҷеҳазӣ.

  1. Ва Ҷеҳазӣ, навкари Элишоъ, марди Худо, дар дили худ гуфт: «Инак, оғоям нахост, ки аз дасти ин Наамони арамӣ он чиро, ки вай оварда буд, бигирад; ба ҳаёти Худованд қасам, ки ман аз қафои вай давида, чизе аз вай хоҳам гирифт».
  2. Ва Ҷеҳазӣ аз қафои Наамон давид; ва Наамон даван-даеро аз қафои худ дида, аз аробаи худ ба  истиқболаш фурӯд омад, ва гуфт: «Оё саломатист?»
  3. Ва ӯ гуфт: «Оғоям маро  фиристода,  гуфт:  «Инак, алҳол аз кӯҳи Эфроим ду ҷавон, аз банӣ-анбиё, назди ман омаданд; лутфан, барои онҳо як киккар нуқра ва ду даста либос бидеҳ»».
  4. Ва Наамон   гуфт:   «Марҳамат   фармуда,   ду   киккар бигир». Ва аз ӯ бисьёр илтимос кард, ва ду киккар нуқраро бо ду даста либос дар ду халта баста,  ба ду навкари худ дод, ва онҳо пешопеши ӯ бардошта бурданд.
  5. Ва ҳангоме ки ба бурҷи болои тал  расид,   аз  дасти онҳо   гирифта,   дар   хона   пинҳон   кард;   ва   он   одамонро ҷавоб дод, ва онҳо рафтанд.
  6. Ва ӯ омада, назди оғои худ истод. Ва Элишоъ ба ӯ гуфт: «Аз куҷо омадӣ, эй Ҷеҳазӣ?» Ва ӯ гуфт: «Бандаат ба ҳеҷ ҷо нарафта буд».
  7. Вай ба ӯ гуфт: «Оё дили ман ҳамроҳи ту нарафт, вақте ки он шахс аз аробаи худ ба истиқболи ту фурӯд омад? Оё ҳоло вақти гирифтани нуқра ва гирифтани либосҳо, ва дарахтони зайтун   ва   токҳо,   ва  гӯсфандон ва говон, ва ғуломон ва канизон аст?
  8. Пас, махави Наамон ба ту ва ба насли ту ба сурати абадӣ хоҳад часпид». Ва ӯ аз   махав   мисли барф  сафед шуда, аз пешй вай берун рафт.

© IBT 1992