Чорум Подшоҳон боби 18

Ҳизқиё бар Яҳудо подшоҳӣ мекунад.

  1. ВА дар соли сеюми Ҳӯшаъ ибни Эло, подшоҳи Ис-роил, Ҳизқиё ибни Оҳоз, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.
  2. Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ бисту панҷсола буд, ва бисту нӯҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи  мо-дараш Абӣ бинти Закарьё буд.
  3. Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи падараш Довуд ба амал оварда буд.
  4. Ӯ баландиҳоро барҳам дод, ва сутунҳоро шикаст, ва Ашераро маҳв намуд, ва мори мисинро, ки Мусо сохта буд, пора-пора кард, зеро ки то он айём банӣ-Исроил барояш бу-хур месӯзониданд, ва ӯ онро Наҳуштон номид.
  5. Ба Худованд Худои   Исроил   таваккал   менамуд, ва баъд аз ӯ касе дар миёни ҳамаи подшоҳони Яҳудо мисли ӯ набуд, ва дар миёни онҳое низ, ки пеш аз ӯ буданд.
  6. Ва ба Худованд часпида, аз пайравии Ӯ дур намешуд, ва аҳкомеро, ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, риоя мекард.
  7. Ва Худованд бо ӯ буд: ба ҳар чи ӯ иқдом менамуд, муваффақият меёфт; ва ба подшоҳи Ашшур осӣ шуда, хиз-маташро дигар ба ҷо наовард.
  8. Ӯ фалиштиёнро аз Ғазза ва ҳудуди он, аз бурҷи дидбонӣ то шаҳри ҳисордор зарба зад.
  9. Ва дар соли чоруми подшоҳ Ҳизқиё, ки соли ҳафтуми Хӯшаъ ибни Эло, подшоҳи Исроил буд, Шалманосар, под-шоҳи Ашшур, бар Сомария лашкар кашида, онро муҳоси-ра намуд.
  10. Ва баъд аз се сол, дар соли шашуми Ҳизқиё, онро забт карданд, яъне дар соли нӯҳуми Ҳӯшаъ, подшоҳи Ис-роил, Сомария забт карда шуд.
  11. Ва подшоҳи Ашшур исроилиёнро ба Ашшур кӯчонид, ва онҳоро дар Ҳалаҳ ва дар атрофи Ҳобӯр, ки наҳри Ҷӯзон аст, ва дар шаҳрҳои Модай ҷойгир кард,
  12. Аз боиси он ки онҳо ба овози Худованд Худои худ гӯш надоданд, ва аҳди Ӯро, яъне ҳар чиро, ки Мусо, бандаи Худованд, амр фармуда буд, вайрон карданд; на гӯш до-данд ва на ба амал оварданд.

Санҳериб ба Яҳудо зада медарояд.

  1. Ва дар соди чордаҳуми подшоҳ Ҳизқиё Санҳериб, под-шоҳи Ашшур, бар ҳамаи шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо лашкар кашид, ва онҳоро забт намуд.
  2. Ва Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, назди подшоҳи Ашшур ба Локиш фиристода, гуфт: «Хато кардам; аз ман баргард; ҳар чи ба гарданам бор кунӣ, хоҳам бардошт». Ва подшоҳи Ашшур ба гардани Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, сесад киккар нуқра ва сӣ киккар тилло гузошт.
  3. Ва Ҳизқиё тамоми нуқраеро, ки дар хонаи Худованд ва дар хазоини хонаи подшоҳ ёфт шуд, дод.
  4. Дар он вақт Ҳизқиё тиллоро аз дарҳои толори хонаи Худованд ва аз сутунҳое ки Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, бо тилло пӯшонида буд, канда гирифт, ва онро ба подшоҳи Ашшур дод.
  5. Ва подшоҳи Ашшур Тартон ва Рабсорис ва Рабшо-қеро бо қӯшуни бузурге аз Локиш назди подшоҳ Ҳизқиё фиристод, ва онҳо баромада, ба Ерусалим расиданд; ва ба-ромада, расиданд ва назди ҷӯи ҳавзи боло, ки ба сари роҳи саҳрои козар буд, истоданд.
  6. Ва ҳангоме ки онҳо подшоҳро хонданд, Эльёқим ибни Ҳилқиёҳу, ки нозири хона буд, ва Шабнои котиб ва Юоҳ ибни Ософи вақоеънавис назди онҳо берун омаданд.
  7. Ва Рабшоқе ба онҳо гуфт: «Ба Ҳизқиё бигӯед: «Подшоҳи муаззам, подшоҳи Ашшур, чунин мегӯяд: ин чӣ таваккал аст, ки ту таваккал мекунӣ?
  8. Ту сухан меронӣ, аммо магар суханронӣ машварат ва кувват аст барои ҷанг? Пас, алҳол ту ба кӣ таваккал кардаӣ, ки ба ман осӣ шудаӣ?
  9. Инак, ту алҳол ба ин асои наини нимшикаста, яъне ба Миср, таваккал кардаӣ, ки кас агар бар он такья намояд, он ба  дасташ  халида,   варо   маҷрӯҳ  месозад.   Чунин аст фиръавн, подшоҳи Миср, барои ҳамаи онҳое ки ба ӯ таваккал мекунанд.
  10. Ва агар шумо ба ман бигӯед: «Мо ба Худованд Худои худ таваккал мекунем», — вай оё ҳамон аст, ки баландиҳо ва қурбонгоҳҳои варо Ҳизқиё барҳам додааст ва ба Яҳудо ва Ерусалим гуфтааст: «Фақат пеши ин қурбонгоҳ дар Еру-салим саҷда баред»?
  11. Ва алҳол ту бо оғоям, подшоҳи Ашшур, гарав бибанд: ман ба ту ду ҳазор асп медиҳам, — оё ту метавонӣ саворон бар онҳо пайдо кунӣ?
  12. Пас, чӣ гуна ту метавонӣ ҳуҷуми  як пошоро,   ки хурдтарини бандагони оғоям бошад, рад намоӣ, дар сурате ки ба Миср аз барои аробаҳо ва саворон таваккал кардаӣ?
  13. Дар айни ҳол, оё ман бидуни иродаи Худованд ба ин макон лашкар кашидаам? Худованд ба  ман   гуфтааст:   ба муқобили ин замин баро ва онро хароб намо»».

