Хуруҷ боби 10

Бори ҳаштум ба фиръавн рӯ оварданашон.

  1. ВА Худованд ба Мусо гуфт: «Назди фиръавн бирав, зеро ки Ман дили ӯ ва дили навкаронашро сахт кардаам, барои он ки аломоти Худро дар миёни онҳо зоҳир намоям,
  2. Ва барои он ки ту он чиро, ки Ман дар Миср ба амал овардам, ва аломотеро, ки дар миёни онҳо зоҳир намудам, ба гӯши писарат ва писари писарат ҳикоят кунӣ, то бидо-нед, ки Ман Худованд ҳастам».
  3. Ва Мусо ва Ҳорун назди фиръавн омада, ба вай гуф-танд: «Худованд, Худои ибриён чунин мегӯяд: «То ба кай аз гардан фуровардан ба ҳузури Ман рӯй мегардонӣ? Қавми Маро равона кун, то ки Маро ибодат намоянд.
  4. Зеро, агар ту аз равона кардани қавми Ман рӯй гар-донӣ, инак, Ман фардо ба ҳудуди ту малах меоварам,
  5. Ва рӯи заминро тавре хоҳад пӯшонид, ки кас заминро натавонад бубинад; ва бақияи он чиро, ки аз жола раҳо шуда, барои шумо саломат мондааст, хоҳад хӯрд, ва ҳар дарахтеро, ки барои шумо сабзидааст, аз саҳро хоҳад хӯрд.
  6. Ва хонаҳои ту ва хонаҳои ҳамаи навкаронат ва хона-ҳои ҳамаи мисриёнро пур хоҳад кард, — ба тавре ки па-даронат ва падарони падаронат аз рӯзе ки бар замин вуҷуд доранд, то имрӯз надидаанд»».  Ва ӯ пушт гардонида, аз пеши фиръавн баромад.
  7. Ва навкарони фиръавн ба вай гуфтанд: «То ба кай ин одам барои мо санги роҳ бошад? Ин одамонро равона кун, то ки Худованд Худои худро ибодат намоянд; магар ҳанӯз ту надонистаӣ, ки Миср ба ҳалокат мерасад»?
  8. Ва Мусо ва Ҳорунро назди фиръавн баргардониданд, ва вай ба онҳо гуфт: «Биравед, Худованд Худои худро ибо-дат намоед; пас, кист ва кист, ки равона мешавад?»
  9. Ва Мусо гуфт: «Бо  ҷавонон ва  пирони  худ  хоҳем рафт, бо писарон ва духтарони худ, бо гӯсфандон ва говони худ хоҳем рафт, зеро ки иди Худованд аст барои мо».
  10. Вай ба онҳо гуфт: «Бигзор Худованд бо шумо ончунон бошад, чунон ки ман шуморо бо кӯдаконатон равона кунам! Барҳазар бошед, зеро ки бадӣ шуморо дар пеш аст!
  11. Чунин нахоҳад шуд! Фақат шумо, мардон, биравед ва Худовандро ибодат намоед, зеро ки шумо инро хоҳон будед».  Ва онҳоро аз пеши  фиръавн бадар ронданд.

Мӯъҷизаи ёздаҳум.

  1. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Дасти худро бар замини Миср барои малах дароз кун, то ки он бар замини Миср баромада, тамоми набототи заминро, ки аз жола боқӣ мон-дааст, бихӯрад».
  2. Ва Мусо асои худро бар замини Миср дароз кард, ва Худованд тамоми он рӯз ва тамоми шаб боди шарқиро бар замин вазонид; вақте ки субҳ дамид, боди шарқӣ малахро овард.
  3. Ва  малах  бар   тамоми  замини  Миср  баромада,   дар тамоми ҳудуди Миср қарор гирифт, ки он бағоят бисьёр буд; пеш аз он чунин малах набуд, ва баъд аз он чунин нахоҳад буд.
  4. Ва рӯи тамоми  заминро  пӯшонид,  ва  замин торик шуд, ва тамоми набототи замин ва тамоми меваи дарахтонро, ки аз жола боқӣ монда буд, хӯрд; ва ҳеҷ сабзае бар дарах-тон ва бар набототи саҳро дар тамоми замини Миср боқӣ намонд.
  5. Ва фиръавн шитобон Мусо ва Ҳорунро даъват намуда, гуфт: «Пешӣ Худованд Худои шумо ва пеши шумо гуноҳ кардаам;
  6. Ва алҳол, лутфан, ҳамин дафъа ҳам гуноҳи маро афв кунед, ва сӯи Худованд Худои худ дуо гӯед, то ки фақат ин маргро аз ман дур созад».
  7. Ва аз пеши фиръавн берун омада, сӯи Худованд дуо гуфт.
  8. Ва Худованд боди ғарбии бағоят сахте ба вуҷуд овард, ки малахро бардошта бурда, ба баҳри Қулзум андохт; дар тамоми ҳудуди Миср як адад ҳам малах намонд.
  9. Вале Худованд дили фиръавнро сахт кард, ва вай банӣ-Исроилро равона накард.

Мӯъҷизаи дувоздаҳум.

  1. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Дасти худро сӯи осмон дароз кун, то ки бар замини Миср торикӣ ба вуҷуд ояд, торикие ки онро ламс кардан мумкин бошад».
  2. Ва Мусо дасти худро сӯи осмон дароз кард, ва дар тамоми замини Миср торикии ғализе се рӯз ба миён омад.
  3. Якдигарро намедиданд, ва касе аз ҷои худ се рӯз барнахост; валекин барои  банӣ-Исроил дар  масканҳошон рӯшноӣ буд.
  4. Ва фиръавн Мусоро даъват намуда, гуфт: «Биравед ва Худовандро ибодат намоед, фақат рамаҳои гӯсфандон ва го-вони шумо бимонад, кӯдакони шумо низ бо шумо бираванд».
  5. Вале Мусо гуфт: «Ту низ ба дасти мо қурбониҳои саломатӣ ва қурбониҳои сӯхтанӣ бидеҳ, то ки барои Худо-ванд Худои худ тақдим кунем.
  6. Чорвои мо низ бо мо хоҳад рафт, як суме боқй нахо-ҳад монд, зеро ки аз он бояд барои ибодати Худованд Худои худ бигирем, ва мо то ба он ҷо нарасем, нахоҳем донист, ки бо чӣ чиз Худовандро ибодат намоем».
  7. Ва Худованд дили фиръавнро сахт кард, ва вай на-хост онҳоро равона кунад.

Қатъи гуфтушунид.

  1. Ва фиръавн ба ӯ гуфт: «Аз пеши ман бирав! Барҳа-зар бош, ки рӯи маро дигар набинӣ, зеро дар рӯзе ки рӯи маро бубинӣ, хоҳӣ мурд».
  2. Ва Мусо гуфт: «Дуруст гуфтӣ; рӯи туро дигар нахо-ҳам дид».

© IBT 1992

Оставьте комментарий