Ҳастӣ боби 24

Ривқо, аруси Исҳоқ.

  1. ВА Иброҳим. пир ва солхӯрда шуд, ва Худованд Ибро-ҳимро дар ҳар чиз баракат дод.
  2. Ва Иброҳим ба ғуломи худ, ки калони хонаи ӯ буда, тамоми дороии ӯро идора мекард, гуфт: «Дасти худро зери рони ман бигузор,
  3. Ва ба Худованд Худои осмон ва Худои замин туро қасам медиҳам, ки зане барои писарам аз духтарони канъо-ниён, ки дар миёни онҳо иқомат дорам, нагирӣ;
  4. Балки ба замини ман, ба зодгоҳи ман биравӣ, ва зане барои писарам Исҳоқ бигирӣ».
  5. Ва ғулом ба ӯ гуфт: «Шояд, он зан розӣ нашавад, ки бо ман ба ин замин биёяд; оё писаратро ба замине ки аз он берун омадаӣ, баргардонам?»
  6. Ва Иброҳим ба ӯ гуфт: «Зинҳор, писари маро ба он ҷо барнагардонӣ.
  7. Худованд Худои осмон, ки маро аз хонаи падарам ва аз замини зодгоҳам берун овард, ва ба ман сухан ронд, ва ба ман қасам ёд карда, гуфт, ки: «Ин заминро ба насли ту хоҳам дод» — У фариштаи Худро пешопеши ту хоҳад фиристод, то ки зане барои писарам аз он ҷо бигирӣ.
  8. Вале агар он зан ба омадан бо ту розӣ нашавад, аз ин қасами ман фориғ хоҳӣ буд; аммо, зинҳор, писарамро ба он ҷо барнагардонӣ».
  9. Ва ғулом дасти худро зери рони оғои худ Иброҳим гузошт, ва дар ин хусус ба ӯ қасам ёд кард.
  10. Ва ғулом даҳ шутур аз шутурони оғои худ гирифта, бирафт. Ва тамоми ганҷинаи оғояш дар дасти ӯ буд. Ва бар-хоста, сӯи Арам-наҳрайн, ба шаҳри Ноҳӯр бирафт.
  11. Ва шомгоҳ, вақте ки занон барои обкашӣ мебаромаданд, шутуронро дар беруни шаҳр назди чоҳи об чӯконид.
  12. Ва гуфт: «Эй Худованд, Худои оғоям Иброҳим! Имрӯз ба муродам бирасон, ва ба оғоям Иброҳим эҳсон бикун.
  13. Инак, ман ба сари чашмаи об истодаам, ва духтарони аҳли ин шаҳр барои обкашӣ мебароянд;
  14. Ва чунин бишавад, ки он духтаре ки ба вай гӯям: «Кӯзаи худро хам кун, то бинӯшам», ва ӯ гӯяд: «Бинӯш, ва шутуронатро низ нӯшонам», — ҳамон бошад, ки барои бан-даи Худ Исҳоқ ихтиёр кардаӣ; ва аз рӯи ин бидонам, ки ба оғоям эҳсон кардаӣ».
  15. Ва ӯ ҳанӯз суханашро тамом накарда буд, ва инак Рив-қо, ки аз Батуил, писари Милко, зани Ноҳӯр, бародари Иброҳим, таваллуд шуда буд, берун омад, ва кӯзае бар китф дошт.
  16. Ва он духтар бисьёр хушрӯй ва бокира буд, ва марде бо ӯ нахобида буд; ва сӯи чашма фуромад, ва кӯзаи худро пур карда, боло баромад.
  17. Ва ғулом ба пешвози вай шитофта, гуфт: «Як ҷуръа об аз кӯзаи худ ба ман бинӯшон».
  18. Гуфт: «Эй оғои ман, бинӯш!» Ва дарҳол кӯзаашро ба дасташ фуроварда, ӯро нӯшонид.
  19. Ва чун аз нӯшониданаш фориғ шуд, гуфт: «Барои шутуронат низ об мекашам, то даме ки аз нӯшидан бозис-танд».
  20. Ва дарҳол кӯзаи худро дар обхӯр холӣ кард, ва боз сӯи чоҳ ба обкашӣ бидавид, ва барои ҳамаи шутуронаш об кашид.
  21. Ва он мард бо ҳайрат менигарист ва сукут мекард, то бидонад, ки оё Худованд сафари ӯро муваффақият бахши-дааст ё не.
