Ададҳо боби 4

Дастурот дар бораи левизодагон; саршумории онҳо.

  1. ВА Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
  2. «Банӣ-Қаҳотро аз миёни банӣ-Левӣ бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо дар шумор овар,
  3. Аз сисола ва болотар ва то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.
  4. Кори банӣ-Қаҳот дар хаймаи ҷомеъ қудси қудсҳост.
  5. Ва ҳангоме ки кӯч кардани ӯрду лозим шавад, Ҳорун ва писаронаш дохил шуда, пардаи пӯшандаро фурӯд мео-варанд, ва сандуқи шаҳодатро бо он мепӯшонанд.
  6. Ва болопӯше аз пӯсти тӯҳс бар он мегузоранд, ва аз болояш чодире ки комилан лоҷувардист, паҳн мекунанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.
  7. Ва бар мизи нони тақдим чодири лоҷувардӣ паҳн ме-кунанд, ва табақҳо ва қошуқҳо ва косаҳо ва дӯлчаҳои рехта-ниро бар он мегузоранд; ва нони доимӣ бояд бар он бошад.
  8. Ва бар онҳо чодири қирмизӣ паҳн мекунанд, ва онро бо болопӯше аз пӯсти тӯҳс мепӯшонанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.
  9. Ва чодири лоҷувардие гирифта, чароғдон ва чароғҳояш ва анбӯрҳояш ва маҷмарҳояш ва тамоми колои равғанашро, ки бо онҳо хизмати онро ба ҷо меоваранд, мепӯшонанд.
  10. Ва он ва тамоми колояшро дар болопӯше аз пӯсти тӯҳс мегузоранд, ва бар чӯбдастае меовезанд.
  11. Ва бар қурбонгоҳи тилло чодири лоҷувардӣ паҳн ме-кунанд, ва онро бо болопӯше аз пӯсти тӯҳс мепӯшонанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.
  12. Ва тамоми колои хизматро, ки бо онҳо дар қудс хиз-мат мекунанд, гирифта, дар чодири лоҷувардӣ мегузоранд, ва онҳоро бо болопӯше аз пӯсти тӯҳс мепӯшонанд, ва бар чӯбдастае меовезанд.
  13. Ва қурбонгоҳро аз хокистар тоза карда, чодири арғу-вонӣ бар он паҳн мекунанд.
  14. Ва тамоми колои онро, ки бо онҳо хизмати онро ба ҷо меоваранд, — маҷмарҳо, чанголҳо, хокандозҳо ва косаҳо, — яъне тамоми колои қурбонгоҳро бар он мегузоранд, ва болопӯше аз пӯсти тӯҳс бар он паҳн мекунанд, ва дастак-ҳояшро мегузаронанд.
  15. Ва чун Ҳорун ва писаронаш дар вақти кӯч кардани ӯрду пӯшонидани қудс ва тамоми колои қудсро ба анҷом расонанд, пас аз он банӣ-Қаҳот барои бардоштан меоянд; вале набояд ба қудс даст расонанд, вагар на хоҳанд мурд. Ҳамин аст боре ки бояд банӣ-Қаҳот дар хаймаи ҷомеъ бардоранд.

Воҷиботи Элъозор.

  1. Ва таҳти назорати Элъозор ибни Ҳоруни коҳин инҳо хоҳад буд: равған барои рӯшноӣ, ва бухури муаттар, ва ҳадияи ордии доимӣ, ва равғани тадҳин; назорат бар тамоми маскан ва бар ҳар чи дар он аст, яъне бар қудс ва бар колои он».
  2. Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
  3. «Сибти қабилаҳои қаҳотиёнро аз миёни левизодагон маҳв накунед,
  4. Балки ба онҳо чунин рафтор намоед, то ки дар вақти наздик омаданашон ба кудси кудсҳо онҳо зинда монанд ва намиранд: бигзор Ҳорун ва писаронаш омада, ҳар якеро ба хизматаш ва назди бораш бимонанд;
  5. Вале онҳо барои дидани он ки қудсро чӣ гуна мепӯ-шонанд, набояд биёянд, вагар на хоҳанд мурд».

Воҷиботи банӣ-Ҷершӯн.

