Такрори Шариат боби 22

Дар бораи дӯстдорӣ нисбат ба ёр ва нисбат ба ҳайвонот.

  1. «ВАҚТЕ ки гови бародари худ ё гӯсфанди ӯро бубинӣ, ки роҳро гум кардааст, набояд аз онҳо рӯй гардонӣ; онҳоро ҳатман ба бародари худ баргардон.
  2. Ва агар бародари ту дар наздикии ту набошад, ё ӯро нашносӣ, онҳоро ба хонаи худ биёр, ва бигзор онҳо назди ту бошад, то даме ки бародарат онҳоро талаб кунад, ва он гоҳ ба ӯ баргардон.
  3. Ва бо хари ӯ чунин амал намо, ва бо либоси ӯ чунин амал намо, ва бо ҳар чизи гумшудаи бародари худ, ки вай онро гум карда бошад, ва ту онро ёфта бошӣ, чунин амал намо; ту наметавонӣ аз он рӯй гардонӣ.
  4. Агар хари бародари худ ё гови ӯро бубинӣ, ки дар роҳ афтодааст, аз онҳо рӯй нагардон, балки ҳатман онҳоро бо ӯ бархезон.
  5. Либоси мард бар зан набояд бошад, ва мард набояд либоси занро   дар   бар   кунад,   зеро   ҳар   кӣ   ин  корҳоро мекунад, дар назари Худованд Худои ту зишт аст.
  6. Агар тасодуфан дар роҳ,  бар дарахте ё бар замин, лонаи паррандае аз пешат барояд, ки чӯҷаҳо ё тухмҳо дар он бошад, ва модар бар чӯҷаҳо ё бар тухмҳо нишаста бошад, — модарро бо бачаҳояш нагир:
  7. Модарро албатта раҳо намо, ва бачаҳоро барои худ бигир, то ки барои ту некӯ бошад, ва умри дароз бинӣ.
  8. Ҳангоме ки хонаи нав бино кунӣ, панҷарае бар боми худ бисоз, то ки хуне бар хонаи худ наоварӣ, вақте ки касе аз болои он биафтад.
  9. Токзори худро бо ду навъ тухмӣ кишт накун, ма-бодо тамоми ҳосилот, ҳам тухмие ки коштаӣ, ва ҳам ҳосили токзор ҳаром гардад.
  10. Барзагов ва харро якҷоя баста, шудгор накун.
  11. Либоси иборат аз ду навъ матоъ, яъне аз пашм ва ка-тон, дар бар накун.
  12. Бар чор гӯшаи ридои худ, ки онро дар бар мекунӣ, шилшилаҳо бибоф.

Муҳофизати зан аз маломатҳои мард.

  1. Агар касе зан гирад, ва бо вай бихобад, ва аз вай наф-рат намояд,
  2. Ва дар ҳаққи вай маломат бароварад, ва варо бадном карда, гӯяд: «Ин занро гирифтам, ва бо вай наздикӣ кар-дам, вале варо бокира наёфтам», —
  3. Пас, бигзор падари он духтар ва модари вай алома-ти бакорати духтарро гирифта, пеши пирони шаҳр, назди дарвоза бароранд,
  4. Ва падари духтар ба пирон бигӯяд: «Духтари худро ба ин одам ба занӣ додаам, ва ӯ алҳол аз вай нафрат кардааст,
  5. Ва инак, ӯ маломат бароварда, мегӯяд: духтари туро бокира наёфтам. Вале ин аст аломати бакорати духтари ман». Пас, ҷойпӯшро пеши пирони шаҳр паҳн мекунанд.
  6. Ва бигзор пирони он шаҳр он мардро гирифта, таъдиб намоянд.
  7. Ва бар ӯ ба қадри сад сиқл нуқра ҷарима андохта, онро ба падари духтар бидиҳанд, зеро ки ӯ бокираи Исро-илро бадном кардааст; ва бигзор вай зани ӯ бошад, ба тавре ки ӯ наметавонад тамоми умри худ ба вай талоқ диҳад.
  8. Валекин агар ин даъво рост бошад, яъне аломати бако-рати духтар ёфт нашавад,
  9. Бигзор духтарро назди дари хонаи падари вай берун оваранд, ва мардуми шаҳри вай варо сангсор кунанд, то ки бимирад, зеро ки вай дар хонаи падараш зино карда, дар Исроил рафтори зиште ба амал овардааст. Ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
  10. Агар марде ёфт шавад, ки бо зани шавҳардоре хобида бошад, бигзор ҳар дуяшон ба қатл расонида шаванд: ҳам марде ки бо он зан хобидааст, ва ҳам он зан. Ва шароратро аз Исроил барҳам хоҳӣ дод.
  11. Агар духтари бокирае ба марде номзад шуда бошад, ва марди дигаре варо дар шаҳр ёфта, бо вай бихобад,
  12. Ҳар дуяшонро назди дарвозаи он шаҳр бароред, ва онҳоро сангсор кунед, то ки бимиранд: духтарро барои он ки дар шаҳр доду фарьёд накардааст, ва мардро барои он ки ба номӯси зани ёри худ таҷовуз намудааст. Ва шарорат-ро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
  13. Ва агар марде дар саҳро духтари номзадшударо биёбад, ва он мард варо бо зӯрӣ дошта, бо вай бихобад, бигзор он марде ки бо вай хобидааст, танҳо ба қатл расонида шавад,
  14. Вале бо духтар ҳеҷ кор накун: ба гардани духтар гуно-ҳи сазовори қатл нест, зеро ки монанди он аст, ки шахсе бар ёри худ қиём намуда, ӯро кушта бошад;
  15. Зеро ки варо дар саҳро ёфтааст: мумкин аст, ки он духтари номзадшуда  доду  фарьёд карда  бошад,  валекин касе набудааст, ки варо раҳо кунад.
  16. Агар марде духтари бокираро, ки номзад нашуда бо-шад, биёбад, ва бо зӯрӣ варо дошта, бо вай бихобад, ва онҳо ба даст афтанд,
  17. Бигзор он   марде  ки   бо   вай  хобидааст,  ба   падари духтар панҷоҳ сиқл нуқра бидиҳад, ва бигзор вай зани ӯ бошад, чунки ӯ ба номӯси вай таҷовуз намудааст; ӯ наме-тавонад тамоми умри худ ба вай талоқ диҳад.
  18. Бигзор ҳеҷ кас зани падари худро нагирад, ва ав-рати падари худро ошкор накунад».

© IBT 1992