  22. Ва ҳангоме ки шутурон аз нӯшидан бозистоданд, он мард ҳалқаи тиллои вазнаш ним сиқл, ва барои дастҳои вай ду дастпонаи вазнаш даҳ сиқл тиллоро гирифт,
  23. Ва гуфт: «Ту духтари кистӣ? Ба ман бигӯ; оё дар хонаи падарат ҷое барои мо ҳаст, то ки шабро гузаронем?»
  24. Ба ӯ гуфт: «Ман духтари Батуил, писари Милко, ҳас-там, ки ӯро ба Ноҳӯр зоидааст».
  25. Ва боз ба ӯ гуфт: «Назди мо коҳу беда бисьёр аст, ва ҷой низ барои шабгузаронӣ».
  26. Ва он мард саҷда намуд ва Худовандро ибодат кард,
  27. Ва гуфт: «Муборак аст Худованд, Худои оғоям Ибро-ҳим, ки эҳсони Худро, ва вафои Худро аз оғоям дареғ на-дошт! Ва чун дар роҳ будам, Худованд маро сӯи хонаи баро-дари оғоям, ҳидоят намуд».
  28. Ва духтар давида рафта, ба аҳли байти модари худ воқеаро хабар дод.
  29. Ва Ривқоро бародаре буд, ки Лобон ном дошт. Ва Лобон назди он мард, сӯи чашма давида баромад.
  30. Ва ҳангоме ки он ҳалқаро, ва бар дастҳои хоҳараш он дастпонаҳоро дид, ва суханони хоҳари худ Ривқоро шунид, ки мегуфт: «Он мард ба ман чунин гуфт», — пеши мард омад, ва инак, ӯ назди шутурон ба сари чашма истодааст.
  31. Ва гуфт: «Биё, эй мубораки Худованд! Чаро дар берун истодаӣ? Ман хонаро, ва манзиле барои шутурон муҳайё кардам».
  32. Ва он мард ба хона даромад, ва Лобон шутуронро воз кард, ва коҳу беда ба шутурон дод, ва об барои шустани пойҳояш ва пойҳои касоне ки ҳамроҳаш буданд.
  33. Ва хӯрок пеши ӯ ниҳоданд, вале гуфт: «То матлаби худро нагӯям, чизе намехӯрам». Гуфтанд: «Бигӯ».
  34. Ва гуфт: «Ман ғуломи Иброҳим ҳастам.
  35. Ва Худованд оғои маро бисьёр баракат додааст, ва ӯ бузург шудааст, ва гӯсфандону говон, нуқра ва тилло, ғуло-мону канизон, шутурону харон ба ӯ додааст.
  36. Ва зани оғоям Соро, баъд аз пир шуданаш, писаре ба оғоям зоид, ва ҳар чи ӯ дорад, ба вай додааст.
  37. Ва оғоям маро қасам дода, гуфт: «Зане барои писарам аз духтарони канъониён, ки дар заминашон иқомат дорам, нагирӣ;
  38. Балки ба хонаи падари ман ва назди хешу табори ман биравӣ, ва зане барои писарам бигирӣ».
  39. Ва ба оғои худ гуфтам: «Шояд, он зан ҳамроҳи ман наояд».
  40. Ба ман гуфт: «Худованд, ки пешаш роҳ меравам, фа-риштаи Худро бо ту хоҳад фиристод ва сафари туро муваф-фақият хоҳaд бахшид, то ки зане барои писарам аз хешу табори ман  ва  аз  хонаи  падари  ман  бигирӣ.
  41. Ҳамон вақт аз қасами ман фориғ хоҳӣ буд, ки назди хешу табори ман рафта бошӣ; ва агар онҳо ба ту надиҳанд, аз қасами ман фориғ хоҳӣ буд».
  42. Ва имрӯз ман ба сари чашма расидам, ва гуфтам: «Эй Худованд, Худои оғоям Иброҳим! Агар сафари маро, ки ба он рафта истодаам, бомуваффақият гардонӣ,
  43. Инак, ман ба сари ин чашмаи об истодаам, ва чунин бишавад, ки он духтаре ки барои обкашӣ барояд, ва ба вай гӯям: «Маро аз кӯзаи худ як ҷуръа об бинӯшон»,
  44. Ва ба ман гӯяд: «Ҳам ту бинӯш, ва ҳам барои шутуро-нат об мекашам», — вай ҳамон зане бошад, ки Худованд барои писари оғои ман ихтиёр кардааст».