  1. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Банӣ-Ҷершӯнро низ бар ҳасби хонадонҳо ва қабила-ҳои онҳо дар шумор овар.
  3. Аз сисола ва болотар то панҷоҳсола онҳоро дар шумор овар, яъне онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.
  4. Ин аст кори қабилаҳои ҷершӯниён дар хизматгузорӣ ва боркашонӣ:
  5. Онҳо бояд ин чизҳоро бардоранд: пардаҳои маскан ва хаймаи ҷомеъ, болопӯши он ва болопӯше аз пӯсти тӯҳс, ки бар он аз боло мебошад, ва пардаи даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ,
  6. Ва пардаҳои саҳн ва пардаи даромадгоҳи дарвозаи саҳн, ки гирдогирди маскан ва қурбонгоҳ аст, ва танобҳои онҳо ва тамоми колои хизмати онҳо; ва ҳар кореро, ки бо ин чизҳо кардан лозим аст, онҳо бояд бикунанд.
  7. Тамоми хизмати банӣ-Ҷершӯн дар ҳар боркашонии онҳо ва дар ҳар кори онҳо бояд бо фармони Ҳорун ва писаронаш ба ҷо оварда шавад; ва нигаҳбонии ҳар бореро, ки онҳо мекашонанд, ба зиммаи онҳо бигузоред.
  8. Ҳамин аст хизмати қабилаҳои банӣ-Ҷершӯн дар хай-маи ҷомеъ; ва назорати онҳо дар дасти Итомор ибни Ҳоруни коҳин аст.

Воҷиботи банӣ-Марорӣ

  1. Банӣ-Марориро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадони онҳо дар шумор овар.
  2. Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки хизмати хаймаи ҷомеъро иҷро кунанд, дар шумор овар.
  3. Ва ин аст вазифаи боркашонии онҳо дар тамоми хизма-ташон дар хаймаи ҷомеъ: тахтаҳои маскан ва ғалақаҳояш ва сутунҳояш ва пояҳояш,
  4. Ва сутунҳои гирдогирди саҳн ва пояҳошон ва мехҳо-шон ва танобҳошон бо тамоми колояшон ва тамоми хизма-ташон; ва колоеро, ки онҳо бояд бардоранд, ном ба ном дар шумор оваред.
  5. Ҳамин аст кори қабилаҳои банӣ-Марорӣ дар тамоми хизматашон дар хаймаи ҷомеъ зери дасти Итомор ибни Ҳо-руни коҳин».
  6. Ва Мусо ва Ҳорун ва раисони ҷамоат банӣ-Қаҳотро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо дар шумор оварданд,
  7. Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.
  8. Ва дар шумор овардашудагони онҳо, бар ҳасби қабила-ҳои онҳо, ду ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ нафар буданд.
  9. Ҳаминҳоянд дар шумор овардашудагони қабилаҳои қа-ҳотиён, ҳамаи онҳое ки дар хаймаи ҷомеъ кор мекарданд, ки онҳоро Мусо ва Ҳорун мувофиқи амре ки Худованд ба воси-таи Мусо фармуда буд, дар шумор оварданд.
  10. Ва дар шумор овардашудагони банӣ-Ҷершӯн, бар ҳасби қабилаҳо, ва хонадонҳои онҳо,
  11. Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳое ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд, —
  12. Ва дар шумор овардашудагони онҳо бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо, ду ҳазору шашсаду сӣ нафар буданд.
  13. Ҳаминҳоянд дар шумор овардашудагони қабилаҳои ба-нӣ-Ҷершӯн, ҳамаи онҳое ки дар хаймаи ҷомеъ кор мекарданд, ки онҳоро Мусо ва Ҳорун мувофиқи амри Худованд дар шумор оварданд.
  14. Ва дар шумор овардашудагони қабилаҳои банӣ-Ма-рорӣ, бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо,
  15. Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳое ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд, —
  16. Ва дар шумор овардашудагони онҳо, бар ҳасби қабила-ҳои онҳо, се ҳазору дусад нафар буданд.
  17. Ҳаминҳоянд дар шумор овардашудагони қабилаҳои ба-нӣ-Марорӣ, ки онҳоро Мусо ва Ҳорун мувофиқи амри Ху-дованд, ки ба воситаи Мусо фармуда шуда буд, дар шумор оварданд.
  18. Ҳамаи дар шумор овардашудагоне ки Мусо ва Ҳорун ва раисони Исроил аз левизодагон бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо дар шумор оварданд,
  19. Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳое ки қобили хизматанд, то ки кори хизматрасонӣ ва кори борка-шониро дар хаймаи ҷомеъ иҷро кунанд, —
  20. Ва ҳамаи дар шумор овардашудагони онҳо ҳашт ҳа-зору панҷсаду ҳаштод нафар буданд.
  21. Бар тибқи амри Худованд ба воситаи Мусо ҳар яке аз онҳо ба хизматрасонӣ ва боркашонии худ таъин намуда ва дар шумор оварда шуданд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

© IBT 1992