Хуруҷ боби 8

Бори чорум ба фиръавн рӯ оварданашон; мӯъҷизаи сеюм.

  1. ВА Худованд ба Мусо гуфт: «Назди фиръавн рафта, ба вай бигӯ: «Худованд чунин мегӯяд: қавми Маро равона кун, то ки Маро ибодат намоянд.
  2. Ва агар  ту  ба  равона  кардани   онҳо  розӣ  нашавӣ, инак, Ман тамоми ҳудуди туро бо қурбоққаҳо зарба мезанам;
  3. Ва наҳр аз қурбоққаҳо пур мешавад, ва онҳо баромада ба хонаат, ва ба ҳуҷраи хобат, ва бар бистарат, ва ба хонаҳои навкаронат ва қавмат,  ва  ба танӯрҳоят,   ва  ба  тағораҳои хамират дохил хоҳанд шуд;
  4. Ва бар ту, ва бар қавмат, ва бар ҳамаи навкаронат қурбоққаҳо хоҳанд баромад»».
  5. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба Ҳорун бигӯ: «Дасти худро бо асои худ бар наҳрҳо,  бар  чӯйҳо  ва  бар   кӯлҳо дароз кун, ва қурбоққаҳоро бар замини Миср барор»».
  6. Ва Ҳорун дасти худро бар обҳои Миср дароз кард, ва қурбоққаҳо баромада, замини Мисрро пӯшониданд.
  7. Ва афсунгарон ҳам бо сеҳрҳои худ чунин карданд, ва қурбоққаҳоро бар замини Миср бароварданд.
  8. Ва фиръавн Мусо ва Ҳорунро даъват намуда, гуфт: «Сӯи Худованд дуо гӯед, то ки қурбоққаҳоро аз ман ва аз қавми ман дур созад; ва ман қавмро равона хоҳам намуд, то ки барои Худованд қурбонӣ кунанд».
  9. Ва Мусо ба фиръавн гуфт: «Худат ба ман муқаррар намо, ки кай барои ту ва навкаронат ва қавмат дуо гӯям, то ки қурбоққаҳо аз ту ва аз хонаҳоят нест шуда, фақат дар наҳр бимонанд?»
  10. Вай гуфт: «Фардо». Мусо гуфт:  «Аз рӯи гуфтаи ту хоҳад шуд, то бидонӣ, ки мисли Худованд Худои мо нест;
  11. Ва қурбоққаҳо аз ту, ва аз хонаат, ва аз навкаронат, ва аз қавмат дур шуда, фақат дар наҳр боқӣ хоҳанд монд».

Мӯъҷизаи чорум.

  1. Ва Мусо ва Ҳорун аз пеши фиръавн берун омаданд, ва Мусо сӯи Худованд дар хусуси қурбоққаҳое ки Ӯ ба зидди фиръавн фиристода буд, илтиҷо намуд.
  2. Ва Худованд мувофиқи сухани Мусо амал кард, ва қурбоққаҳо дар хонаҳо, ҳавлиҳо ва саҳроҳо мурданд;
  3. Ва онҳоро тӯда-тӯда ҷамъ карданд; ва замин бадбӯй шуд.
  4. Вале фиръавн  дид,   ки  аҳвол  сабук   шуд,  —  ва ӯ дили худро сахт кард,  ва ба онҳо гӯш надод,  чунон   ки Худованд гуфта буд.

Муъҷизаи панҷум.

  1. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба Ҳорун бигӯ:  «Асои худро дароз кун ва ғубори заминро бизан, ва он дар тамоми замини Миср ба пашшаи хокӣ мубаддал хоҳад шуд»».
  2. Ва онҳо чунин карданд: Ҳорун дасти худро бо асои худ дароз карда, ғубори заминро зад, — ва пашшаи хокӣ бар одамон ва чорпоён пайдо шуд; тамоми ғубори замин дар тамоми замини Миср ба пашшаи хокӣ мубаддал шуд.
  3. Ва афсунгарон бо сеҳрҳои худ чунин карданд, то ки пашшаи хокиро берун оваранд, валекин натавонистанд. Ва пашшаи хокӣ бар одамон ва чорпоён буд.
  4. Ва афсунгарон ба  фиръавн  гуфтанд:   «Ин  ангушти Худост». Вале дили фиръавн сахт шуд, ва ӯ ба онҳо гӯш надод, чунон ки Худованд гуфта буд.

