Дуюм Вақоеънома боби 8

Корҳои Сулаймон ва ҷалоли ӯ.

  1. ВА баъд аз гузаштани бист сол, ки дар ин муддат Сулаймон хонаи Худованд ва хонаи худашро бино кард, —
  2. Шаҳрҳоеро, ки Ҳуром ба Сулаймон дода буд, Сулаймон обод кард, ва банӣ-Исроилро дар онҳо сокин гардонид.
  3. Ва Сулаймон ба Ҳамот-Субо рафта, бар он дастболо шуд.
  4. Ва Тадмӯрро дар биёбон бино кард, ва шаҳрҳои захираҳоро, ки дар Ҳамот бино карда буд, ба анҷом расонид.
  5. Ва Байт-Ҳӯрӯни боло ва Байт-Ҳӯрӯни поёнро бино кард, ки шаҳрҳои ҳисордори дорои деворҳо, дарвозаҳо ва ғалақаҳо буд;
  6. Ва низ Баалот, ва ҳамаи шаҳрҳои захираҳоро, ки Су-лаймон дошт, ва ҳамаи шаҳрҳои аробаҳо, ва шаҳрҳои   саворагон, ва ҳар он чиро, ки Сулаймон орзу дошт дар Ерусалим ва дар Лубнон, ва дар тамоми замини салтанати худ бино кунад.
  7. Тамоми қавме ки аз ҳиттиён ва амӯриён ва фариззиён ва ҳиввиён ва ябусиён боқӣ монда буданд, онҳое ки аз Исроил набуданд,
  8. Яъне аз фарзандони онҳо, ки баъд аз онҳо дар замин боқӣ монда буданд, ва онҳоро банӣ-Исроил маҳв накарда буданд, — ба зиммаи онҳо  Сулаймон хироҷ гузошт, ки то имрӯз чунин аст.
  9. Валекин аз банӣ-Исроил Сулаймон барои корҳои худ касеро ӯҳдадор   нагардонид,   зеро ки онҳо   ҷанговарон ва мирони саркардаи ӯ ва сардорони аробаҳо ва саворагони ӯ буданд.
  10. Ва сарнозироне ки подшоҳ Сулаймон дошт, дусаду панҷоҳ нафар буданд, ки ба қавм сардорӣ мекарданд.
  11. Ва духтари фиръавнро Сулаймон аз шаҳри Довуд ба хонае ки барои вай бино карда буд, кӯчонид, зеро ки гуфт: «Зани ман дар хонаи Довуд, подшоҳи Исроил, сокин нахоҳад шуд, чунки ҳамаи ҷойҳое ки сандуқи Худованд ба онҳо до-хил шудааст, муқаддас аст».
  12. Он гоҳ Сулаймон бар қурбонгоҳе ки пеши равоқ бино карда буд, қурбониҳои сӯхтаниро барои Худованд тақдим ме-намуд:
  13. Қурбониҳои сӯхтаниро барои ҳар рӯз бар тибқи фарму-даи Мусо, барои шанбеҳо, ва барои навмоҳҳо, ва барои идҳо се маротиба дар як сол: дар иди фатир, ва дар иди ҳафта-ҳо, ва дар иди хаймаҳо.
  14. Ва бар тибқи дастури падараш Довуд, гурӯҳҳои ко-ҳинонро бар хизматашон таъин намуд; ва левизодагонро — бар навбатҳошон, то ки ҳамду сано хонанд ва назди коҳинон хизмати муқаррариро барои ҳар рӯз ба ҷо оваранд; ва дарбо-нонро — бар ҳасби гурӯҳҳошон назди ҳар дарвоза; зеро ки фармудаи Довуд, марди Худо, чунин буд.
  15. Ва онҳо аз амре ки подшоҳ ба коҳинон ва левизодагон дар ҳар бобат ва дар хусуси хазоин дода буд, дур намешуданд.
  16. Ва тамоми кори Сулаймон аз рӯзи ниҳодани буньёди хонаи Худованд то вақти анҷом ёфтани он ҳамин тавр сурат гирифта, хонаи Худованд ба анҷоми комил расид.
  17. Он гоҳ Сулаймон ба Эсьюн-Ҷобар ва ба Эйлат, ки бар соҳили баҳр, дар замини Адӯм аст, рафт.
  18. Ва Ҳуром ба ӯ ба воситаи навкарони худ киштиҳо ва ғуломоне фиристод, ки дарьёгардиро медонистанд, ва онҳо бо навкарони Сулаймон ба Ӯфир рафтанд, ва аз он ҷо чорсаду панҷоҳ киккар тилло гирифта, ба подшоҳ Сулаймон оварданд.

© IBT 1992