Ибодат боби 15

Дастурҳо дар бораи покии ҷисм.

  1. ВА Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯед: агар касе аз ҷисми худ ҷараёне дошта бошад, он чи аз ӯ ҷорӣ мешавад, нопок аст.
  3. Ва ин аст нопокии ӯ ба сабаби ҷараёни ӯ: хоҳ ҷараёни ӯ аз ҷисми ӯ ҷорӣ бошад, хоҳ ҷараёни ӯ дар ҷисми ӯ баста бошад, — ин нопокии ӯст.
  4. Ҳар бистаре ки шахси ҷараёндор бар он мехобад, наҷис аст, ва ҳар ашьёе ки бар он менишинад, наҷис аст.
  5. Ва ҳар кӣ ба бистари ӯ мерасад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
  6. Ва ҳар кӣ бар ашьёе менишинад, ки шахси ҷараёндор бар он нишаста буд, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
  7. Ва ҳар кӣ ба бадани шахси ҷараёндор мерасад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
  8. Ва агар шахси ҷараёндор бар каси пок туф кунад, он кас бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
  9. Ва ҳар зине ки шахси ҷараёндор бар он савор мешавад, наҷис аст.
  10. Ва ҳар кӣ ба ҳар он чи дар таги ӯ буд, мерасад, то шом наҷис хоҳад буд; ва ҳар кӣ он ашьёро мебардорад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
  11. Ва ҳар касе ки шахси ҷараёндор ба ӯ мерасад, бе он ки дастҳояшро бо об шуста бошад, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
  12. Ва зарфи сафолин, ки шахси ҷараёндор ба он мерасад, бояд шикаста шавад; ва ҳар зарфи чӯбин бояд бо об шуста шавад.
  13. Ва ҳангоме ки шахси ҷараёндор аз ҷараёни худ пок мешавад, ӯ бояд аз вақти пок шуданаш ҳафт рӯз шумурда, либосҳои худро бишӯяд ва бадани худро дар оби равон ғусл диҳад, ва пок хоҳад буд;
  14. Ва дар рӯзи ҳаштум ӯ барои худ ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар мегирад, ва ба ҳузури Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ, онҳоро ба коҳин медиҳад.
  15. Ва коҳин якеро ҳамчун қурбонии гуноҳ ва дигареро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ тақдим мекунад; ва коҳин ӯро ба ҳузури Худованд аз ҷараёни ӯ кафорат менамояд.
  16. Ва агар аз марде ҷараёни нутфа берун ояд, ӯ бояд тамоми бадани худро дар об ғусл диҳад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
  17. Ва ҳар либос ва ҳар пӯст, ки ҷараёни нутфа бар он бошад, бояд бо об шуста шавад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
  18. Ва агар ба марде, ҳангоме ки бо зане хобида бошад, ҷараёни нутфа рӯй диҳад, бояд онҳо дар об ғусл кунанд, ва то шом наҷис хоҳанд буд.
  19. Ва агар зане ҷараён дошта бошад, яъне ҷараёни хуне ки аз ҷисми вай ҷорӣ мешавад, — вай бояд ҳафт рӯз дар ҳайзи худ бимонад; ва ҳар кӣ ба вай мерасад, то шом наҷис хоҳад буд.
  20. Ва ҳар чизе ки вай дар вақти ҳайзи худ бар он мехобад, наҷис аст; ва ҳар чизе ки вай бар он менишинад, наҷис аст.
  21. Ва ҳар кӣ ба бистари вай мерасад, бояд либоси худро бишӯяд, ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
  22. Ва ҳар кӣ ба ҳар ашьёе мерасад, ки вай бар он нишаста буд, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
  23. Ва агар бар бистари вай ё бар ашьёе ки вай бар он нишаста буд, чизе бошад, ҳангоме ки касе ба он чиз мерасад, то шом наҷис хоҳад буд.
  24. Ва агар марде бо вай бихобад, — ҳайзи вай бар ӯ хоҳад буд, ва ӯ ҳафт рӯз наҷис хоҳад гардид; ва ҳар бистаре ки ӯ бар он мехобад, наҷис хоҳад буд.
  25. Ва агар зане рӯзҳои бисьёр, бидуни замони ҳайзаш, ҷараёни хун дошта бошад, ё ки ҷараёнаш зиёда аз замони ҳайзаш давом кунад, — тамоми айёми ҷараёни нопокии вай мисли рӯзҳои ҳайзи вай хоҳад буд; вай наҷис аст.
  26. Ҳар бистаре ки вай тамоми айёми ҷараёни худ бар он мехобад, барои вай мисли бистари ҳайзаш хоҳад буд; ва ҳар ашьёе ки вай бар он менишинад, мисли нопокии ҳайзи вай наҷис хоҳад буд.
  27. Ва ҳар кӣ ба он ашьё мерасад, наҷис хоҳад буд, ва бояд либоси худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
  28. Ва ҳангоме ки вай аз ҷараёни худ фориғ мешавад, вай бояд ҳафт рӯз барои худ бишморад, ва баъд аз он пок хоҳад буд.
  29. Ва дар рӯзи ҳаштум вай ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар барои худ мегирад, ва онҳоро ба коҳин, назди дари хаймаи ҷомеъ мебиёрад.
  30. Ва коҳин якеро ҳамчун қурбонии гуноҳ ва дигареро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ тақдим мекунад; ва коҳин варо ба ҳузури Худованд аз ҷараёни нопокии вай кафорат менамояд.
  31. Пас, банӣ-Исроилро аз нопокии онҳо эҳтиёт кунед, то ки маскани Маро, ки дар миёни онҳост, палид гардонида, дар нопокии худ намиранд».
  32. Ин аст қонун дар бораи касе ки ҷараён дорад, ва дар бораи касе ки нутфа аз вай берун омада, варо наҷис мегар-донад,
  33. Ва дар бораи зане ки дар вақти ҳайзи худ азият мекашад, ва дар бораи шахсе ки ҷараён дорад, — хоҳ мард бошад хоҳ зан, — ва дар бораи марде ки бо зани нопок мехобад.

© IBT 1992

Оставьте комментарий