Ададҳо боби 24

Билъом боз барои Исроил некӯиро пешгӯӣ мекунад.

  1. ВА Билъом дид, ки Исроилро баракат додан ба назари Худованд писанд меояд, бинобар ин, мисли дафъаҳои пеш-тара, барои амали афсун нарафт, балки сӯи биёбон рӯй овард.
  2. Ва Билъом чашмонашро боло карда, Исроилро дид, ки бар ҳасби сибтҳояш маскан гирифтааст, ва Рӯҳи Худо бар ӯ фурӯ рехт.
  3. Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Ин аст нутқи Билъом ибни Баӯр, нутқи марде ки чашмаш воз шудааст,
  4. Нутқи касе ки суханони Худоро мешунавад, рӯъёҳои Қодирро муоина менамояд, фурӯ меғалтад, вале чашмонаш кушода мебошад:
  5. Чӣ зебост хаймаҳои ту, эй Яъқуб, ва масканҳои ту, эй Исроил!
  6. Онҳо мисли ҷӯйборҳо ба ҳар тараф ҷорӣ мешавад, мисли боғҳои канори наҳр аст, мисли дарахтони уд, ки Худованд шинонда бошад, мисли дарахтони арзи назди обҳост.
  7. Сатилҳои оби ӯ лабрез хоҳад шуд, ва тухмии ӯ дар обҳои фаровон хоҳад буд, ва подшоҳи ӯ аз Аҷаҷ бартарӣ пайдо хоҳад кард, ва мамлакати ӯ сарбаланд хоҳад гардид.
  8. Худо ӯро аз Миср берун овард, — Ӯ мисли шохҳои бузи ваҳшӣ пурқувват аст, халқҳоро, ки душманони ӯянд, нест хоҳад кард, ва устухонҳои онҳоро хоҳад шикаст, ва онҳоро бо тирҳои худ хоҳад дӯхт.
  9. Монанди шери нар ва монанди шери мода чӯкида, дар камин хобидааст, кист, ки ӯро бархезонад? Ҳар кӣ туро баракат диҳад, бигзор муборак бошад, ва ҳар кӣ туро лаънат намояд, бигзор малъун бошад!»
  10. Ва хашми Болоқ бар Билъом аланга гирифт, ва аз яъс ӯ кафҳояшро ба ҳам зад, ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Туро хондам, то ки душманонамро лаънат намоӣ, ва инак, ту ин се карат паи ҳам баракат медиҳӣ!
  11. Ва алҳол ба макони худ бигрез; мехостам туро бағоят иззату икром намоям, вале инак, Худованд туро аз иззат маҳрум кард».
  12. Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Ман, охир, ба қосидони ту низ, ки назди ман фиристода будӣ, сухан ронда, гуфтам:
  13. «Агарчи Болоқ хонаи худро пур аз нуқра ва тилло ба ман бидиҳад, фармони Худовандро наметавонам поймол на-муда, ба дилхоҳи худ некӣ ё бадӣ бикунам; он чи Худованд бигӯяд, ҳамонро хоҳам гуфт».
  14. Ва алҳол, инак, ман назди қавми худ меравам; биё, ман туро огоҳ намоям, ки ин қавм ба қавми ту чиҳо хоҳанд кард».

Нубуввати Билъом.

  1. Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Ин аст нутқи Билъом ибни Баӯр, нутқи марде ки чашмонаш воз шудааст,
  2. Нутқи касе ки суханони Худоро мешунавад, ва афкори Ҳаққи Таолоро медонад, — рӯъёҳои Қодирро муоина менамояд, фурӯ меғалтад, вале чашмонаш кушода мебошад.
  3. Онро мебинам, валекин на ҳозираро; онро муоина менамоям, вале он наздик нест: ситорае аз Яъқуб тулӯъ хоҳад намуд, ва чӯбдасти салтанат аз Исроил хоҳад бархост, ва ҳудуди Мӯобро сар то сар торумор хоҳад кард, ва тамоми банӣ-Шитро ба ҳалокат хоҳад расонид.
  4. Ва Адӯм зердаст хоҳад шуд, ва Сеир зердасти душманонаш хоҳад шуд; ва Исроил комьёб хоҳад гардид.
  5. Ва он ки аз Яъқуб ба майдон меояд, салтанат хоҳад ронд, ва он чиро, ки аз шаҳр боқӣ монда бошад, несту нобуд хоҳад кард».
  6. Ва Амолеқро дид, ва масали худро оварда, гуфт: «Амолеқ аввали халқост, ва охираш несту нобуд шудан аст».
  7. Ва қениёнро дид, ва масали худро оварда, гуфт: «Маскани ту мустаҳкам. аст, ва лонаи ту дар сахра гузошта шудааст;
  8. Аммо Қойин валангор хоҳад шуд, ба қарибӣ туро Ашшур ба асирӣ хоҳад бурд».
  9. Ва масали худро оварда, гуфт: «Ҳайҳот, аз замоне ки Худо инро ба амал оварад, кист, ки тавонад зинда монад!
  10. Ва киштиҳо аз ҷониби Киттим хоҳанд омад, ва Ашшурро мағлуб хоҳанд кард ва Эбарро мағлуб хоҳанд кард; вале онҳо низ несту нобуд хоҳанд шуд».
  11. Ва Билъом бархост, ва рафта, ба макони худ баргашт; ва Болоқ низ ба роҳи худ рафт.

© IBT 1992