Гуфтушунид бо Рабшоқе.

  1. Ва Эльёқим ибни  Ҳилқиёҳу  ва  Шабно  ва Юоҳ  ба Рабшоқе гуфтанд:   «Лутфан, бо бандагонат ба забони арамӣ гуфтугӯ намо, ки мо онро мефаҳмем, ва бо мо дар гӯши қавме ки болои ҳисор мебошанд, ба забони яхудӣ гап назан».
  2. Вале Рабшоқе ба онҳо гуфт: «Оё оғоям  маро  фақат назди оғоят ва ту фиристодааст, то ки ин суханонро бигӯям? Балки назди касоне ки бар ҳисор нишастаанд, ки онҳо бояд бо шумо наҷосати худро бихӯранд ва пешоби худро бинӯшанд».
  3. Ва Рабшоқе бархоста, бо овози баланд ба забони яҳудӣ хитоб намуд, ва сухан ронда, гуфт: «Ба суханони подшоҳи муаззам, подшоҳи Ашшур, гӯш диҳед!
  4. Подшоҳ чунин мегӯяд: «Бигзор Ҳизқиё шуморо фиреб надиҳад, зеро ки ӯ наметавонад шуморо аз дасти ман раҳо кунад.
  5. Ва бигзор Ҳизқиё ба Худованд умедвор карда, нагӯяд: Худованд моро албатта раҳо хоҳад кард, ва ин шаҳрро ба дасти подшоҳи Ашшур нахоҳад дод».
  6. Ба Ҳизқиё гӯш надиҳед,   зеро ки  подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: «Бо ман сулҳ кунед ва назди ман берун оед, ва ҳар кас аз токи худ ва ҳар кас аз дарахти анҷири худ мева хоҳад хӯрд, ва ҳар кас аз чоҳи худ об хоҳад нӯшид,
  7. То даме ки ман омада, шуморо ба замине мисли замини худатон бибарам, яъне ба замини ғалла ва шираи ангур, ба замини нон ва токзор, ба замини равғани зайтун ва асал, то ки шумо зинда монед ва намиред. Пас,  ба Ҳизқиё гӯш надиҳед, зеро ки ӯ шуморо фиреб дода, мегӯяд:   Худованд моро раҳо хоҳад кард.
  8. Оё худоёни халқҳо ҳар яке замини худро   аз  дасти подшоҳи Ашшур раҳо кардаанд?
  9. Куҷоянд худоёни Ҳамот ва Арфод? Куҷоянд худоёни Сафарвоим, Ҳенаъ ва Ивво? Оё онҳо Сомарияро аз дасти ман раҳо карданд?
  10. Аз ҳамаи худоёни ин заминҳо кист, ки замини худро аз дасти ман раҳо карда бошад, то ки Худованд Ерусалимро аз дасти ман раҳо кунад?»»
  11. Валекин қавм хомӯш монда, ба ӯ ҳеҷ ҷавоб надоданд, зеро подшоҳ амр фармуда, гуфта буд, ки «ба ӯ ҷавоб надиҳед».
  12. Ва Эльёқим ибни Ҳилқиёҳу, ки нозири хона буд, ва Шабнои котиб ва Юоҳ ибни Ософи вақоеънавис бо ҷомаҳои чокзада назди Ҳизқиё омаданд, ва суханони Рабшоқеро ба ӯ нақл карданд.

© IBT 1992