  45. Ман ҳанӯз гуфтани инро дар дили худ тамом накарда будам, ва инак Ривқо бо кӯзае бар китфи худ берун омад ва сӯи чашма фуромада, об кашид; ва ман ба вай гуфтам: «Як ҷуръа об ба ман бинӯшон».
  46. Ва ӯ дарҳол кӯзаашро аз китфаш фуроварда, гуфт: «Бинӯш; ба шутурони ту низ об медиҳам». Ман ҳам нӯшидам, ба шутурон низ об дод.
  47. Ва аз вай пурсида, гуфтам: «Ту духтари кистӣ?» Гуфт: «Духтари Батуил, писари Ноҳӯр, ки Милко ба ӯ зоид». Ва ҳалқаро дар бинии вай ва дастпонаҳоро бар дастҳояш пӯ-шондам.
  48. Ва саҷда намудам ва Худовандро ибодат кардам, ва Худованд, Худои оғои худ Иброҳимро муборак хондам, ки маро ба роҳи рост андохт, то ки духтари бародари оғои худро барои писараш бигирам.
  49. Ва акнун ба ман бигӯед, ки оё шумо мехоҳед ба оғои ман эҳсон ва вафо зоҳир намоед, ё не; ба ман бигӯед, то ки ман ба тарафи рост ё чап раҳсипор шавам».
  50. Ва Лобон ва Батуил дар ҷавоб гуфтанд: «Ин амр аз Худованд содир шудааст; мо ба ту чизе бад ё нек гуфта наметавонем.
  51. Инак Ривқо пеши туст; бигир ва бирав; бигзор вай зани писари оғои ту шавад, чунон ки Худованд гуфтааст».
  52. Ва чун ғуломи Иброҳим суханони онҳоро шунид, ба Худованд то замин саҷда кард.
  53. Ва ғулом асбоби нуқра, ва асбоби тилло, ва либосҳоро берун оварда, ба Ривқо дод, ва ба бародар ва модари вай инъомҳои гаронбаҳо дод.
  54. Ва ӯ ва касоне ки ҳамроҳаш буданд, хӯрданд ва нӯши-данд, ва шабро гузаронданд. Ва бомдодон, чун бархостанд, ӯ гуфт: «Маро сӯи оғоям ҷавоб диҳед».
  55. Вале бародар ва модари вай гуфтанд: «Духтар бо мо даҳ рӯзе бимонад, ва баъд равона шавад».
  56. Ба онҳо гуфт: «Маро нигоҳ надоред; Худованд сафари маро муваффақият бахшид; маро ҷавоб диҳед, то ки назди оғои худ биравам».
  57. Ва гуфтанд: «Духтарро ҷеғ зада, пурсем, ки ӯ чӣ мегӯяд».
  58. Ва Ривқоро ҷеғ зада, ба вай гуфтанд: «Оё бо ин мард меравӣ?» Гуфт: «Меравам».
  59. Ва хоҳари худ Ривқоро, ва дояашро, ва ғуломи Ибро-ҳимро, ва одамони ӯро ҷавоб доданд.
  60. Ва Ривқоро баракат дода, ба вай гуфтанд: «Эй хоҳари мо! Аз ту ҳазорон-ҳазор таваллуд ёбанд, ва насли ту шаҳрҳои душманони худро мусаххар намояд!»
  61. Ва Ривқо ва канизонаш бархоста, ба шутурон савор шуданд, ва аз ақиби он мард равона шуданд; ва ғулом Рив-қоро гирифта, бирафт.
  62. Ва Исҳоқ аз Беэр-лаҳай-рӯӣ омад; зеро ки ӯ дар за-мини ҷануб иқомат дошт.
  63. Ва қариби шом Исҳоқ барои гаштугузор ба саҳро ба-ромад; ва чашм андохта, дид, ки шутурон меоянд.
  64. Ва Ривқо чашм андохта, Исҳоқро дид, ва аз шутур фуромад.
  65. Ва ба ғулом гуфт: «Ин мард кист, ки дар саҳро ба пешвози мо меояд?» Ва ғулом гуфт: «Ин оғои ман аст». Вай бурқаъро гирифта, рӯи худро пӯшонид.
  66. Ва ғулом ҳамаи корҳоеро, ки карда буд, ба Исҳоқ нақл намуд.
  67. Ва Исҳоқ вайро ба хаймаи модари худ Соро овард; ва Ривқоро гирифт: вай зани ӯ шуд, ва ӯ ба вай дил баст; ва Исҳоқ пас аз азои модари худ тасаллӣ ёфт.

© IBT 1992

Оставьте комментарий