Бори панҷум ба фиръавн рӯ оварданашон; мӯъҷизаи шашум.

  1. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Бомдодон бармаҳал бар-хоста, ба ҳузури фиръавн биист. Инак, вай сӯи об берун меояд, ва ту ба вай бигӯ: «Худованд чунин мегӯяд: қавми Маро равона кун, то ки Маро ибодат намоянд.
  2. Зеро, агар қавми Маро равона накунӣ, инак, Ман бар ту ва навкаронат ва қавмат ва хонаҳоят магасҳои гуногунро мефиристам, ва хонаҳои мисриён, ва низ замине ки онҳо бар он сокинанд, аз он магасҳо пур хоҳад шуд.
  3. Ва дар он рӯз замини Ҷӯшанро, ки қавми Ман дар он сокинанд, ҷудо хоҳам кард, ва дар он ҷо магасҳо нахоҳад буд, то бидонӣ, ки Ман андаруни ин замин Худованд ҳастам.
  4. Ва тафовуте дар миёни қавми Худ ва қавми ту бар-қарор хоҳам намуд; фардо ин аломат ба амал хоҳад омад»».
  5. Ва Худованд чунин кард; ва магасҳои зиёде ба хонаи фиръавн, ва ба хонаҳои навкаронаш, ва ба тамоми замини Миср омад, ва замин аз дасти магасҳо нобуд шуд.
  6. Ва фиръавн Мусо ва Ҳорунро даъват намуда, гуфт: «Биравед ва барои Худои худ дар ин замин қурбонӣ кунед».
  7. Вале Мусо гуфт: «Чунин кардан мумкин нест, зеро чизҳои зишти* мисриёнро мо барои Худованд Худои худ қурбонӣ мекунем; инак, вақте ки чизҳои зишти мисриёнро пеши назари онҳо қурбонӣ кунем, оё онҳо моро  сангсор намекунанд?
  8. Мо роҳи  серӯзаро   дар   биёбон   тай   намуда,   барои Худованд Худои худ қурбонӣ хоҳем  кард,   чунон  ки  Ӯ ба мо амр фармудааст».
  9. Ва фиръавн гуфт: «Ман шуморо равона хоҳам кард, то ки барои Худованд Худои худ дар биёбон қурбонӣ кунед, аммо бисьёр дур  наравед;  барои ман ҳам  дуо  гӯед!»
  10. Ва Мусо гуфт: «Инак, ман аз пеши ту берун омада, сӯи Худованд дуо мегӯям, — ва он магасҳо аз фиръавн ва навкаронаш ва қавмаш фардо дур хоҳад шуд,   фақат  ин ки фиръавн бори дигар фиреб дода, аз равона кардани қавм, то ки барои Худованд  қурбонӣ  кунанд, рӯй нагардонад».

Муъҷизаи ҳафтум.

  1. Ва Мусо аз пеши фиръавн берун омада, сӯи Худованд дуо гуфт.
  2. Ва Худованд мувофиқи суханони Мусо амал намуда, магасҳоро аз фиръавн ва навкаронаш ва қавмаш дур кард; як адад ҳам аз он боқӣ намонд.
  3. Вале фиръавн ҳамин дафъа ҳам дили худро сахт кард, ва қавмро равона накард.

*26. Гов, гӯсфанд, буз ва чорпоёни дигар дар назар дошта шудааст, ки мисриён онҳоро ҳайвоноти муқаддас дониста, мисли бут парастиш мекарданд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий