Такрори Шариат боби 6

Шарҳи аҳком.

  1. «ВА ин аст аҳком, фароиз ва дастуроте ки Худованд Худои шумо амр  фармуд,  ки ба шумо таълим диҳам, то онҳоро дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он ҷо убур менамоед, ба амал оваред,
  2. То ки аз Худованд Худои худ тарсида, тамоми фароиз ва аҳкоми Ӯро, ки ман ба ту амр мефармоям, риоя намоӣ, — ту ва писарат ва писари писарат, дар тамоми айёми умрат, то ки айёми ту дароз шавад.
  3. Пас, эй Исроил, бишнав ва саъю кӯшиш намо, ки онҳоро ба амал оварӣ, то ки барои ту некӯ бошад, ва шумо бисьёр афзун шавед дар замине ки шир  ва асал дар он ҷорист, чунон ки Худованд Худои падаронат ба ту гуфтааст.

Аҳкоми бузург.

  1. Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худои ягона аст.
  2. Ва ту Худованд Худои худро бо тамоми дили худ, ва бо тамоми ҷони худ, ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидор.

Огоҳиҳо.

  1. Ва ин суханон, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бигзор бар дили ту бошад,
  2. Ва онҳоро   ба  писаронат   талқин  бикун, ва ҳангоми нишастанат дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанат, хоби-данат ва бархостанат дар бораи онҳо гуфтугӯ намо,
  3. Ва онҳоро ҳамчун аломат бар дасти худ  бибанд, ва онҳо ҳамчун нишона дар миёни чашмонат бошад,
  4. Ва онҳоро бар паҳлудариҳои хонаи худ ва бар дарво-заҳои худ бинавис.
  5. Ва ҳангоме   ки   Худованд   Худоят   туро  ба  замине дароварад, ки ба падаронат — ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб —   қасам хӯрдааст,  ки  онро  ба  ту  бидиҳад,  бо шаҳрҳои бузург ва хубе ки ту бино накардаӣ,
  6. Ва бо хонаҳои пур аз ҳар неъмат, ки ту пур накардаӣ, ва бо ҳавзҳои дар санг кандашуда, ки ту накандаӣ, ва бо токҳо ва дарахтони зайтун,  ки  ту  нашинондаӣ, ва ту аз меваи онҳо хӯрда сер хоҳӣ шуд, —
  7. Он гоҳ эҳтиёт бош, мабодо Худовандро, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард, фаромӯш кунӣ.
  8. Аз Худованд Худои худ битарс, ва Ӯро ибодат намо, ва ба исми Ӯ қасам бихӯр.
  9. Худоёни дигарро аз худоёни қавмҳое  ки  дар гирду пеши шумо мебошанд, пайравӣ накунед;
  10. Зеро Худованд Худои ту, ки дар миёни туст,  Худои рашкнок аст; мабодо ғазаби Худованд Худоят бар ту аланга занад, ва Ӯ туро аз рӯи замин маҳв кунад.
  11. Худованд Худои худро наозмоед, чунон ки дар Массо озмудед.
  12. Аҳкоми Худованд Худои худро, ва шаҳодот ва фароизи Ӯро, ки ба шумо амр фармудааст, боэҳтиёт риоя намоед.
  13. Ва он чи дар назари Худованд дуруст ва некӯст, ба амал овар, то ки барои ту некӯ бошад, ва ту омада, он замини некӯро, ки Худованд дар бораи он ба падаронат қасам хӯр-дааст, тасарруф намоӣ,
  14. Ва ҳамаи душманонат аз пеши ту ба зудӣ бадар ронда шаванд, чунон ки Худованд гуфтааст.
  15. Ва ҳангоме ки писарат дар оянда аз ту пурсида, гӯяд: «Он шаҳодот ва фароиз ва аҳкоме ки Худованд Худои мо ба шумо амр фармудааст, чӣ маъно дорад?» —
  16. Пас, ба писарат бигӯ: «Мо дар Миср ғуломони фиръавн будем, ва Худованд моро аз Миср бо дасти қавӣ берун овард.
  17. Ва Худованд аломот ва мӯъҷизоти азим ва мӯҳлик бар Миср, бар фиръавн ва тамоми аҳли байти вай, дар пеши назари мо зоҳир сохт.
  18. Ва моро аз он ҷо берун овард, то ки моро оварда, зами-неро, ки дар бораи он ба падарони мо қасам хӯрдааст, ба мо бидиҳад.
  19. Ва Худованд ба мо амр фармуд, ки тамоми ин фароизро ба амал оварда, аз Худованд Худои худ битарсем, то ки тамоми айём барои мо некӯ бошад, ва Ӯ моро зинда нигоҳ дорад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
  20. Ва ин барои мо адолат ҳисоб хоҳад ёфт, агар саъю кӯшиш намоем, ки тамоми ин аҳкомро ба ҳузури Худованд Худои худ ба амал оварем, чунон ки Ӯ ба мо амр фармудааст»».

© IBT 1992